§6.5. АСОСҲОИ ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ

Истеҳсолот барои устувории муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ ва бо кадрҳо таъмин будани соҳаҳои гуногун ҳавасманд мебошад, зеро ҷой иваз кардани кадрҳо ба иқтисоди миллӣ зарари калон мерасонад. Аз ин рӯ, қонунгузории меҳнатӣ ба ҳамаи кормандоне, ки фаъолияти худро дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба роҳ мемонанд, кафолати ҳуқуқии аз кор озод карданро муқаррар мекунад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатиро танҳо бо асосҳо ва тартиби дар қонун пешбинишуда бекор кардан мумкин аст. Асосҳо мувофиқи қонунгузории меҳнатӣ чунинанд: 1) бо созиши тарафҳо; 2) бо ташаббуси корманд; 3) бо ташаббуси корфармо; 4) бо гузаштани муҳлат; 5) ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд.

Бо ташаббуси корманд шартномаи (қарордоди) меҳнатии ба муҳлати номуайян басташударо бекор кардан мумкин аст. Кормандон ҳақ доранд ду ҳафта пештар корфарморо дар ин бора ба тариқи хаттӣ огоҳ кунанд, вале баъди гузаштани муҳлати номбаршуда корманд ҳақ дорад, ки корро қатъ созад. Корфармо уҳдадор аст, ки дафтарчаи меҳнатии кормандро дода, бо вай ҳисобро баробар кунад. Бо хоҳиш ва ризояти корфармо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба итмом расидани муҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар сурате ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ҳолати ғайриимкон будани идомаи кор вобаста мебошад, корфармо бояд шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар муҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад. Дар баробари ҳамин, корманд ҳуқуқ дорад, ки пеш аз гузаштани муҳлати дуҳафтаина аризаи худро бозпас гирад, агар ба ҷойи кори ӯ ба таври гузаронидан корманди дигар даъват нашуда бошад.

  • Бидуни огоҳии пешакӣ корманд метавонад шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар ин ҳолатҳо бекор кунад:

Вақте ки корфармо ҳангоми ба кор қабул кардан ба корманд доир ба шароити меҳнатӣ дар ҷойи кор маълумоти нодуруст дода бошад;

  • Агар корфармо бархилофи уҳдадории худ шароити солим ва бехатари корро барои корманд дар ҷойи кораш таъмин накунад.

Тавре мебинем, хоҳиши корманд дар бораи аз кор рафтан асоси бекор кардани шартномаи меҳнатӣ мегардад, вале ин қоида ба кормандон ва мутахассисони ҷавон дахл надорад. Зеро онҳо баъди хатми донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус дар асоси роҳхат уҳдадоранд дар корхона муҳлати муайян кор кунанд. Чунин талабот ба шахсоне низ дахл дорад, ки шартномаи меҳнатиро барои муҳлати муайян бастаанд.

Аз кор озод кардани корманд бо ташаббуси корфармо дар мавридҳои зерин мумкин аст:

  • Барҳам хӯрдани ташкилот; қатъ шудани фаъолияти соҳибкор; ихтисор шудани шумора ё штати кормандон.
  • Ошкор гардидани номувофиқии корманд ба вазифаи ишғолкардааш ё коре, ки иҷро мекунад, бо сабаби пурра мутобиқ набудани ихтисос ё вазъи саломатии ӯ, ки барои давом додани ҳамон кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад.
  • Бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои меҳнатиеро, ки бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, мунтазам иҷро накардани корманд, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ дода шуда бошанд.
  • Ҳозир набудан (аз ҷумла, дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар кор) бидуни сабабҳои узрнок.

Ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила, дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ бидуни ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомилагӣ ва таваллуди фарзанд, агар қонунгузорӣ муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Барои кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиро аз даст додаанд, то муқаррар шудани маъюбӣ ҷойи кор (вазифаашон) нигоҳ дошта мешавад.

  • Дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводди нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба кор.
  • Дуздидани молу мулки корфармо дар ҷойи кор, ки онро ҳукми қувваи қонуни пайдокардаи суд ё қарори мақоме, ки додани ҷазои маъмурӣ ба салоҳияти он дохил мешавад, муқаррар кардааст.
  • Қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо шахсони дар чанд ҷой коркунанда бинобар қабули корманди дигаре, ки дар чанд ҷой кор намекунад, инчунин, вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар чанд ҷой.
  • Қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳбари ташкилот бинобар иваз шудани молик.
  • Вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ доир ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовинони онҳо;
  • Аз ҷониби корманде, ки бевосита бо арзишҳои пулию молӣ сарукор дорад, содир гардидани амали гунаҳкоронае, ки боиси рафтани боварии корфармо нисбати ӯ мегардад.
  • Аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро мекунад, содир шудани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор сазовор намебошад.
  • Вайрон кардани тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор.

Аз кор холӣ кардани корманд дар асоси фармони (амри) корфармо ба расмият дароварда мешавад. Дар баробари ҳамин, корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дар рӯзи охирини кор дафтарчаи меҳнатиро супорад ва бо ӯ ҳисобӣ кунад.

Дар мавриди бо ташаббуси корфармо ғайриқонунӣ бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, корманд метавонад дар муддати як моҳ аз рӯзи баромадани фармон ё гирифтани дафтарчаи меҳнатӣ барои барқарор намудани ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намояд.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ инчунин, дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд, қатъ карда мешавад. Ба чунин ҳолатҳо дохил мешаванд: 1) ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд; 2) ҳангоми ба кор барқарор намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард; 3) ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд, ки дар асоси он корманд ба ҷазо маҳкум шудааст ва ин ҳолат давом додани кори пештараашро истисно мекунад; 4) бинобар вафот кардани корманд ё корфармо; 5) дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор. 6) ба охир расидани муҳлат.

Реклама