§8.1. ПРЕДМЕТ ВА САРЧАШМАҲОИ ҲУҚУҚИ ГУМРУКӢ

Баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ гардидани муносибатҳои нави иқтисодӣ, нақши давлат дар танзими байналмилалии ивази мол, кору хизматрасониҳо ва иттилооти гуногун хеле афзуд. Ин раванд дар айни замон ба инкишофи босуръати иқтисоди бозорӣ ва афзоиши амалиёти содироту воридот мусоидат карда, дар навбати худ боиси рушди муносибатҳои гумрукӣ дар кишвари мо шуд. Бо дарназардошти ин, давлат дар асоси санадҳои мушаххаси меъёрии ҳуқуқӣ низоми дахлдори гумрукии ҷойивазкунии мол ва воситаҳои нақлиётро ба воситаи сарҳад муқаррар намуда, пардохтҳои гумрукӣ ва навъҳои гуногуни андозро мерӯёнад, қоидаҳои гумрукӣ ва шаклҳои дигари таъсиррасонии ҳуқуқиву идоракуниро нисбат ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян мекунад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои гумрук чора дида, дар соҳаи гумрук корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ва пешгириро амалӣ мекунанд. Чунонки дар зиндагии ҳаррӯза мушоҳида мекунем, нақши муносибатҳои гумрукӣ дар қатори дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам меафзояд. Он муносибатҳои ҷамъиятие предмети батанзимдарории ҳуқуқи гумрукӣ шуда метавонанд, ки дар байни мақомоти гумрук ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ доир ба ҷойивазкунии молҳо ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумрукӣ ва тибқи қонун гузаронидани барасмиятдарорӣ, назорат ва рӯёнидани пардохтҳо ба вуҷуд меоянд.

Ин муносибатҳо масъалаҳои вобаста ба танзими гумрукию тарифӣ, манъ кардан ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳоеро дар бар мегиранд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳадди гумрукӣ муқаррар шудаанд.

Танзими муносибатҳои гумрукӣ бо ёрии ҳуқуқ ва бо роҳи муқаррар намудани меъёрҳои ҳуқуқии муайян амалӣ карда мешавад. Меъёрҳои ҳуқуқи гумрукӣ муносибатҳои мақомоти гумрукӣ, шаҳрвандон, ташкилотҳо, инчунин, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳоро танзим карда, ба онҳо дараҷаи махсуси ҳуқуқии гумрукӣ медиҳанд. Ба ҳайси сарчашмаи асосии танзимкунандаи муносибатҳои гумрукӣ Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1-уми январи соли 2005 амал мекунад, баромад менамояд.

Субъектҳои чунин муносибатҳо дорандагони ҳуқуқ ва уҳдадориҳои гумрукӣ мебошанд. Аз ин рӯ, муносибатҳои гумрукӣ дар байни субъектҳои гуногун, аз ҷумла дар байни мақомоти гумрукӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон, ба вуҷуд меоянд. Агар чунин муносибатҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқи гумрукӣ ба танзим дароварда шаванд, чунин муносибатҳо ҳамчун муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ эътироф карда мешаванд.

Ҳама гуна меъёри ҳуқуқи гумрукӣ танҳо ба воситаи муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ дар таҷриба амалӣ мегардад.

Муносибатҳои гумрукӣ дорои таркиби зерин мебошанд:

а) субъектҳои махсуси фаъолияти гумрукӣ;

б) объектҳои махсуси фаъолияти гумрукӣ;

в) ба воситаи муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ амалӣ

шудани фаъолияти субъектҳо ва объектҳо.

Ҳамзамон бо ин, муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ нисбат ба муносибатҳои дигари ҳуқуқӣ дорои як қатор хусусиятҳои фарқкунанда мебошанд. Пеш аз ҳама, онҳо дар ҷараёни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ба вуҷуд меоянд. Хусусияти ҳокимиятӣ доштани онҳо дар он ифода меёбад, ки аз як тараф, ҳама вақт дорои ҳуқуқи талабкунӣ дошта, аз тарафи дигар, уҳдадор аст, ки ба ин талабот итоат намояд. Масалан, тибқи зербанди з) моддаи 467-и Кодекси гумрук, шаҳрвандон ва шахсони мансабдор уҳдадоранд ҳангоми иштирок дар амалиёти гумрукӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, ба мақомоти гумрук пешниҳод кунанд. Хусусияти дигари характерноки муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ аз он иборат мебошад, ки ба ҳайси як тарафи ин муносибатҳо давлат баромад менамояд. Ҳамин тавр, муносибатҳои гумрукӣ хусусияти ҳокимияти оммавӣ дошта, тартиби ҷойивазкунии мол ва воситаҳои нақлиётро ба воситаи сарҳади гумрукӣ таъмин мекунад.

Ба ҳайси субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ шахсони алоҳидае баромад менамоянд, ки дар муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ, иштирок мекунанд. Вобаста ба хусусияти муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ шумораи субъектҳои онҳо гуногун шуда метавонад, вале набояд камтар аз ду нафар бошад.

Мақомоти гумрук, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ шуда метавонанд. Ба ҳайси мақомоти гумрук мақомоти ваколатдор доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ (Хадамоти гумрук), идораҳои минтақавии гумрук, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ шуда метавонанд.

Ба ҳайси шахсони воқеӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, баромад мекунанд. Шахсони ҳуқуқӣ низ дар муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ иштирок менамоянд. Онҳо ба шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ ҷудо мешаванд.

Объектҳои муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ доир ба ҷойивазкунии молҳо ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумрукӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд мебошанд, ки ҳаракати субъектҳои ҳуқуқӣ нисбат ба онҳо равона карда шудааст. Хусусияти дигари ба худ хосси ҳуқуқи гумрукӣ методи батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Методи ҳуқуқи гумрукӣ маҷмуи восита, усул ва тарзҳои таъсиррасонии меъёрҳои ҳуқуқи гумрукӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ба ҳуқуқи гумрукӣ мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқҳои комплексӣ методҳои гуногун хос мебошанд. Танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси як метод, балки тавассути методҳои гуногун, ба монанди методи иҷозатдиҳӣ, тавсия, маҳдуду манъ кардан ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Ҳамин тавр, ҳуқуқи гумрукӣ ҳамчун соҳаи комплексӣ аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки тавассути онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ доир ба ҷойивазкунии мол ва интиқоли воситаҳои нақлиёт ба воситаи сарҳади гумрукӣ дар байни субъектҳои ҳуқуқи гумрукӣ, инчунин, гузаронидани барасмиятдарорӣ, назорат ва рӯёнидани пардохтҳо ба танзим дароварда мешавад.

Реклама