Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи воқеан бемислу хотирмон мебошад. Қонун 24 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда, 8 июни соли 2007 қабул гардидааст. Бо хоҳиши мардум ва ташаббуси Роҳбари давлат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 августи соли 2017 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ – анъана ва маросими миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати мардум амали бениҳоят хайреро анҷом дод. Дар ин раванд, бо сабаби рушд ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва зарурати такмил додани муқарраротҳои меъёрии Қонуни зикргардида лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида, 20 июни соли 2024 қабул карда шуд.
То қабули қонун вазъи гузаронидани маросими мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби авҷ гирифтани зоҳирпарастӣ баъзе ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросими динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.
Мардум ба тақлидкорӣ, худнамоӣ ва дигар эҳсосот фурӯ рафта, ба манфиатҳои шахсию оилавӣ ва буҷети хонаводагии худ зарар мерасонданд. Чӣ тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «... зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.» (Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросими миллӣ, Душанбе, 24 майи соли 2007).
Мардуми Тоҷикистон ба кашидани бори хароҷоти беҳуда машғул шуда, аз тарбияи фарзандони худ, яъне шахсоне, ки саодатмандии давлату миллат дар оянда аз онҳо вобастагӣ дорад, дур гашт. Ҳамин тавр, баргузории ҷашну маросим бо исрофкорию тақлидкорӣ ба омиле табдил меёфт, ки ба афзоиши камбизоатӣ мусоидат мекард. Зеро таҳлилҳо собит сохтанд, ки исрофкорӣ сарчашмаи аслии касодии иқтисодист.
Аз ин рӯ, Роҳбари давлат барои пешгирии роҳи ин «беморие», ки асосан аз расму оин ва анъанаҳои мардумӣ ва динӣ маншаъ мегирифт, фикр ва андешаи солими аҳли зиё, руҳониён ва мардумро гирифта, барои ҳалли ҳуқуқии ин проблемаи умумӣ роҳи халосӣ омода намуданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2016) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар омӯзиши ҳатмии ин қонунро таъкид доштанд. Табиист, ки чунин қонуни воқеан миллӣ, ки барои ҳар як оилаи Тоҷикистон дастурамали баргузорӣ ва риояи анъана ва маросими миллӣ мебошад, ба фаҳмонда додан ва шарҳи муфассал зарурат дорад. Дар бораи тафсири пурраи қонуни мазкур шумо, хонандагони азиз, метавонед аз китоби муаллиф, ки якҷо бо профессор А. Холиқзода таълиф шудааст, маълумоти пурра пайдо намоед[1].
Қонуни мазкур бо тақозои таъмини рушди ҷомеаи имрӯза ва бо дарназардошти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул шудааст. Барои он ки рушди ҷомеа ба маҷрои дуруст ворид шавад ва мардум аз душворию монеаҳои сунъӣ озод шаванд, давлат чораи зарурии ҳуқуқӣ пешбинӣ намуд.
Зарурати қабули қонун пеш аз ҳама, бо мақсади гирифтани пеши роҳи афзоиши сатҳи камбизоатӣ ба миён омад. Барои ин решакан намудани омилҳое, ки ба камбизоатӣ мусоидат мекунанд, зарур буд. Яке аз чунин омил ва зуҳурот исрофкорию хароҷоти зиёди мардум дар маъракаороиҳо аст. Чунин исрофкориҳо дар Тоҷикистон маҳз ҳангоми баргузории ҷашну маросим ва анъанаҳои мардумӣ ба назар мерасид. Тартибу усули гузаронидани маросими дафну азодорӣ ва барпо намудани тӯйҳои мо бори гароне болои мардуми камбизоат гардида буд. Мардум маъракаҳоро одатан ба сахтӣ ва вазниниҳои молӣ гузаронида, муддатҳо барои баргардонидани қарз ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда, шароити зиндагӣ ва тарбияи фарзандонро мушкил мегардонданд.
Зимни таҳияи қонуни миллӣ гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо телефонҳои боварӣ ва сомонаи интернетӣ бо мардуми Тоҷикистон пайваста дар тамос буд, бештар аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳо қабул намуд, ки ҳамагӣ ба дастгирии сиёсати Президенти кишвар дар масъалаи танзими расму оин ва ҷашну маъракаҳо бахшида шуда буданд.
Ҳамин тавр, қабули қонуни мазкур барои бартараф намудани чунин омилҳои номатлуб, ки садди роҳи рушди ҷомеа гардида буданд, равона шудааст:
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми Тоҷикистон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Дар моддаи 2 доираи амали қонун муайян шудааст. “Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, татбиқ мегардад.
Намояндагони миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонуни мазкур пешбинишударо бо риояи муқаррароти ҳамин Қонун мегузаронанд.
Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, бояд талаботи қонунро риоя кунанд. Доираи амали қонун нисбат ба ҳама шахсони воқеӣ (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа), новобаста аз вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо (корманд, зиёӣ, кишоварз, мансабдор ва ғ.), мансубияти миллӣ ва тобеияти диниашон дахл дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар сарзамини Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунанд, дар баргузории маъракаю маросим талаботи қонунро бояд риоя намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ талаботи қонунро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ҳатман риоя намоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ дар баргузории маросиму анъанаҳо дар ҳудуди минтақаҳое, ки сарзамини онҳо маҳсуб мешавад (сафоратхона, консулгарӣ ва ғ.) аз иҷрои талаботи қонун мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон озоданд. Намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷӣ дар баргузории ҷашну маъракаҳои миллӣ ва диниашон озоданд, вале талаботи қонунро вобаста ба вақт ва шумора ҳангоми дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (тарабхона, қаҳвахона ва дигар мавзеъҳои баргузории маърака) ва маконҳое, ки зери таъсири қонунгузории кишвар қарор доранд, бояд риоя намоянд.
Ақаллиятҳои миллӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, анъана, ҷашн ва маросими динӣ ва миллии худро озодона метавонанд дар доираи талаботи қонун гузаронанд. Масалан, ӯзбекҳо ва қирғизҳо ҳангоми баргузории маросими дафну азодорӣ тибқи талаботи ислом ва қонуни мазкур амал менамоянд. Агар дар байни онҳо маросиме бошад, ки маҳз хусусияти миллии онҳоро баён намояд ва он дар байни тоҷикон набошад, онҳо метавонанд он маросимро баргузор намоянд, вале вақти баргузории онро мутобиқи қонун, интихоб намоянд. Аммо шумораи одамони ҷамъшаванда вобаста ба сатҳ ва мазмуни маърака муайян мегардад.
Ҳамзамон бо ин, ақаллиятҳои миллӣ – русҳо, кореягиҳо ва дигар миллатҳои сокини Тоҷикистон дар баргузории ҷашну маъракаҳои миллии худ дар доираи талаботи қонун озоданд. Яъне ақаллиятҳои миллӣ ва динӣ метавонанд анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва динии худро, ки қонун пешбинӣ накардааст, озодона гузаронанд.
Реклама