§12.1. НИЗОМИ СУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст. Дар қонуни конститутсионӣ зикр шудааст, ки Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе низо- ми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд (қисми 1 моддаи 3). Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили суди фавқулодаро манъ мекунад (қисми 5 моддаи 84).

Тибқи қонунгузории мавҷуда, Суди Олӣ нисбат ба судҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва судҳои ҳарбӣ дар масъалаи баррасии парвандаҳои маданӣ, ҷиноӣ, маъмурӣ ва Суди Олии иқтисодӣ доир ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ баррасӣ карда мешаванд, мақомоти олии судӣ эътироф шудаанд.

Вобаста ба тақсимоти кишвар ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, низоми судии мазкур (ғайр аз судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ) ба се зина тақсим мешаванд: судҳои шаҳрию ноҳи- явӣ (суди зинаи аввал ба шумор мераванд); суди ВМКБ, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе (суди зинаи дуюм); Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (суди зинаи сеюм).

Адолати судӣ ва принсипҳои ба амал баровардани он

Чунонки аз талаботи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионии марбут ба судҳо бармеояд, яке аз аломатҳои адолати судӣ аз он иборат аст, ки ғайр аз судҳо дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ адолати судиро амалӣ карда наметавонанд.

Адолати судӣ танҳо тавассути қонун бо роҳҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

  • баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳои конститутсионӣ;
  • баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳои маданӣ, ки ба ҳи-мояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, корхона ва ташкилоту муассисаҳо иртибот доранд;
  • баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳалли масъалаҳо доир ба гунаҳкор будани судшавандагон, татбиқи чораҳои ҷазои муқарраркардаи қонун нисбат ба ашхосе, ки дар содир кардани ҷиноят айбдоранд ва ё сафед кардани бегуноҳон;
  • баррасӣ ва ҳаллу фасли баҳсҳои иқтисодӣ;
  • баррасии парвандаҳо доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.

Тартиби баррасии ин парвандаҳоро қонунҳои мурофиавӣ танзим мекунад. Тартиби баррасии парвандаҳои конститутсионӣ дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда шудааст.

Адолати судӣ дар мавриди мурофиаи ҷиноятии судӣ раванди аз ҷониби суд дар асоси қонун ҳаматарафа, пурра ва объективона таҳқиқ кардани ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ бо мақсади муқаррар кардани ҳодисаи ҷиноят ва шахсони гунаҳкор дар содир кардани ҷиноят, ҳамчунин, татбиқ кардани ҷазои сазовор нисбат ба ҷинояткор мебошад.

Суд ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ маҷбуркунии давлатиро истифода мебарад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардани санадҳои судӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

Қонунгузории ҷиноятӣ барои аз ҷониби шахсони мансабдор қасдан иҷро нагардидани ҳалнома, ҳукм, таъинот ё қарори суд, ё барои монеъ шудан ба иҷрои онҳо ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст (моддаи 363 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Тамоми масъалаҳои вобаста ба амал баровардани адолати судӣ танҳо дар ҷаласаҳои судӣ ҳаллу фасл карда мешаванд. Тартиби мурофиаи судиро вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ мутобиқан кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ ва мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Мақсади қонунҳои мурофиавии мазкур ба даст овардани ҳақиқат ва адолат, асоснок будани санадҳои судии қабулшаванда, яъне асоси қонунӣ доштани онҳо мебошад. Бояд дар хотир дошт, ки адолати судӣ яке аз зуҳуроти ҳокимияти судӣ буда, натиҷаи фаъолияти танҳо суд доир ба баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳои конститутсионӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ мебошад.

Принсипҳои асосии адолати судӣ аз инҳо иборатанд: мутобиқи қонун ташкил кардани мурофиаи судӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ; мустақил будани судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат кардани онҳо; ба таври дастаҷамъӣ ва ё алоҳида баррасӣ шудани парвандаҳо; ба таври мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат гирифтани адолати судӣ; кафолати ҳифзи судӣ доштани ҳар шахс; аз тарафи суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ шудани парванда; эҳтимолияти бегуноҳӣ; таъмин намудани ҳуқуқи ҳимоя ба дастгиршуда, гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда ва сафедкардашуда; ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдида; ба таври ошкор доир шудани мурофиаи судӣ; забони мурофиаи судӣ; баробар будан дар назди қонун ва суд; иштироки намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаҳои шаҳрвандию меҳнатӣ дар суд.

Тартиби фаъолияти судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суди конститутсионӣ хусусияти ба худ хос дорад ва ба дигар судҳо монанд нест. Он ба хотири ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад ва мақоми болоӣ ва поёнии судӣ надорад. Тибқи Конститутсия (қисми 4 моддаи 89) ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсия иборат аст. Дар мавриди бо қарори Суди конститутсионӣ ғайриконститутсионӣ эътироф шудани баъзе меъёрҳои қонун, қувваи қонунии он аз байн меравад. Қарори суди мазкур дар ин хусус қатъӣ буда, аз ҷониби дигар, мақомоти давлатӣ баррасӣ карда намешавад. Суди конститутсионӣ, инчунин, баҳсҳои вобаста ба салоҳият байни мақомоти давлатиро баррасӣ мекунад.

Вобаста ба мақоми хос доштани Суди конститутсионӣ талаботи қонун нисбат ба номзадҳо барои судягӣ дар суди мазкур ҷиддитар аст: номзад бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад, синнаш аз 30-сола кам набошад, беш аз 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя будан барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад. Судяи Суди конститутсионӣ наметавонад вазифаи дигари бо музди кор вобастабударо иҷро кунад, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ё созмонҳои сиёсӣ бошад (ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ). Санадҳои ин суд аз қарор, хулоса ва таъинот иборатанд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати мо мақоми олии судӣ ба ҳисоб меравад ва аз болои фаъолияти судҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Хатлон, Хоруғ, суди ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо доир ба парвандаҳои маданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо қарордошта назорати судиро ба амал мебарорад. Мақоми олӣ доштани ин суд аз он иборат аст, ки вай нисбат ба судҳои вилоят ва шаҳру ноҳия, судҳои ҳарбии гарнизонҳо суди болоӣ ба шумор меравад ва асоснок будани санадҳои судии аз ҷониби судҳои поёнӣ қабулшударо муайян мекунад, яъне доир ба амалӣ шудани адолати судӣ назорати судӣ мебарад.

Суди Олӣ ваколати тағйир додан, ба қувваи қонунӣ монондани санади судӣ, бекор кардан ва баровардани санади судии дигарро доир ба тамоми парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва маъмурӣ дорад. Суди Олӣ инчунин, таҷрибаи судии судҳои поёниро муайян мекунад, яъне ҳуқуқи ба ин судҳо додани тавзеҳоти дастуриро дорад.

Мансабҳои раис, муовини раис ва судяҳои ин суд интихобӣ мебошанд. Ба вазифаҳои раис, муовини раис ва судяҳои Суди Олӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ буда, синнашон аз 30 сол кам набошад, ба ҳайси судя ҳадди ақал 5 сол собиқаи корӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя будан барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад. Номзадҳо ба вазифаи судяи Суди Олӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 10 сол интихоб карда мешаванд. Сохтори Суди Олӣ аз Пленум, Раёсат, коллегияҳои судӣ парвандаҳои маданӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ, парвандаҳои оилавӣ, парвандаҳои маъмурӣ ва Коллегияи ҳарбӣ иборат аст. Пленуми Суди Олӣ марҳалаи олии судӣ ба ҳисоб меравад.

Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди Олии иқтисодӣ, суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоятӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба низоми судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва онҳо адолати судиро дар соҳаи муносибатҳои хоҷагӣ ва иқтисодӣ ба амал мебароранд. Судҳои иқтисодӣ аз рӯйи салоҳияти худ аз дигар судҳо фарқ мекунанд, зеро онҳо баҳсҳои иқтисодиеро ҳал мекунанд, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ, маъмурӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ бармеоянд. Доираи субъектҳои ба судҳои иқтисодӣ муроҷиаткунанда муайян аст. Инҳо шахсони ҳуқуқӣ, ташкилоту ширкатҳо, ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон мебошанд. Мазмуни муроҷиати онҳо масъалаи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқи молумулкист.

Ғайр аз ин, судҳои иқтисодӣ дар доираи салоҳияти худ барои пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ вазифадор мебошанд.

Судҳои ҳарбӣ

Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қисмҳои ҳарбӣ адолати судиро ба амал мебароранд. Фарқи асосии судҳои ҳарбӣ аз дигар судҳо дар он аст, ки судҳои ҳарбӣ парвандаҳоро нисбат ба шахсони ҳарбӣ баррасӣ мекунанд.

Аз болои судҳои ҳарбӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати судӣ мебарад.

Судҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Хатлон, Хоруғ ва коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ба низоми судҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз ҷиҳати ҳайат ба суди шаҳру ноҳия монанд мебошанд. Судҳои ҳарбӣ салоҳияти баррасии парвандаҳои маданӣ ва ҷиноятиро доранд. Ин судҳо парвандаҳои зикршударо ҳамон вақт баррасӣ мекунанд, ки агар онҳо ба судҳои ҳарбӣ тобеияти идоравӣ дошта бошанд. Барои муайян кардани тобеияти идоравии парвандаҳои ҷиноятӣ мафҳумҳои хизмати ҳарбӣ ва ҳизматчии ҳарбӣ будан ё набудани ҷавобгарро донистан лозим аст. Шахсе хизматчии ҳарбӣ ҳисобида мешавад, ки ӯ дар хизмати ҳарбӣ қарор дошта бошад. Судҳои ҳарбӣ тамоми парвандаҳо доир ба ҷиноятҳои содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати афсарон, прапоршикҳо, сержантҳо, старшинаҳо ва сарбозони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳаддии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилию посбонӣ, қисмҳои милитсияи аз рӯйи даъват ташкилшудаи Вазорати корҳои дохилӣ, сохтмончиёни ҳарбӣ ва шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳиро баррасӣ мекунанд.

Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе

Судҳои номбаршуда баъд аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои судҳои шаҳриву ноҳиявӣ суди болоӣ ба ҳисоб мераванд. Судҳои вилоятӣ парвандаҳоро дар марҳалаи якум баррасӣ мекунанд. Ин судҳо, тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, дар ҳудуди вилоят ҳамчун суди зинаи якум парвандаҳо доир ба ҷиноятҳои одамкушӣ, таҷовуз ба номус, терроризм, генотсид, биотсид ва ғайраро баррасӣ мекунанд. Ҳайати судҳои вилоятӣ аз раис, муовини якум, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат аст.

Судҳои шаҳр ва ноҳия

Судҳои шаҳр ва ноҳия дар низоми судии мамлакат мавқеи асосӣ доранд. Онҳо суди зинаи якум буда, парвандаҳоро танҳо ба ҳайси суди марҳалаи якум моҳиятан баррасӣ мекунанд. Мувофиқи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ дар бораи судҳо, шахсе ба вазифаи судяи суди шаҳр ва ноҳия таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25-сола кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кори касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя барои занон 58 ва барои мардон 63 мебошад.

Судяҳои суди шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон таъин мекунад. Хоста гирифтан ва пешниҳод намудани номзадҳо ба вазифаи судяҳои суди шаҳр ва ноҳия ба зиммаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Шахсоне, ки бори аввал ба вазифаи судя пешбарӣ мешаванд, чун қоида, бо пешниҳоди комиссияи имтиҳонии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати як сол ба ҳайси коромӯз – судя фаъолият мекунанд.

Танҳо баъд аз ба сифати коромӯз – судя як сол фаъолият кардан номзадҳо ба вазифаи судяи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пешбарӣ шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъин карда мешаванд ва соҳиби ваколати судя мегарданд.

Ҳайати суди шаҳру ноҳия яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Мувофиқи қонунгузорӣ, ҳайати суди шаҳр ва ноҳия аз раиси суд, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ иборат ҳастанд. Ҳоло дар кишвар 69 суди шаҳриву ноҳиявӣ амал мекунанд, ки қисме якҳайата ва қисми дигар бисёрҳайата мебошанд. Ин ҳолат аз шумораи аҳолӣ ва шумораи корҳо дар суд вобастагӣ дорад. Дар судҳои шаҳру ноҳияҳое, ки таркибашон аз 5 ва бештар судяҳо иборатанд, вазифаи муовини раиси суд муқаррар карда шудааст. Сарфи назар аз ҳайати суд, ба ҳар судя 20 машваратчии халқӣ интихоб мешавад.

Реклама