Оила сохтори ибтидоии ҳар гуна ҷомеа ва зинаи аввалини ташаккули он ба шумор меравад. Пайдоиши оила, чунонки олимони бостоншинос ва мардумшинос исбот кардаанд, таърихи 10 – 12 ҳазорсоларо дар бар мегирад. Пайдоиш ва инкишофи ҷомеаҳои авлодӣ ҳамчун маҳсули асосии иқтисоди истеъмолӣ ба замони гузариш ба неолит (тахминан ҳазораҳои VII – VI то милод) рост меояд. Заминаи рушди тадриҷии ин ҷомеаҳоро муносибатҳои хешутабории якчанд насл ташкил медоданд, аз ин рӯ, ин сохти қадимаро сохти авлодӣ меномиданд. Бояд гуфт, ки маҳз дар замони неолит табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ пайдо шуда, онҳо ба вуҷуд омадан ва рушди муназзами синфҳо, давлат ва ҳуқуқро таъмин карданд.
Баъдан дар асрҳои ХVII – ХVIII, дар даврони авҷи ташаккули сохти сармоядорӣ, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба оила ҳамчун ниҳоди мустақили иҷтимоӣ хеле зиёд шуд. Мувофиқи ақидаи ҳуқуқшиносони ин давра, оила дар натиҷаи никоҳ ба вуҷуд меояд. Ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон дар никоҳ на аз ҷониби худашон, балки аз тарафи давлат муқаррар мешавад. То ибтидои асри XX ҳамсарон дар оила ҳуқуқи баробар надоштанд, танҳо шавҳар соҳибихтиёри корҳои оила ва ягона соҳибмулки амволи он ба шумор мерафт.
Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон афкори ҷомеа ба масъалаи оила тағйир ёфта, аз нигоҳи илми ҳуқуқ никоҳ ҳамчун шартномаи шаҳрвандони баробарҳуқуқ баррасӣ шуд. Акнун дар замони мо навъҳои гуногуни оилаҳоро ба мушоҳида гирифтан мумкин аст, ки дар натиҷаи никоҳҳои ба таври расмӣ бақайдгирифташуда ва бе қайди давлатӣ (никоҳҳои воқеӣ ё шаҳрвандӣ) ташкил шудаанд.
Дар сарзамини Шарқ, чунончи аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ маълум мешавад, ҳанӯз дар даврони Зардушт, тақрибан дар асри IX пеш аз милод, ба муносибатҳои мардону занон дар заминаи ҳуқуқ таваҷҷуҳ карда мешуд. Ташкили оила дар аҳди қадим кори муқаддас ҳисоб меёфт ва пойдории ахлоқу маънавиёти ҷомеаро ба устувории оилаҳо вобаста медонистанд. Чунончи, дар замони Сосониён, ки оини зардуштӣ дини давлатӣ маҳсуб мешуд, ихтиёран дохил шудан ба никоҳ шарти асосии бунёди оила ҳисоб меёфт. Масалан, дар Қонунномаи Сосониён сабт шуда буд, ки «инсон набояд духтари хешро зидди иродааш ба шавҳар диҳад». Синни расидан ба балоғат 15-солагӣ эътироф мешуд.
Бояд дар назар дошт, ки оиладор будан, пеш аз ҳама, маънои аз ҳуқуқу уҳдадориҳои оилавӣ бархӯрдор будани ҳар як шахс ва иҷро кардани онҳоро дорад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст ва вобаста ба мафҳуми он имрӯз назарияҳои гуногун ҷой доранд. Дар илми муосир мафҳуми оила ба ду маънои асосӣ: иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ба маънои иҷтимоӣ оила гуфта, доираи шахсонеро меноманд, ки бо бастани ақди никоҳ, хешутаборӣ, ба тарбияи оилавӣ гирифтани кӯдак асос ёфта, умумияти ҳаётӣ, манфиатҳо ва ғамхории тарафайнро ифода мекунад. Бо дарназардошти ин, оила ба маънои иҷтимоӣ на ҳама вақт маънои ҳамон оилаеро ифода мекунад, ки ба маънои ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, зеро оила ба маънои иҷтимоӣ ба муносибатҳои воқеӣ асос ёфта, доираи нисбатан васеъ дорад. Барои ин зарур аст, ки чунин иттифоқ дар сатҳи қонунгузории оилавӣ мустаҳкам карда шавад.
Оила ба маънои ҳуқуқӣ ҳамчун иттиҳоди шахсоне фаҳмида мешавад, ки онҳо бо ҳуқуқу уҳдадориҳои аз муносибатҳои никоҳӣ, хешутаборӣ, ба тарбияи оила гирифтани кӯдак, фарзандхонӣ ва монанди инҳо пайдошаванда пайванд мебошанд.
Вазифаҳои асосии оила ба вуҷуд овардани насли солим, тарбия, хоҷагидорӣ (иқтисод), маънавиёти ба ҳам созгори аъзои оила ва дастгирии моддию маънавии байниҳамдигарӣ мебошад.
Ҳуқуқи оилавӣ, ҳамчун соҳаи ҳуқуқ намуди муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ, муносибатҳои ҳуқуқи оилавиро ба танзим медарорад, ки онҳо вобаста ба далели бастани ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, фарзандхонӣ ва дигар муносибатҳои хешутаборӣ ба миён меоянд.
Ҳуқуқи оилавӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо соҳаҳои дигари ҳуқуқ фаъолият намуда, алоқамандии худро бо онҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин, ҳуқуқи оилавӣ дар навбати аввал бо ҳуқуқи конститутсионӣ робитаи мустаҳкам дорад, ки он ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро ба ташкили оила муқаррар намуда, дахлнопазирии ҳаёти онҳоро кафолат медиҳад. Дар баробари ин, ҳуқуқи конститутсионӣ асосҳои конститутсионии ҳуқуқи оила, аз ҷумла баробарҳуқуқии мард ва зан (моддаи 17), дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ (моддаи 23), озодона бастани ақди никоҳ, доштани ҳуқуқҳои баробар дар муносибатҳои оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ, манъ будани бисёрникоҳӣ (моддаи 33), таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак (моддаи 34) ва монанди инҳоро муқаррар мекунад.
Вазифаҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ аз ҳалли масъалаҳои зерин иборатанд.
а) мустаҳкам кардани оила, ки ба принсипҳои ахлоқии ҷомеа асос ёфтааст;
б) ташаккули муносибатҳои оилавӣ дар асоси иттиҳоди ихтиёрии ақди никоҳи зану мард, ҳиссиёти аз ғаразҳои мод- дӣ озоди ҳамсарон, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамаи аъзои оила;
в) муҳофизат кардани манфиати модару кӯдак ва таъмини ҳаёти хушбахтона ба ҳар як кӯдак;
г) дар муносибатҳои оилавӣ барҳам додани урфу одат ва расму оинҳои зарарнок;
ғ) парваридани эҳсоси баланди масъулият дар назди оила.
Моҳияти ин вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ мақсади сиёсати давлатро доир ба ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, саодатмандӣ ва хушбахтии ӯ ифода мекунад.
Реклама