§14.1. АҲАММИЯТ ВА МАҚСАДИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК»

Таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия, рушд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон заминаи ояндаи дурахшони ҳар халқу миллат мебошад. Ҷараёни имрӯзаи зиндагӣ тақозо менамояд, ки ҳар як фарди ҷомеа чун шахси босаводу бофарҳанг, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу худшинос, меҳнатдӯсту бовиҷдон ва баодобу нексиришт ба камол расад.

Чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан, вазифаи муқаддаси мо ба камол расонидани насли ҳаматарафа солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад[2]. Таълиму тарбияи кӯдак, ки масъалаи мубрами рӯз аст, дар гузашта низ дар мадди назари аҳли ҷомеа, бахусус мутафаккирону хирадмандон қарор дошт. Зеро тарбия ва таълими насли наврас дар ҳама давру замон раванди ниҳоят масъулиятнок ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли ояндаи ҷомеа аз сифати он вобаста аст.

Аз ин лиҳоз, аҳаммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак»[3], (дар таҳрири нав) ки масъулияти падару модар ва шахсони ивазкунандаи онҳоро дар таълиму тарбияи кӯдакон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон пурзӯр менамояд, ниҳоят муҳим мебошад.

Дар ин масъала нақши падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, муассисаи таълимӣ ва омӯзгор асосӣ ва ҳалкунанда аст. Зеро падару модар, омӯзгорон, шахсони онҳоро ивазкунанда муассисаи таълимӣ вазифадоранд, ки кӯдакро ҳамчун инсони комил тарбия карда, пеш аз ҳама, ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии ӯ аҳаммияти махсус зоҳир намоянд, барои соҳибмаълумот ва соҳибкасб шуданаш кумак карда, ӯро ба ҳаёти мустақилона омода созанд.

Бояд гуфт, ки зарурати қабули ҳар як қонунро шароит ва эҳтиёҷот ба танзими муносибатҳои ҷамъиятии мавҷуда талаб менамояд. Қабули қонуни мазкурро низ шароити бавуҷудомада ва эҳсоси масъулияти аҳли ҷомеа бо сарварии Роҳбари давлат нисбат ба тақдири насли наврас ва ояндаи миллат тақозо намудааст.

Бинобар ин, қабули санади ҳуқуқии мазкур барои ояндаи ҷомеаи мо нақши ҳалкунанда бозида, ба тарбияи шахсоне мусоидат хохад кард, ки дар оянда мо бо онҳо ифтихор хоҳем кард. Зеро танҳо кӯдакони соҳибмаърифату соҳибкасб ва худогоҳу миллатдӯст метавонанд дар бунёди давлати миллӣ саҳмгузор бошанд.

Тарбияи ифтихори ватандорӣ дар қалби кӯдакон маҳз дар давраи истиқлолият ҳамчун яке аз шартҳои асосии пойдории давлат ва миллати тоҷик эътироф гардид. Ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ аз иродаи қавии падару модар вобаста аст. Дуруст тарбия намудани кӯдакон дар ин руҳия барои ояндаи нек замина мегузорад. Агар ба таърих рӯ оварем, бузургтарин дастовардҳо маҳз дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ба даст омадаанд.

Яке аз беҳтарин усулҳои тарбияи кӯдакон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ин рафтори намунавии худи падару модар ва омӯзгорон мебошад. Ҷалб намудани диққати кӯдакон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба ташаккули ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Мутаассифона, баъзан ҷинояткорон ҳиссиёти мардум, махсусан, ҷавононро истифода бурда, ба ҷомеа зарар мерасонанд. Барои он, ки дар тафаккури кӯдакон ақидаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфӣ устувор бошанд ва ба онҳо муқовимат карда тавонанд.

Қабули қонуни мазкур барои идомаи анъанаҳои неки мардуми тоҷик оид ба тарбияи кӯдакон дар руҳияи поктинатӣ, ватанпарварӣ, башардӯстию инсонпарварӣ нақши ҳалкунанда дорад. Меъёрҳои он пурра ифодакунандаи хусусиятҳои хосси расму оин ва анъанаҳои миллии мо мебошанд. Ба назар гирифтани чунин хусусиятҳо ба амалишавии мақсадҳои умумимиллӣ ва такомули ояндаи давлатдории мо мусоидат намуда, барои кӯдакони мо, шароити мусоиди рушдро фароҳам меоварад ва ҳуқуқу манфиатҳоро ҳимоя менамояд. Зеро эҳёи анъанаҳои миллӣ ва истифодаи васеи онҳо дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон барои баланд бардоштани масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва ширкати фаъолонаи онҳо ба рушду нумуи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мусоидат менамояд. Алҳол, ки мо дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд- ро гузоштаем, расидан ба ин ҳадафи олӣ масъулияти доимии падару модар, омӯзгор ва аҳли ҷомеаро талаб менамояд, зеро пешрафти минбаъдаи давлату ҷомеа бе таълиму тарбияи дурусти насли наврас ғайриимкон аст. Масъулияти падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа чӣ тавре, ки дар Қонуни мазкур баён шудааст ба принсипҳои эҳтироми кӯдак ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, қонуният, адолат, инсондӯстӣ, муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбия, инчунин, ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак бояд асос ёбад (м.4 ).

Падару модар шахсоне мебошанд, ки бо кӯдак пайванди хунӣ дошта, ӯро ба дунё овардаанд. Баъзе ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки бо ягон сабаб падару модарро шахсони дигар иваз мекунанд (масалан, ҳангоми ятим мондани кӯдак ё муваққатан таҳти таълиму тарбияи шахси дигар будани кӯдак ва ғ). Дар сархатти 7 моддаи 1 қонуни мазкур номгӯйи шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, номбар шудааст: 1) васӣ; 2) парастор; 3) шахсоне, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунанд; 4) намояндагони қонунии онҳо; 5) шахсони воқеии муассисаҳо ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад.

Васоят барои ноболиғони то синни чордаҳсола ва парасторӣ барои ноболиғони аз чаҳордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад (моддаи 147 Кодекси оила). Ба сифати васӣ ва парастор танҳо шахсони болиғи қобили амал таъин шуда метавонанд.

Кӯдакон дар асоси шартнома низ бо назорат фаро гирифта шуданашон мумкин аст. Шахсони тибқи шартнома уҳдадории дар вақти муайян назорат кардани кӯдакро базиммагирифта на танҳо барои таълиму тарбияи кӯдак масъул мебошанд, балки ба оқибатҳои рафтори кӯдакон низ ҷавобгаранд.

Ба сифати намояндагони қонунӣ падару модар, васию парастор, фарзандхондагон ва намояндаҳои ташкилоту муассисаҳое баромад карда метавонанд, ки кӯдакон таҳти васояту парастории онҳо қарор доранд.

Барои таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин, муассисаҳое масъул мебошанд, ки кӯдакон дар таълиму тарбияи онҳо қарор доранд. Муассисаҳои таълимгоҳ шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки раванди таълимро ба роҳ мемонанд.

Нақши ҷомеа дар таъсир расонидан ба шууру равони кӯдак муассир буда, ба бисёр ҷиҳатҳои ахлоқӣ, равонӣ ва маънавии кӯдакон таъсири бағоят калон мерасонад. Ин аст, ки кӯдак ҳангоми пайвастан ба ҷомеа кӯшиш менамояд, ки худро аҳли ҷомеа нишон дода, рафтору гуфтор ва ҳатто кирдори худро ба аҳли ҷомеа монанд намояд, ки ин ҳолатҳо метавонанд ҳам мусбат бошанд ва ҳам манфӣ.

Дар Қонуни мазкур кӯдак ҳамчун шахсе, ки ба балоғат нарасидааст, маънидод карда мешавад. Аломати асосие, ки онҳоро аз калонсол фарқ мекунонад, нарасидан ба синну соли муқарраршуда (18-сола) мебошад.

Таълим раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак мебошад (сархатти 6 м.1 қонун). Дар таърифи таълим хусусиятҳои зерин ба назар мерасанд:

  1. Раванди фаъолияти якҷояи падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ мебошад.
  2. Чунин фаъолият барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак равона карда шудааст.

Таълим дар доираи муассисаи таълимӣ бо фаъолияти омӯзгор ва кӯшиши кӯдак маҳдуд намегардад. Моҳияти таълим дар он ифода мегардад, ки дар ҷараёни он падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои гирифтани дониш, ҳосил кардани маҳорату малака, инкишофи тафаккури мустақил ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак фаъолияти мақсадноку алоқамандро ба роҳ монанд.

Тарбия раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад (сархатти 5. м. 4 Қонун). Ҳамин тавр, тарбия тибқи моддаи зикршуда дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

  1. Раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак.
  2. Тарбия аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа анҷом дода мешавад.
  3. Дар натиҷаи тарбия кӯдак ба зиндагии мустақилона омода карда мешавад.

Тарбия ҳамчун раванди мақсаднок падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Тарбия дар оила, муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, инчунин, аз ҷониби ҷомеа анҷом дода мешавад. Мақсаду вазифаҳои тарбия аз ҷумла тарбияи ҳисси миллӣ, ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад. Мафҳуми “тарбия” ба ду маънӣ: васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Ба маънии васеъ раванди мақсадноки ташаккули кӯдак ва тайёр намудани ӯ барои фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъиятӣ ва маданию фарҳангӣ мебошад. Бинобар ин, тарбия чорабиниҳои тарбиявиро дар оила, мактаб, ташкилотҳои ноболиғон ва ҷавонон ва ҷомеа фаро мегирад. Тарбия ба маънои васеъ, инчунин, таълим ва омӯзишро дар бар мегирад. Ба маънии маҳдуд тарбия ташаккули ҷаҳонбинӣ, симои маънавӣ, дарки зебоипарастӣ ва ҷисмониро ифода менамояд. Тарбия бо таълиму омӯзиш дар алоқамандии зич қарор дошта, дар раванди он на танҳо дониш андухта мешавад, балки ақида, сифатҳои маънавӣ ва хислатҳои наҷиби инсонии кӯдак ташаккул меёбанд.

Реклама