Муносибатҳои меҳнатии корманд бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба тартиб дароварда мешавад. Он шакли асосии ҳуқуқии ба вуҷуд омадан ва мавҷудияти муносибатҳои меҳнатӣ буда, дар масъалаи бо кадрҳо таъмин намудани истеҳсолот нақши муҳим мебозад.
Корманд ҳуқуқи ба меҳнат доштаи худро бо роҳи озодона бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ доир ба фаъолият бо ташкилот ба амал мебарорад.
Шартномаи меҳнатӣ созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки мувофиқи он корманд уҳдадор мешавад корро аз рӯйи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифаи ба таври дахлдор, бо риоя кардани тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро кунад ва корфармо дар навбати худ уҳдадор мешавад, ки ба корманд музди корашро дода, шароити меҳнатро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян кардаанд, таъмин намояд.
Барои бастани шартномаи меҳнатӣ ризояти (созиши) тарафҳо зарур аст. Шартномаи меҳнатӣ шартномаи дутарафа мебошад, ки дар он яке аз тарафҳо корманд ва тарафи дигар корфармо мебошад.
Маҷмуи шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шудаанд, мазмуни онро ташкил медиҳанд ва дар шакли ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳои шартнома баромад мекунанд. Ин шартҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст, якум, шартҳои дар қонун муқарраршуда ва дар асоси талаботи қонун ба шартнома (қарордод) воридшаванда; дуюм, шартҳои бо созиши тарафҳо қабулшуда ва дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ифода кардашуда. Гурӯҳи дуюми шартҳои шартномаи меҳнатӣ дар навбати худ ба ду гурӯҳ чудо карда мешаванд: 1) зарурӣ; 2) иловагӣ.
Ба шартҳои зарурӣ инҳо дохил мешаванд: ҷойи кор, функсияи меҳнатӣ ва музди меҳнат.
Ҷойи кор қитъаи бо афзору олоти корӣ ҷиҳозонидашудае мебошад, ки дар он корманд уҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро мекунад.
Созиши тарафҳо доир ба функсияи меҳнатии кормандон масъалаи бо кор таъмин кардани кормандонро мувофиқи касбу ихтисос ва малакаи онҳо дар бар мегирад. Касб навъи фаъолияти меҳнатие мебошад, ки малакаи тавассути омӯзиш ва таҷриба андухташудаи кормандро тақозо мекунад. Ихтисос маҷмуи дониш, кордонӣ ва малакаи тавассути омодагии махсус ва таҷрибаи кории андухташудае мебошад, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолият дар доираи касби мазкур зарур аст ва бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешавад.
Дар моддаи 25 Кодекси меҳнат муҳлатҳои амали шартномаи меҳнатӣ нишон дода шудаанд. Мувофиқи он шартномаи меҳнатӣ ба муҳлатҳои зерин баста мешавад:
Қисми зиёди шартномаҳо ба муҳлати номуайян баста мешаванд. Амали чунин шартномаҳо бемуҳлат буда, яке аз кафолатҳои муттасилии муносибатҳои меҳнатиро таҷассум мекунад. Дар шартномаи ба муҳлати муайян басташуда вақти амали он ба тарзи мушаххас нишон дода шудааст. Дар шартномаи барои вақти иҷрои кори муайян басташуда вақти иҷрои кори мазкур нишон дода мешавад, масалан, дар вақти гузаронидани барӯйхатгирӣ.
Шартномаи меҳнатии ба муҳлати муайян ва ё барои вақти иҷрои кори муайян басташударо одатан шартномаи фаврӣ меноманд. Корманди чунин шартномаро баста уҳдадор аст, ки дар муддати вақти муайян дар ташкилот машғули кор бошад. Дар қонунгузорӣ муҳлати камтарини шартнома на кам аз як сол муқаррар карда шудааст. Чунин шартномаҳо пас аз гузаштани муҳлати амали онҳо бо хоҳиши тарафҳо ба муҳлати нав баста мешаванд. Вале агар муҳлати онҳо гузараду муносибати меҳнатӣ идома пайдо кунад ва тарафҳо хоҳиши қатъ кардани онро талаб накунанд, он гоҳ шартнома ба муҳлати номуайян дароз кардашуда ҳисоб мешавад. Шартномаи меҳнатие, ки барои вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъди ба охир расидани он қатъ мегардад.
Реклама