§10.6. ҶАЗО: МАҚСАД ВА НАВЪҲОИ ОН

Ҳар як амали инсон сазовори подош аст: ба амали нек ташаккур мегӯянд ва дар ҷавоби кирдори бад нафрат мехонанд. Дар тасаввури умумии мо неку бад ҳамин гуна фарқ дорад. Аммо аз нигоҳи илми ҳуқуқи ҷиноятӣ, кирдори баде, ки ба ҷомеа ва давлат хавфнок бошаду ба манфиатҳои шахс ва давлат зарар расонад, ҳатман бояд сазовори ҷазо бошад. Номгӯйи ҷиноятҳо ва ҷазоҳои сазовор барои онҳо дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ зикр шудаанд.

Мувофиқи моддаи 46 Кодекси мазкур «Ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудааст, татбиқ гардида, аз маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ки дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад».

Мақсади ҷазоро қонуни ҷиноятӣ дар барқарор кардани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи шахси маҳкумшуда, инчунин, пешгирии содир шудани ҷиноятҳои нав маънидод мекунад.

Аз ин ҷо якчанд аломати муҳимми ҳуқуқии ҷазоро дар тафовут аз чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ, интизомӣ ва маданию ҳуқуқӣ ошкор кардан мумкин аст:

Ҷазо ҳатман дар қонуни ҷиноятӣ нишон дода шудааст.

Ҷазо хусусияти умумӣ ё худ оммавӣ дорад, яъне аз номи давлат таъин карда мешавад.

Ҷазо баҳодиҳии манфии ахлоқию сиёсии давлатро нисбат ба шахсияти гунаҳкор дар бар мегирад.

Ҷазо бо ҳукми суд барои содир кардани ҳамон ҷиноя- те татбиқ мешавад, ки дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷазо доғи судиро ба вуҷуд меорад.

Тибқи моддаи 47 Кодекси ҷиноятӣ чунин навъҳои ҷазо муқаррар карда шудаанд:

а) ҷарима;

б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;

в) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;

г) корҳои ҳатмӣ;

д) корҳои ислоҳӣ;

е) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ;

ж) маҳдуд кардани озодӣ;

з) нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ;

и) мусодираи молу мулк;

к) маҳрум сохтан аз озодӣ;

л) якумра аз озодӣ маҳрум сохтан;

м) ҷазои қатл.

Мувофиқи қонуни ҷиноятии амалкунанда ҳама навъҳои ҷазоро ба ду гурӯҳ: ҷазои асосӣ ва иловагӣ ҷудо мекунанд.

Корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои қатл танҳо ба сифати ҷазои асосӣ татбиқ мешаванд. Ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли ман- сабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам иловагӣ татбиқ мешаванд.

Маҳрум кардан аз рутбаи ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон, инчунин, мусодираи молу мулк танҳо ба ҳайси ҷазои иловагӣ истифода мешавад. Ҷазои иловагии таъиннамудаи суд аз ҷазои асосӣ сахттар буда наметавонад.

Тибқи қонун барои як ҷиноят танҳо як ҷазои асосӣ таъин кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба ҷазои асосӣ таъин кардани як ё якчанд ҷазои иловагӣ имконпазир аст.

Ҷарима ва мусодираи амволро танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намудан мумкин аст.

Реклама