§14.5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ОМӮЗГОР

Тибқи талаботи Қонуни мазкур Муассисаи таълимӣ ва омӯзгор барои таъмини раванди таълим дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мебошанд. Муассисаи таълимӣ тибқим. 18 Қонун ҳуқуқ дорад барои амалӣ намудани таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онро ҳимоя намояд, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи он ба падару модар ва мақомоти давлатии дахлдор бо пешниҳод муроҷиат кунад, бо падару модар ҷиҳати таълиму тарбияи ӯ тибқи қонунгузорӣ шартнома бандад, падару модарро ба ҷаласаҳо вобаста ба таълиму тарбия даъват намояд, иҷрои талаботи санадҳои дохилии муассисаи таълимиро аз ҷониби падару модар талаб намояд, нисбат ба шахсони воқеӣ ва мансабдор ҳангоми монеа эҷод кардани онҳо ба таълиму тарбия ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд ва ғ. Дар баробари ҳуқуқ муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадор аст, ки ба кӯдак таълиму тарбияи дуруст диҳад, омодагии кӯдакро ба таҳсилоти умумӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд, талаботи таълимии кӯдакро бо дар назар гирифтани хоҳишу қобилият қонеъ гардонад, барои таълими кӯдак шароит фароҳам оварда, воситаҳои зарурии таълимиро таъмин намояд, риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ бидуни зарурати тиббӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намояд. Инчунин ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил шароит муҳайё намояд, донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо падару модар ҳамкорӣ намояд, бо тартиби муқарраршуда ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимиро ташкил ва баргузор намояд, ба кормандони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби кӯдак пардохти ҳама гуна маблағро иҷозат надиҳад. Ҳамзамон, барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак тадбирҳо андешад, кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва таҳаммулгароӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намояд, оид ба рушди маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги ҳамзистӣ дар ҷомеа ва муоширатро ба ӯ омӯзонад. Ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, роҳ надиҳад, ба кӯдак барои ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан, истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон) дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳад ва дар сурати вайрон кардани ин талабот чораҳои дахлдор андешад, аз ҷумла ба мақомоти давлатии дахлдор хабар диҳад ва ғ.(м. 20 Қонун).

Муассисаҳои таълимӣ инчунин уҳдадоранд, ки бо падару модар ҳамкорӣ намоянд. Чунин ҳамкорӣ дар шакли гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо падару модар, шиносоӣ бо манзили зист ва ҷойи дарсхонии кӯдак, расонидани усулҳои гуногуни кумаки педагогӣ ва методӣ ба падару модар ифода меёбад.

Субъекти муҳимми таълиму тарбияи кӯдак дар раванди таълим тибқи талаботи Қонуни мазкур омӯзгор ба ҳисоб меравад. Омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдак дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои муайн мебошад. Вай уҳдадор аст, ки қоидаҳои одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намояд, дар муассисаи таълимӣ либоси дахлдор пӯшад, аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ аз таълимгирандагон худдорӣ намояд, дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи кӯдакро риоя ва эҳтиром карда, ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳад. Фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонад ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намояд, азхудкунии барномаҳои таълимиро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот аз таълимгиранда талаб намояд, новобаста ба нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва (ё) этникӣ, маъюбият, ҳолати саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкӣ ё ҳолати дигар, нисбат ба кӯдакон муносибати баробар дошта бошад, бо падару модар дар масъалаҳои давомот, дониш ва интизоми кӯдак ҳамкорӣ намояд. Ҳамзамон, бо тартиби муқарраршуда дарсҳои кушода ташкил карда, падару модарони таълимгирандагонро ба онҳо ҷалб намояд, нисбат ба таълимгирандагоне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва шакли зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ нест, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модарро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд. Оид ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ карда, аз хондан дур мемонанд, падару модар ва роҳбарияти муассисаи таълимиро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд, аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳама гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзуи дарс берунанд, худдорӣ намояд, барои инкишофи маҳорат, малакаи хаттӣ ва нутқи шифоҳии таълимгирандагон кӯшиш намояд, барои дар озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои монанди онҳо иштирок намудани таълимгирандагон саъю талош намояд. Аз таълимгирандагон ҳамроҳи худ овардани маводди таълимиро талаб карда, омодагии онҳоро ба дарс, машғулиятҳои таълимӣ назорат намояд, онҳоро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ карда, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешад, иштироки таълимгирандагонро дар маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва маҳфилҳои дигар, ҳамчунин созмонҳои хонандагон таъмин карда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намояд, таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия кунад ва ғ. (м.20 Қонун).

Реклама