§12.6. САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ ВА САЛОҲИЯТИ МИЛИТСИЯ

Милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва таҳқиқу тафтишот ба шумор рафта, вазифаи асосии он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳост. Милитсия ба сохтори мақомоти корҳои дохилӣ шомил буда, ба Вазора- ти корҳои дохилӣ итоат мекунад. Самти асосии фаъолияти милитсия тибқи моддаи 5 Қонун «Дар бораи милитсия» (аз 17-уми майи соли 2004), ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ мебошад. Самтҳои ди- гари кори милитсия аз пешгирӣ кардан ва бартараф наму- дани ҷинояткориҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятиву давлатӣ, таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ошкор намудан ва таҳқиқу тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯйи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, ҳимо- яи ҳама гуна шаклҳои моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин, татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ иборат аст.

Муҳимтарин вазифаи милитсия ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳое мебошад, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид мекунанд. Бо ин мақсад кормандони милитсия амалиёти оперативӣ ҷустуҷӯйӣ гузаронида, тартиботи қонуниро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин мекунанд. Қабул намудани аризаву хабар ва маълумоти дигар дар хусуси ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи шаҳрвандон, ба қайд гирифтани онҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ доир ба онҳо, аз ҷумлаи вазифаҳои ҳамарӯзаи милитсия ба шумор меравад.

Милитсия ҳуқуқ дорад, ки аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор низ риоя кардани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдореро, ки ба татбиқи ваколатҳои милитсия монеа мешаванд, талаб кунад ва дар сурати иҷро нагардидани ин талабот, мувофиқи қонун аз чораҳои маҷбуркунӣ истифода кунад. Кормандони милитсия ҳақ доранд, ки аз шахсони дар содир намудани ҷиноят ва ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ гумонбаршуда ҳуҷҷат талаб карда, онҳоро санҷанд, нисбат ба шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб диҳанд ва мувофиқи талаботи қонун тадбирҳои лозимаро анҷом диҳанд. Инчунин, кормандони милитсия ҳуқуқ доранд, ки бо зарурати пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси гумонбаршуда дар содир намудани ҷиноят ва вазъи фавқулодаи ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдидкунанда ба хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои корхонаву муассисаҳо ва қитъаҳои замини шахсони алоҳида, ба истиснои намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагии созмонҳои байналмилалӣ дохил шаванд ва чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ гузаронанд, аммо дар ин ҳолат онҳо вазифадор мешаванд, ки дар муддати 24 соат аз ин гуна амалиёт ба прокурор хабар диҳанд. Инчунин, аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳуҷҷатҳои дорои аломатҳои сохтакорӣ, молу мавод ва моддаҳои дар муомилоти шаҳрвандӣ манъбуда ва моликияти бесоҳибро нигоҳ доранд ва бо тартиби муқарраркардаи қонун мансубияти минбаъдаи онҳоро ҳал кунанд.

Дар ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин, бо мақсади пурзӯр намудани мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, сохторҳои гуногун, аз қабили бригадаҳои махсус ва қӯшунҳои дохилӣ созмон дода шудаанд, ки вазифаҳои хизматӣ-муҳорибавиро иҷро менамоянд. Дар давраи ҷанг сохторҳои номбурда захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунанд.

Дар назар доштан лозим аст, ки расонидани кумаки саривақтӣ ва беғаразона ба кормандони милитсия ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматии онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар ба шумор меравад. Бо иҷрои ин амал, ҳар шахс, сарфи назар аз синну солаш, метавонад дар пешгирии ҷинояткорӣ ва пойдории тартиботи ҷамъиятӣ саҳми муносиб гузорад.

Реклама