§11.1. МАФҲУМИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ

Давлати ҳуқуқбунёдро бе риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар чунин давлат ҳамаи шаҳрвандон ва мақомоти давлатию ҷамъиятӣ уҳдадоранд, ки ба талаботи қонунҳо итоат карда, иҷрои онҳоро бечунучаро риоя кунанд. Дар ҷомеае, ки аз талаботи қонун сарфи назар карда мешавад, бетартибӣ ва бесарусомонӣ ҳукмфармо буда, пояҳои давлатдорӣ оҳиста-оҳиста завол меёбанд. Аз ин рӯ, риояи қонун ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳимми пешрафти давлат ба ҳисоб меравад.

Қонуният гуфта, аниқ ва бечунучаро иҷро кардани қонунҳо аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро меноманд. Яъне ҳар як рафтори шаҳрванд ё сохторҳои давлатӣ бояд ба талаботи қонун мувофиқат кунад.

Дар моддаи 5 Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад: «Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки мансубияти шаҳрвандӣ надоранд, инчунин, ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ фаъолияти худро мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд ва ҳуқуқҳои онҳоро қонун ҳимоя мекунад». Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳеҷ як шахс, сарфи назар аз вазифаи ишғолкардааш, миллат, нажод, молу мулк ва дигар нишонаҳо, инчунин, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ғайра ҳуқуқ надоранд аз доираи талаботи қонун берун бароянд. Дар навбати худ онҳо дар тамоми ҳолат зери ҳимояи қонун қарор доранд. Барои вайрон кардани талаботи қонун шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Барои таъмини қонуният, пеш аз ҳама, асоси ҳуқуқӣ лозим аст. Ин чунин мазмун дорад, ки ҳар як муносибати ҷамъиятӣ бояд тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим карда шавад. Мавҷуд будани муносибатҳои ҷамъиятие, ки бо ягон меъёри ҳуқуқӣ ба танзим дароварда намешаванд, боиси пайдо шудани номуайянии доираи фаъолияти иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ шуда, мумкин аст ба манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ҷомеа зарар расонад. Бинобар ин, давлатро зарур аст, ки вобаста ба пайдо шудани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро эҷод кунад.

Масалан, баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи мо доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шуданд, ки пештар аз ҷониби ягон меъёри ҳуқуқӣ ба танзим дароварда намешуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентяб- ри соли 1991, № 392 тибқи Қонун «Оид ба эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кумитаҳои Шурои Олӣ ва Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуда буданд, ки вобаста ба талаботи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳуқуқии истиқлолияти ҷумҳурӣ қонунҳои нав таҳия кунанд. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки устувории ҳуқуқ яке аз шартҳои муҳимтарини риояи қонуният буда, доираи амали ҳуқуқ барои ҳама баробар мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар ҷомеа қонун танҳо ба як шахс ё гурӯҳи шахсон татбиқ карда намешавад ва бартарии як гурӯҳро кафолат намедиҳад.

Пурра ва бемамониат амалӣ гардонидани ҳуқуқҳо аз ҷониби шаҳрвандон, вақте имконпазир аст, ки дар давлат низоми қонуният мавҷуд бошад. Бинобар ин, мафҳумҳои ҳуқуқ, қонуният ва демократия дар ҷомеаи мо мафҳумҳои аз ҳамдигар ҷудонашаванда мебошанд. Риояи ҳатмии қону- ният нишонаи мавҷуд будани демократия дар ҷамъият аст. Дар давлате, ки қонунҳо поймол карда мешаванд, демократияи ҳақиқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Пас мавҷудияти демократия бе риояи қонуният ғайриимкон аст, зеро қонуният қисми ҷудонашавандаи демократия мебошад, ки ба принсипҳои зерин такя мекунад:

а) ягонагии қонуният дар миқёси тамоми давлат. Ин чунин маънӣ дорад, ки амал ва талаботи қонунҳо дар тамоми ҳудуди давлат ягона буда, ҳамаи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ бояд аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилоту корхонаҳо дар саросари кишвар дақиқ иҷро карда шаванд.

б) волоияти қонун. Яъне қонунҳое, ки аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешаванд, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошанд. Ҳамаи санадҳои ҳуқуқие, ки аз тарафи мақомоти дигар қабул карда мешаванд, набояд ба қонунҳое, ки мақомоти олии давлатӣ қабул мекунанд, мухолифат дошта бошанд.

в) ҳатмӣ будани талаботи қонун барои ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ. Ин чунин маънӣ дорад, ки қонун барои ҳама вуҷуд дорад ва ҳама дар назди қонун баробаранд. Ҳар шахсе, ки қонунро вайрон мекунад, сарфи назар аз вазифаи ишғолкарда ва шахсияташ, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

г) ҷорӣ кардани назорати катъӣ аз болои риояи қонун. Ҳисси масъулият, бечунучаро иҷро кардани қонунҳо аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон аз мавҷудияти қонун дар ҷомеа дарак медиҳад, зеро ҳамеша дар назар доштан зарур аст, ки қонуни мо оила ва ояндаи фарзандони моро ҳифз мекунад. Риояи қонун, пеш аз ҳама, ба онҳое, ки дақиқ иҷро шудани онро таъмин мекунад, ҳатмӣ мебошад. Ба ибораи дигар гӯем, аз коргари одӣ то шахси мансабдори болоӣ вазифадор аст, ки қонунро бечунучаро риоя кунад. Бинобар ин, дар Конститутсияи давлатамон (моддаи 10) дарҷ гардидааст, ки «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро кунанд».

ғ) баробарии ҳама дар назди конун. Ин принсип чунин маънӣ дорад, ки тамоми шаҳрвандон ва шахсони мансабдор уҳдадоранд ба талаботи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ итоат кунанд. Вайрон кардани қонун бо сабаби шахси мансабдор будан, вазъи иҷтимоии шаҳрванд ва ё сабабҳои дигар мумкин нест.

Тартиботи ҳуқуқӣ натиҷаи амалигардонии қонуният буда, бо роҳи ихтиёрӣ аз ҷониби умум иҷро кардани талаботи қонун, пешгирӣ кардани ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, нисбати вайронкунандагони қонун татбиқ кардани чораҳои таъсиррасонии ҷамъиятӣ ё маҷбуркунии давлатӣ таъмин карда мешаванд.

Мафҳумҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мафҳумҳои ба ҳам наздику алоқаманд буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонад.

Тартиботи ҳуқуқӣ натиҷаи амали ҳуқуқ дар низоми қонуният мебошад. Тартиботи ҳуқуқӣ маҷмуи муносибатҳои ҳуқуқие мебошад, ки иштирокчиёни он дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутақобила ҳастанд. Тартиботи ҳуқуқӣ қисми ҷудонашавандаи тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дар байни муносибатҳои ҷамъиятӣ дар давлат муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар мадди аввал буда, бо дигар муносибатҳо пайвандии зич доранд ва дар баробари ин, якҷоя бо онҳо амал мекунанд.

Тартиботи ҳуқуқӣ аз тарафи давлат тавассути қабули меъёрҳои ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад. Барои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ якчанд амалҳо таъсири мусбат мерасонанд. Натиҷаи ҳар як ҳуқуқвайронкунӣ ин расонидани зарар ба манфиатҳои инсон, давлат ва ҷомеа буда, он дар шакли зарари моддӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, ҷисмонӣ ва ғайра ифода меёбад.

Аз сабаби он ки ҳуқуқвайронкунӣ ҳам ба манфиатҳои давлату ҷамъият ва ҳам ба манфиати шаҳрвандон зарар мерасонад, онҳо дар маҷмуъ, манфиатдор ҳастанд, ки пеши роҳи ҳуқуқвайронкунӣ гирифта шавад. Барои халалдор намудани тартиботи ҳуқуқӣ ҳатто ҳолатҳои ҷудогонаи ҳуқуқвайронкунӣ таъсир мерасонанд. Яъне барои пурра таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ бояд фаъолияти мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва оила ба хотири пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ пурсамар ба роҳ монда шавад.

Пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ омили асосии таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Роҳ надодан ба вайрон кардани қонун имкон медиҳад, ки шахс аз ҳаракати ғайриқонунии худ воқиф шавад ва онро содир накунад. Бинобар ин, давлат вазифа гузоштааст, ки ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ сари вақт пешгирӣ карда шавад.

Реклама