§10.2. ТАВСИФИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТӢ

Аз нигоҳи назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни ҷиноятӣ ягона сарчашмаи меъёрҳои ҷиноятиву ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Қонунгузории ҷиноятии амалкунандаро дар айни замон Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21-уми майи соли 1998) ташкил медиҳад.

Кодекси ҷиноятӣ санади бонизоми қонунгузорӣ буда, қабл аз ҳама, асосҳо ва принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар мекунад, кирдорҳои ба шахсияту ҷомеа ва давлат хавфнок ва ҳамчун ҷиноят эътирофшавандаро муайян намуда, навъҳои ҷазо ва чораҳои дигари хусусияти ҳуқуқи ҷиноятидоштаро муқаррар месозад.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисмҳои умумӣ ва махсус иборат аст. Дар қисми умумӣ вазифа ва принсипҳои қонуни ҷиноятӣ, асосҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ (боби 1), амали қонуни ҷиноятӣ дар замону макон (боби 2) инъикос шудаанд. Махсусан, дар фасли 2 мафҳум ва навъҳои ҷиноят, ашхосе, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, дар бораи гуноҳ, ҷиноятҳои нотамом ва хотимаёфта, ҳолатҳое, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунанд, мушаххас шудаанд.

Дар фасли 2 боби 3 мафҳум ва навъҳои ҷазо ва таъини ҷазо муқаррар гардидаанд. Дар фасли минбаъда ҳолатҳои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, озод кардан аз ҷазо, масъалаҳои афв, бахшиши ҷазо, доғи судӣ ва сафедкунӣ, дар фасли 5 хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазодиҳии ноболиғон маънидод шудаанд. Фасли 6 мақсад, асоси таъин кардан ва тартиби татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ мебошад.

Ҳамин тавр, қисми умумии Кодекси ҷиноятӣ ба масъалаҳои умумии ҳуқуқи ҷиноятӣ дахл дорад. Қисми махсус ҷиноятҳоро ба таври мушаххас муайян карда, барои содир намудани ҳар яке аз онҳо ҷазои муайянро муқаррар мекунад. Бояд зикр кард, ки меъёрҳои ҳар ду қисми Кодекси ҷиноятӣ якдигарро пурра месозанд. Меъёрҳои қисми умумӣ асосҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсро муайян мекунанд ва дар қисми махсус таркибҳои ҷиноятӣ мушаххас нишон дода шудаанд.

Дар фасли 7 ҷиноятҳо ба муқобили шахсият дарҷ ёфтаанд. Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрванд, оила ва ноболиғон дохил карда шудаанд.

Дар фасли 8, ки «Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ» унвон дорад, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ, бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёт гирд оварда шудаанд.

Дар фасли 9 ҷиноятҳои амнияти экологӣ ва муҳити зист зикр шудаанд.

Фасли 10 ҷиноятҳоро ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ дар бар мегирад. Дар фасли 11 силсилаи ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт, алалхусус, ҷиноятҳои ба муқобили моликият ва ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ мушаххас шудаанд.

Фасли 12 ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотиро дар бар мегирад.

Дар фасли 13 ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ зикр шудаанд, ки онҳо иборат аз ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, тартиботи идора ва адолати судиро фаро гирифтаанд. Фасли 14 табсираи ҷиноятҳоро ба муқобили хизмати ҳарбӣ дар бар мегирад. Дар фасли охирин, яъне фасли 15 ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният зикр шудаанд.

Реклама