§5.2. КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ҲИФЗИ ДАВЛАТИИ ОИЛА

Дар қисми якуми моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ки «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд». Ин меъёри Конститутсия андешидани чорабиниҳои гуногунро вобаста ба устувории оилаҳо, ҳавасмандкунии модарӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳамаи аъзои оила, махсусан, модару кӯдак ва муҳайё кардани шароити кафолатдиҳандаи иҷрои ҳуқуқи оилаи шаҳрвандонро тақозо мекунад. Ин ҳолат дар ҳуқуқи оилаи Тоҷикистон татбиқ гардидани муқаррароти дахлдори як қатор санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948), Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (1959), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (1989)-ро ба ҳукми тасдиқ медарорад.

Дар ин санадҳо зарурати зоҳир намудани ғамхориҳои махсус, таваҷҷуҳ ва кумак ба модарон, муҳайё намудани шароити арзандаи иҷтимоӣ барои рушди муътадили кӯда- кон таъкид мешавад. Ҳамчунин, ин меъёрҳои Конститутсия исбот мекунанд, ки давлат ба уҳдаи худ як силсила уҳдадориҳоро вобаста ба ҳуқуқи модару кӯдак ба зимма мегирад.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мешавад, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд». Ин меъёр чунин маънӣ дорад, ки ҳам падару модарон дар тарбия ва парвариши ҳамаҷонибаи фарзандон ва ҳам фарзандон барои нигоҳубини падару модарон дар айёми пиронсолагӣ ва корношоямиву эҳтиёҷман-дӣ масъулият ва ҷавобгарии баробар доранд.

Ҳамин тавр, дастгирии ҳамаҷонибаи давлатии оила дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Ин сиёсат, аз як тараф, аз суннатҳои тули асрҳо ташаккулёфтаи фарҳанги асили тоҷикӣ бошад, аз тарафи дигар, аз таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои пешрафта сарчашма гирифтааст.

Яке аз омилҳои самарабахши пешбурди сиёсати иҷтимоӣ дар мавриди оила ҳамин аст, ки дар низоми қонунгузории давлат, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Тоҷикистон ва Кодекси оила, муҳимтарин принсипу усулҳои ба оила алоқаманд дарҷ шудаанд. Чунончи, таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила ва ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модарон доир ба ҳифзи манфиати фарзандон ва баръакс, уҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини падару модарон (моддаҳои 64 ва 88 Кодекси оила).

Бо мақсади таъмини иштироки зан дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» интишор шуд, ки барои таҳкими минбаъдаи қонунгузорӣ ҷиҳати болоравии мавқеи зан дар ҷомеа ва дастгирии давлатии оила такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин, давра ба давра дар ин самт дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд, аз қабили қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2017, № 30 «Дар бораи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ»; аз 8-уми августи соли 2001, № 391 «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2010»; аз 1-уми октябри соли 2004, № 406 «Дар бораи тасдиқи номгӯйи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад»; аз 1-уми октябри соли 2004, № 407 «Оид ба тасдиқи навъҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳое, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент рӯёнида мешавад»; аз 1-уми ноябри соли 2006, № 496 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016»; аз 1-уми апрели соли 2017, № 158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022»; аз 27-уми апрели соли 2022, № 204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030; аз 29-уми майи соли 2010, № 269 «Дар бораи тасдиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020»; «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030»; аз 28-уми январи соли 2021, № 5 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 – 2025»; аз 30-юми декабри соли 2015, № 801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ. Ҳамчунин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1.03.2005, № 89); ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба якчанд санади муҳимми байналмилалӣ, аз қабили Эъломия оид ба бартараф кардани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсия доир ба ҳуқуқи кӯдак ва ғайра дар ҳалли мушкилоти оила дар пешбурди сиёсати иҷтимоӣ танзими ҳамешагӣ пайдо кард.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун санади баландэътибори ҳуқуқӣ консепсияи ҳозиразамони ҳуқуқу озодиҳои инсонро инъикос мекунад ва ин сифати қонуни асосӣ шароити мусоидро барои рушди ҳама соҳаҳои ҳуқуқ, махсусан ҳуқуқи оила, ба вуҷуд овардааст. Аз ин нуқтаи назар, барои инсон ҳамчун як шаҳрванд, муҳайё шудани имконияти васеъ барои татбиқи ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ вазифаи бағоят муҳимми қонунгузорӣ мебошад.

Ин ҳолат, махсусан дар соҳаи ҳуқуқи оилавӣ, аз ҳама бештар ба чашм мерасад, зеро оила мансуб ба ҳаёти шахсӣ буда, бидуни устувории он аз ҷомеаи солим ва бештар аз он муносибатҳои қавии иҷтимоӣ сухан гуфтан имкон надо- рад. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи оила яке аз рукнҳои асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандист ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пояи ҳаёти муназзами хусусии ашхос метавонад рушд кунад.

Реклама