§4.3. ҶАВОБГАРИИ АНДОЗСУПОРАНДАГОН БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ОНҲО

Андозсупорандагон вазифадоранд, ки уҳдадориҳои худ- ро доир ба супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ мустақилона иҷро кунанд, вале онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ мумкин аст ба ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ роҳ диҳанд.

Ҳуқуқвайронкунии андоз ин кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии андозсупорандагон (агентҳои андоз) ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин, шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор мебошад, ки ба иҷро нашудан ё ба таври дахлдор иҷро нашудани талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст, оварда расонидааст (моддаи 157 Кодекси андоз). Барои вайрон кардани қонунгузории андоз ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноятӣ, интизомӣ ва маданӣ пешбинӣ шудааст. Ба ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз мумкин аст андозсупорандагон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), ғункунандагони андоз (соҳибкори инфиродӣ ва ташкилотҳо), ташкилотҳои қарзие, ки барои ба буҷет гузаронидани андоз масъул мебошанд, кашида шаванд. Шахси воқеӣ (шаҳрванд)-ро аз синни 16-солагӣ ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст. Шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест, агар аз рӯзи содир кардан ё аз рӯзи дигари баъди ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он чунин ҳуқуқвайронкунии андоз содир шуда буд, муҳлати даъво аз панҷ сол гузашта бошад (м. 123 Кодекси андози ҶТ).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайронкунии ҳуқуқи андоз дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд: агар эъломияи андозро саривақт пешниҳод накунанд; маблағҳои андозро кам нишон диҳанд; қоидаҳои пардохти андозро вайрон кунанд, ба гузаронидани санҷиши андоз монеъ шаванд; ба даромадани шахси мансабдори мақоми андоз ба ҳудуди корхона ё бино ғайриқонунӣ монеъ шаванд; тартиби нигоҳдорӣ, истифода ва ихтиёрдории молумулкие, ки мақомоти андоз ба ҳабс гирифтаанд, риоя накунанд; аз тарафи бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ саривақт гузаронида нашудани маблағи андозҳо аз рӯйи супоришномаҳои пардохти андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд, гузаронида нашаванд ва ғайра.

Шахсони воқеӣ барои содир намудани ҷиноят дар соҳаи қонунгузории андоз тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани вазифаҳояшон, риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ доир ба сирри давлатӣ, хизматӣ, андоз, тиҷоратӣ ва сирри пасандозҳо, суиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар амалҳои хилофи қонун ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ҳамзамон, зараре, ки ба андозсупоранда дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти андоз расонида шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мадани Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида мешавад.

Андозсупорандагоне, ки санади санҷиши андоз, маблағи ҳисобшудаи андоз, ҷарима ва фоизҳои он, инчунин, дигар қарорҳои мақомоти андозро мавриди баҳс қарор додаанд, метавонанд аз болои мақомоти андозе, ки қарорҳои дахлдорро қабул кардаанд, ба мақомоти болоии андоз, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё ба суд дар хусуси аз нав дида баромадани онҳо бо ариза (шикоят) муроҷиат кунанд. Пешниҳоди ариза (шикоят) ба ҳама гуна мақомоти андоз ҳуқуқи андозсупорандаро барои дар як вақт ё минбаъд пешниҳод намудани чунин ариза ба мақомоти андози болоӣ ё суд истисно намекунад. Шикоят аз болои санади санҷиши андоз, ҳисоб намудани маблағҳои андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин, дигар қарорҳои мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани санадҳо, дигар қарор ё қабул накардани қарор вобаста ба моҳияти шикояти ӯ дар ҳамон муҳлат пешниҳод карда мешавад. Шикоят бояд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда шавад. Доир ба шикоят қарор қабул карда шуда, дар бораи қарори қабулкардашуда мақомоти андоз шахси шикояткардаро дар шакли хаттӣ дар муҳлати на бештар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани шикоят огоҳ мекунанд. Ҳамзамон, то ба охир расидани баррасии ариза (шикоят) доир ба ҳисобкунии маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин, дигар қарорҳо, ки ба мақомоти андоз ё суд пешниҳод шудаанд, танҳо он қисми уҳдадориҳои андоз бояд пардохта ва ситонида шавад, ки аз ҷониби андозсупоранда таҳти баҳс қарор нагирифтааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Андоз чист?
  2. Хусусиятҳои андозро номбар кунед?
  3. Навъҳои андозро кадомҳоянд?
  4. Функсияҳои андоз кадомҳоянд?
  5. Принсипҳои асосии ҳуқуқи андоз номбар кунед?
  6. Дар бораи муносибатҳои ҳуқуқи андоз ва хусусиятҳои он маълумот диҳед.
  7. Ҳуқуқҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи андоз кадомҳоянд?
  8. Уҳдадориҳои андозсупорандагонро номбар кунед.
  9. Дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти андоз маълумот диҳед.
  10. Ҷавобгарии андозсупорандагонро шарҳ диҳед.

Реклама