§7.2. ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶОРАВӢ

Иҷора шакли муҳимми танзими муносибатҳои кишоварзӣ ба шумор меравад. Вай ҳавасмандии кишоварзонро ба натиҷаи ниҳоии кор зиёд намуда, ҳосилнокии меҳнат ва масъулияти онҳоро баланд мебардорад. Муносибатҳои иҷоравӣ дар асоси Кодекси замин, Кодекси маданӣ ба танзим дароварда мешавад. Иҷора шакли махсуси хоҷагидорӣ буда, мувофиқи он молу мулк, замин ва дигар захираҳои табиӣ ба муҳлати муайян ва музднок дар асоси шартнома барои дар ихтиёр доштан ва истифодабарӣ гирифта мешавад.

Тибқи шартномаи иҷора, иҷорадеҳ мувофиқи шартномаи иҷораи қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ уҳдадор мешавад ба иҷорагир барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти кишоварзӣ муваққатан қитъаи замини муайяншударо барои истифодабарии мақсаднок ва музднок супорад ва иҷорагир уҳдадор мешавад онро тибқи таъинот истифода барад, маблағи пули иҷораро пардохт кунад ва баъди хотимаёбии муҳлати иҷора қитъаи заминро ба иҷорагир баргардонад (моддаи 732 Кодекси маданӣ). Дар соҳаи кишоварзӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ҳуқуқ дорад заминро ба иҷора диҳад. Ҳамзамон, замин истифодабарандагони якумдараҷа ва дуюмдараҷа, яъне шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва ё меросии заминро доранд ё қитъаи заминро дар асоси шартнома истифода мебаранд, ба иҷора диҳанд.

Дар соҳаи кишоварзӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷорагир буда метавонанд. Муносибати байни иҷорадеҳ ва иҷорагир дар асоси шартнома ба танзим дароварда мешавад. Он ихтиёран ва дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо баста мешавад. Шартномаи иҷораи замин бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Муҳлати ҳадди ақалли шартномаи иҷораи замин аз як навбати майдони киштгардон камтар буда наметавонад. Ҳамзамон, шартномаи иҷораи қитъаи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин баста мешавад.

Тарафҳои шартномаи иҷорадеҳ ва иҷорагир дорои уҳдадориҳои муайян мебошанд. Иҷорадеҳ уҳдадор аст замини таъиноти кишоварзиро ба иҷорагир дар ҳолате супорад, ки он барои таъиноти дар шартнома пешбинишуда мутобиқ бошад. Ҳамзамон, иҷорадеҳ уҳдадор аст чорабиниҳоро доир ба фароҳам овардани шароити зарурӣ (обрасонӣ, ҳосилхез кардани хок, роҳсозӣ ва таъмини он ва ғайраро) бо мақсади истифодаи самарабахши замини ба иҷора додашуда амалӣ кунад ё ба иҷорагир ҳангоми бо талаби иҷорадеҳ пеш аз муҳлат қатъ гардидани шартномаи иҷора, хароҷоти анҷомдодаи ӯро доир ба арзиши ҳосили ҳанӯз ғундоштанашуда диҳад. Инчунин, дигар хароҷоти заруриро, ки дар замини иҷоравӣ бо ризояти иҷорагир сарф шудааст, ҷуброн кунад.

Иҷорагир уҳдадор аст заминро аз рӯйи таъиноташ истифода барад, заминро бе истифода нагузорад, барои беҳтар намудани ҳолати замин чораҳо андешад, ҳаққи иҷораро сари вақт пардозад ва баъди ба анҷом расидани муҳлати иҷора заминро дар ҳолати даркорӣ баргардонад.

Баъди ба охир расидани муҳлати шартнома иҷорагир ҳуқуқи аз нав барқарор кардани шартномаро дорад. Дар сурати набудани аризаи яке аз тарафҳо дар бораи қатъ кардан ё тағйир додани шартнома, он ба ҳамон шартҳое, ки дар шартномаи пешина пешбинӣ шуда буд, дароз карда мешавад. Фаъолияти иҷоравӣ бо ризояти тарафҳо ҳангоми ба охир расидани муҳлати амали шартнома, вафоти иҷоракор ва набудани ворисони ӯ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам хӯрдани заминистифодабарандаи якумдараҷа, мунтазам насупоридани иҷорапулӣ ва вайрон кардани дигар шартҳои шартнома, мувофиқи мақсад истифода набурдани замин, истифода бурдани қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилнокии замин, заҳролудшавии он бо маводди кимиёӣ ва маводди дигар, ки боиси бад шудани вазъи муҳити зист мегардад, дар давоми як сол истифода набурдани қитъаи замин ва ҳолатҳои дигар, қатъ мегардад.

Умуман, муносибатҳои иҷоравӣ ваколати хоҷагидории иҷорагиронро хеле васеъ карда, нақши онҳоро дар фаъолияти хоҷагидорӣ баланд мебардорад.

Реклама