Хусусияти муҳимми давлати ҳуқуқбунёд дар волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ, воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон зоҳир мешавад ва ин ду аломати давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати таҷзияи ҳокимият имконпазир мегардад. Принсипи таҷзияи ҳокимият дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки мувофиқи он «ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Дар кишвари мо бо қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистон асосҳои конститутсионии ҳокимияти иҷроия гузошта шуданд ва ин шохаи ҳокимият дар низоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамчун шохаи мустақил пазируфта шуд.
Мақсади мо аз таҳлили мухтасари принсипи таҷзияи ҳокимият аз он иборат аст, ки ин мавзуъ бевосита бо яке аз соҳаҳои маъмули ҳуқуқи маъмурӣ алоқа дорад. Гурӯҳи махсуси муносибатҳои ҷамъиятие, ки онҳоро ҳуқуқи маъмурӣ ба танзим медарорад, маҳз дар соҳаи идоракунии давлатӣ, яъне дар ҷараёни ташкил ва фаъолияти низоми ҳокимияти иҷроия дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд.
Предмети танзимсозии ҳар як соҳаи ҳуқуқро доира ва хусусияти муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мекунанд, ки тавассути ҳамон соҳаи ҳуқуқ ба танзим дароварда мешавад.
Аз ин рӯ, предмети ҳуқуқи маъмурӣ он муносибатҳое мебошанд, ки онҳо тавассути меъёрҳои маъмурӣ ба танзим дароварда шуда, бо фаъолияти давлатию идоракунӣ алоқаманданд. Ин муносибатҳо идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои идоракунии ғайридавлатиро дар бар мегиранд.
Хусусияти асосии ин муносибатҳо дар он ифода мешавад, ки онҳо нисбат ба идоракунии давлатӣ ба вуҷуд меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд. Ин чунин маънӣ дорад, ки муносибатҳои зикршуда доир ба ташкил ва фаъолияти ҳокимияти иҷроия дар ҳамаи самтҳои сохтори марзию маъмурии Тоҷикистон (ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ) вобастаанд. Ҳамин гуна муносибатҳо предмети ҳуқуқи маъмуриро ташкил медиҳанд.
Ин доираи муносибатҳоро ба таври умумӣ муносибатҳои ташкилӣ меноманд, ки фаъолияти асосии идоракунии давлатӣ, иҷроиявию амрдиҳӣ ба таркиби он дохил мешавад. Муносибатҳои ташкилиро ҳамчун предмети танзими маъмурию ҳуқуқӣ ба чор навъ ҷудо мекунанд: 1) муносибатҳои ташкилию идоракунӣ дар соҳаи амалигардонии ҳокимияти иҷроия (идоракунии давлатӣ); 2) муносибатҳои ташкилӣ дар ҳама зинаҳои низоми идоракунии умумӣ ва соҳаҳои фаъолияти давлатӣ; 3) муносибатҳои ташкилию назоратии умумидавлатӣ; 4) муносибатҳои ташкилии маъмурии адлиявӣ.
Ҳамаи ин чор навъи муносибатҳо ба воситаи меъёрҳои маъмурию ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд, ки ин меъёрҳо дар навбати худ аз рӯйи мазмун ба чор навъ ҷудо мешаванд:
Аксари меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ уҳдадоркунанда мебошанд, яъне иҷрои амалҳои муайянро барои субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ ҳатмӣ мешуморанд. Масалан, меъёрҳо доир ба ваколати мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни он, меъёрҳо доир ба тартиби кор бо арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ғайра.
Тавассути меъёрҳои манъкунанда бисёр амалҳои номатлуб пешгирӣ карда мешаванд. Масалан, меъёрҳое, ки таркиби ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро ташкил медиҳанд.
Ба меъёрҳои ваколатдоркунанда меъёрҳое дохил мешаванд, ки ба мақомот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳуқуқу ваколатҳои муайянро пешниҳод мекунад.
Хусусияти меъёрҳои ҳавасмандкунанда дар андешидани чораҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдори ҳуқуқи маъмурӣ зоҳир мешавад.
Муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ ин муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки тавассути меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ танзим мешаванд ва меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ шарти асосии пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқии маъмурист.
Муносибатҳои иштирокчиёни ҳуқуқи маъмурӣ ба уфуқӣ (масалан, байни вазоратҳо ва муассисаҳои тобеи онҳо), амудӣ (байни ду вазорат), аз рӯйи идомаи амал ба таъҷилӣ, кӯтоҳмуддат ва бемуҳлат, аз рӯйи ҳаҷм ва мавқеашон дар низоми танзими маъмуриву ҳуқуқӣ ба умумӣ, соҳавӣ ва байнисоҳавӣ ҷудо мешаванд.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ гуфта, шаклҳои ифодаёбии меъёрҳои маъмуриро меноманд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои маъмуриро ташкил медиҳанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади волотарини ҳуқуқӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи маъмурӣ, инчунин, қонунҳое, ки ба воситаи раъйпурсӣ қабул карда мешаванд, ба ҳисоб меравад.
Дар ҷойи дуюм қонунҳои конститутсионӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи маъмурӣ эътироф мешаванд (масалан, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2001, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17-уми майи соли 2004 ва ғайра).
Дар ҷойи сеюм қонунҳои ҷорӣ қарор доранд, ки ба вазъи ҳуқуқии мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ бахшида шудаанд.
Дар байни сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ кодексҳо ҷойи махсусро ишғол мекунанд (масалан, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси расмиёти маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси гумрук, Кодекси замин ва ғайра).
Ба ҳайси сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ санадҳои меъёрии зерин: қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат, фармоишҳои вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, қарорҳои кумитаҳои давлатӣ, қарорҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, қарорҳои раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин, қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) эътироф карда мешаванд, ки муносибатҳои муайяни идоракуниро танзим мекунад.
Реклама