§13.3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМИ РАСМӢ ВА ОИЛАВӢ

а) Ҷашнҳои расмӣ

Тибқи моддаи 9 қонун ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯз, Сада, Меҳргон, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар ҷашну идҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр, Наврӯз – 21-24 март, Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн ва дигар ҷашнҳои расмии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Ба сифати дигар ҷашну идҳои расмии Тоҷикистон тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» инҳо шомиланд: рӯзҳои ҷашн бо истироҳат: Соли нав – 1 январ, Рӯзи Модар – 8 март, Иди байналмилалии Наврӯз – 21-24 март, Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ – 9 май, Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июн, Рӯзи иди Рамазон ва Рӯзи иди Қурбон ҳар сол дар рӯзҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдор муқаррар карда мешаванд. Тибқи қисми 2 моддаи 9 Қонуни зикргардида дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ карда шудааст. Бояд зикр кард, ки ғайр аз ин, боз рӯзҳои дигари иди ҷумҳуриявӣ ҳастанд, ки бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешаванд, ба мисли Рӯзи забон, идҳои Сада, Меҳргон ва ғайра, ки қонунгузорӣ онҳоро пешбинӣ кардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идҳои расмӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешаванд. Дар рӯзҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун рӯзи иди ҷумҳуриявӣ зикр кардааст, барои баргузории намоишу барномаҳои консертӣ, фарҳангию маънавӣ ва оммавӣ берун аз вақти корӣ иҷозат дода мешавад.

Дар арафаи идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҷамъиятҳои варзишӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ метавонанд дар мувофиқа бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор чорабиниҳои варзишӣ – гӯштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ ва амсоли инҳо ташкил намоянд. Чорабинии варзишии бузкашӣ ва гӯштини миллӣ ҳатман тибқи нақшаи тасдиқшудаи сеҷонибаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои варзишӣ ва мақоми ваколатдор баргузор гарданд.

Дар рӯзҳои иди ҷумҳуриявие, ки бе истироҳат аст, барпо намудани нишастҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва дигар бар- номаҳои маданию маърифатӣ мумкин аст. Идҳои касбӣ бе оростани зиёфат берун аз вақти корӣ гузаронида мешаванд. Масалан, иди омӯзгор, рӯзи касбии кормандони тиб ва ғ.

Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид (иде, ки қонунгузор барои он рӯзи истироҳат муқаррар кардааст) рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъди рӯзи ид гузаронида мешавад.

Мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар арафаи ҷашнҳои расмӣ бинои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хиёбону гулгаштҳо, кӯчаҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатии шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба тариқи идона оро дода шуда, бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва гурӯҳҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Дар рӯзи идҳои касбӣ оро додани бинои муассиса ва коргоҳи онҳое, ки идро ҷашн мегиранд, иҷозат дода мешавад. Онҳо низ метавонанд маҷлисҳо ороянд ва шахсони хизматнишондодаи худро бо туҳфаҳо қадр намоянд. Воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо) барномаҳо таҳия намуда, манзури мардум мегардонанд.

Ба муносибати таъин шудан ба мансаби давлатию ҷамъиятӣ, ворид шудан ба хизмати давлатӣ, соҳиб шудан ба вазифаи давлатӣ, гирифтани рутба, унвон, мукофоти давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ зиёфат додан ва меҳмон даъват намудан мумкин нест. Бо мақсади дифои рисолаи илмии номзадӣ ё докторӣ ташкили маърака манъ аст. Ба муносибати ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, гирифтани унвонҳои дигари илмӣ, ҷоизаҳои давлатӣ ва ғайра зиёфат оростан мумкин нест. Бо мақсади гирифтани рутбаҳои ҳарбӣ, мукофотҳои давлатӣ маърака оростан манъ аст. Дар чунин ҳолатҳо дар хона бо аҳли оила хурсандӣ карда, дастархон оростан мумкин аст.

б) Зодрӯз

Тибқи моддаи 10 қонун ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Бояд қайд кард, ки қонун баргузории ҷашни зодрӯзро ба таври ихтиёрӣ муайян кардааст. Шахс метавонад зодрӯзашро ҷашн гирад ва ё метавонад ҷашн нагирад. Шахсе, ки рӯзи таваллудашро ҷашн гирифтанӣ аст, метавонад дар доираи оила, хешу табори наздик зодрӯзашро гузаронад. Мафҳуми оила дар илми ҳуқуқшиносӣ ва таҷрибаи қонунгузории кишварамон аниқ ва якхела дода нашудааст. Гузашта аз ин, он аз ҷониби халқҳои мухталиф ба таври гуногун дарк карда мешавад. Масалан, оилае, ки тоҷикон дар назар доранд, аз назари илмӣ ба авлод шабоҳат дошта, аз оилае, ки мардуми Аврупо доранд, ба куллӣ фарқ мекунад. Ин ҷо қонун алоқаи устувори хешу табориро дар назар дорад, ки бо умумияти зиндагии якҷоя, никоҳи ягона ва баромади хунии умумӣ муттаҳид мешаванд. Онҳое, ки бо роҳи фарзандхонӣ шомили оила мегарданд, ҳамчун аъзои оила шинохта мешаванд. Одатан зери мафҳуми оилаи калон ҳамхун аз бобо, бибӣ то наберагонро фаҳмидан мумкин аст. Дар қонуни мазкур оила ба ҳамин маъно ба сифати хешу табори наздик, ки ҳам аз назари хунӣ ва ҳам аз назари иҷтимоӣ қаробат доранд, фаҳмида мешавад. Дар ҳолати хурд будани оила аъзоёни бевоситаи он метавонанд хешу табори наздикро даъват намоянд. Ба сифати хешу табори наздик ғайр аз бародарон ва хоҳарони волидони тифл фарзандони болиғи онҳо, писари амак, амма ё писари хола ё тағои онҳо низ маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, дар рӯзи таваллуди шахс ба табрики ӯ омадани хешу табори наздик боке надорад.

Шаҳрвандони хориҷӣ (масалан амрикоиҳо, русҳо ва ғ.), ки бе оилаҳои худ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё ғайр аз ҳамсар ва фарзанд каси дигар надоранд, ё шахсони ҷудогонаи миллатҳои дигар, ки дар гузаронидани маъракаҳо алоқаи устувори хешу таборӣ надоранд, имконияти гузаронидани рӯзи таваллудро дар доираи дӯстони наздик доранд.

Кормандони сафоратхона ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар баргузории зодрӯз, ки аз идҳои суннатию миллиашон маҳсуб мешавад, озоданд. Вале онҳо уҳдадоранд талаботи дигари қонунро риоя намоянд.

Барои баргузории ҷашни зодрӯз бақайдгирии расмии он дар шуъба ё бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ зарур нест. Вале дар сурати вайрон гардидани талаботи он аз ҷониби шаҳрвандон дар доираи талаботи қонун онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Албатта, ба муносибати зодрӯзи шахс туҳфа додан ва табрик намудан иҷозат аст, қонун инро манъ накардааст. Ҳангоми баргузории зодрӯз аз магнитофон ва дигар васоити овозпахшкунӣ ва телевизион истифода намудан мумкин аст.

Гузаронидани ҷашни рӯзи таваллуд бо аъзои оила мумкин дар манзил, тарабхона ё ҷойи дигар баргузор гардад.

в) Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак

Тибқи моддаи 11 қонун маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.

Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронда мешавад.

Хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронда мешавад.

Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.

Падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд ҳангоми барпо намудани хатнасур ба номи писарашон дар бонкҳо бо шартҳои имтиёзнок суратҳисоб кушоянд. Суратҳисоб мумкин аст ба муҳлати то ба балоғат расидани тифл кушода шавад. Мақсади қонунгузор аз пешбинӣ намудани чунин амонатгузории имтиёзнок аз он иборат аст, ки волидон ба ҷойи он, ки молу сарвати худро дар туйҳои бодабдаба бемаврид сарф кунанд, беҳтар аст, ки ин маблағҳоро ба номи фарзандашон дар бонк нигоҳ доранд. Ва дар оянда ин маблағҳо, албатта, барои дастгирии навҷавонон ҳангоми гирифтани маълумот, беҳтар кардани шароити иҷтимоии зист, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва ғ. истифода мешаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим хатнасури писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.

Хатна суннати Пайғамбар аст, маросими иҷро дорад, на тӯю зиёфат. Дар хатнасур туҳфа додан ба волидон, хешу та- борон ва наздикони тифл мумкин нест. Инъоми туҳфа танҳо ба тифл иҷозат дода мешавад. Туҳфаро бевосита ба тифл ё ба падару модари ӯ супоридан мумкин аст. Шакли туҳфа мумкин аст мухталиф бошад. Ҳатто гузоштани миқдори муайяни пул дар суратҳисоби тифл дар бонкҳо низ туҳфа шуда метавонад.

Қонун муқаррар кардааст, ки маъракаҳои мардумии номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста танҳо дар доираи оила бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда шаванд. Ба ин маъракаҳои оилавӣ ба ҷуз аз хешу табори наздик каси дигар набояд даъват шавад, яъне доираи онҳо васеъ набошад. Масалан, дар гаҳворабандон кифоя аст, ки меҳмонон аз оила ва хешу табори наздики ҳар ду ҷониб ҳозир бошанд. Чиллагурезону мӯйсаргирони тифлро боз ҳам маҳдудтар гузарондан мумкин аст.

Тибқи қонун гузаронидани маъракаи ақиқа низ манъ аст.

г) Тӯйи домодию арӯсӣ

Тибқи моддаи 12 қонун тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодаркашон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.

Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд.

Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад.

Тӯйи домодию арӯсӣ ба таври ихтиёрӣ гузаронида мешавад. Дар сурати барпо кардани маърака онҳо бояд маъракаи ҷониби писар ва духтарро дар давоми на бештар аз ду рӯз гузаронанд. Қонун барои тарафи духтар як маърака ва барои ҷониби писар як маърака пешбинӣ кардааст. Як тараф барои 150 нафар меҳмон базми зиёфат мекунад, тарафи дигар бошад, барои 200 нафар меҳмон ош медиҳад. Одатан тарафи домод зиёфат медиҳад, ҷониби духтар бошад оши никоҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ҷониби писар бояд як маъракаи зиёфатро барои то 150 нафар диҳад. Тарафи арӯс низ бояд як маъракаош барои то 200 нафар баргузор намояд. Аз ҳисоби ҳар ду ҷониб мазмуни онро дорад, ки тарафҳо дар барпо намудани маърака баробар саҳм мегузоранд. Ва ин ишора метавонад чунин фаҳмида шавад: масалан, як маърака барои 150 нафар аз ҷониби писар ва як маърака барои то 200 нафар аз ҷониби духтар барпо мешавад. Дар чунин сурат меҳмонони ҳар ду ҷониб дар маъракаҳо бо маслиҳати тарафайн ширкат меварзанд.

Бо мақсади камхарҷ гузаронидани маърака тарафи писар метавонад ба ҷойи барои 150 нафар зиёфат оростан ош диҳад. Чунки дар деҳот баъзе аз шаҳрвандон имконияти оростани базми зиёфат ва овардани ҳофизонро надоранд. Аз лиҳози он, ки мақсади қонун камхарҷ гузаронидани маъракаҳост, мумкин нест, ки онҳоро маҷбур ба хароҷоти зиёдатӣ намуд. Дар чунин сурат ҳар ду ҷониб танҳо ош медиҳанд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд базми зиёфат ё оши тӯйро диҳанд ва ё надиҳанд, ин ҳуқуқи онҳо аст. Онҳо метавонанд, якҷоя дар маҳал тартиби боз ҳам содатари баргузории ин маъракаҳоро муқаррар намоянд. Инчунин, тибқи талаботи қисми 4 моддаи 12 қонун падару модари арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардони- дани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.

Иштироки ҳофизон ва раққосаҳо дар маъракаи оши никоҳ ё тӯйи зиёфат мумкин аст.

Тӯйи арӯсию домодӣ бояд дар давоми на бештар аз ду рӯз дар доираи муқаррароти қисми 1 моддаи 12 ҳамин қонун баргузор гардад. Мақсади қонун гирифтани пеши роҳи зиёфатҳои дурударози хонаи арӯсу домод аст, ки тайи ду-се рӯз дар як оила меҳмонони зиёд қабул мекунанд. Акнун қонун ба тӯйи домодию арӯсӣ на бештар аз ду рӯз муқаррар намуда, талаб мекунад, ки як рӯз тӯй дар хонаи духтар мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 12 то се соат ва рӯзи дигар ҳамин тавр дар хонаи писар маърака кардан мумкин аст. Рӯзҳои маърака метавонад пайдарпай бошад, метавонад баъд аз фосила. Пеш як рӯз барои ҳар ду ҷониб дода мешуд, аз са- бабе, ки дар ҳолати дар ноҳияҳои мухталиф зиндагӣ кардани тарафҳо дар як рӯз баргузории ду маърака имконнопазир буд, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аҳолӣ ба ҷойи калимаҳои «як рӯз» калимаҳои «на бештар аз ду рӯз» дар матни қонун ворид гардид.

Гузаронидани маросими домодталбон ва арӯсбинон мутобиқи қонун иҷозат аст. Аммо ин маросим бояд дар доираи оила ва хешу табори наздик баргузор гарданд, зеро мазмун ва муҳтавои баргузории ин анъана аз қадимулайём ба доираи оила ва хешу табори наздик марбут буд. Аммо вақтҳои охир мардум доираи иштирокчиёнро аз ҳад зиёд васеъ намуда, онро ба як тӯйи мустақил табдил доданд. Аз ин рӯ, қонун бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодии оила ва мутобиқ намудани баргузории маросим ба табиати аслиашон гузаронидани домодталбон ва арӯсбинонро дар доираи оила ва хешу табори наздик иҷозат медиҳад. Меҳмонони даъватшаванда дар маросими домодталбон ва арӯсбинон бояд то 15 нафар бошанд. Макони баргузории маросим озод аст, агар дар манзил имкони баргузории он набошад, тарафҳо метавонанд онро дар тарабхона ё қаҳвахона барпо намоянд.

Баргузории маросими домодталбон ва арӯсбинон, ки дар тарабхона ва ҷойҳои дигари хизматрасонӣ баргузор мешавад, ҳатман бояд аз ҷониби намояндаи мақоми ваколатдор дар маҳалҳо ба қайд гирифта шавад. Аъзои комиссияи доимӣ ва кормандони шуъбаю бахшҳо ҳангоми назорати риояи талаботи қонун бояд ба шумораи одамон, ки 15 нафар аст, диққат диҳанд.

Арӯс ва домод ҳуқуқ доранд барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии худ байни ҳамдигар аҳдномаи никоҳ банданд ва онро дар мақомоти нотариат ба расмият дароранд.

Дар моддаи 40 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад: «Аҳдномаи никоҳ созишномаи шахсоне ме- бошад, ки издивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи амволӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯйӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд».

Шахсоне, ки нияти ақди никоҳ бастан доранд, ё ин ки зану шавҳаре, ки дар никоҳи расмӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд байни ҳамдигар аҳдномаи никоҳ банданд. Мутобиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имконият пайдо мекунанд, ки ҳуқуқи амволии худро дар давраи зиндагии якҷоя ва дар мавриди бекор шудани никоҳ истифода ва ҳифз намоянд. Аҳдномаи никоҳ аз рӯйи табиати ҳуқуқии худ аҳди дутарафа мебошад. Дар он ду тараф – шахсоне, ки нияти ба никоҳ даромадан доранд ё зану шавҳари дар никоҳи расмибуда, иштирок менамоянд. Дар аҳдномаи никоҳ вазъи ҳуқуқи моликияти зану шавҳар ё онҳое, ки ба никоҳи якдигар медароянд, ҳолати моликияти онҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо нисбат ба амволи дар ихтиёри онҳобуда муайян карда мешавад.

Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.

Комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва кормандони шуъбаю бахшҳо бояд бештар ҳолати то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ бастани аҳдномаи никоҳро тарғиб намоянд. Зеро ҳамсарони оянда қабл аз ба никоҳи якдигар даромадан бояд вазъи молӣ ва ҳуқуқи моликиятдории худро равшан намо- янд. Дар чунин сурат байни онҳо дар масъалаи моликиятдорӣ баҳс камтар пайдо мешавад. Аз ҳама асосӣ он аст, ки аз бастани аҳдномаи никоҳ ҳуқуқи зан ва фарзандон бештар ҳифз мешавад.

Қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо ба роҳ монда мешавад. Онҳо метавонанд пиёда ё бо мошинҳо ба мақоми бастани ақди никоҳ раванд. Ҳангоми ба қайди ақди никоҳ бо мошин рафтани домоду арӯс бо дӯстони келину домод онҳо бояд аз 4 автомашина зиёд киро накунанд. Автомашинаҳо ҳатман бояд сабукрав бошанд.

Бинобар ин, баҳри пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва қо- нуншиканӣ дар ин самт, махсусан ҳифзи ҳаёт ва саломатии аҳолии кишвар, ки дар Конститутсия арзиши олӣ эътироф гардидааст ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳу- рии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, аз ҷумла:

  • дар қисми 1 моддаи 42 (Маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус) ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт..., аз ду моҳ то ду сол буд, ки аз ду моҳ то даҳ сол муқаррар карда шуд;
  • дар санксияи моддаи 332 (Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ) маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати ду сол таъин карда мешавад, дар таҳрири зерин, яъне ба андозаи сесад нишондиҳанда ба- рои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи васитаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда шавад, қабул гардид.

Ҳамзамон санксияи қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 336 (Аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, идора кардани воситаи нақлиёт ва ё ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт):

  • андозаи ҷаримаи қисми 1 аз се то панҷ ба дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
  • андозаи ҷаримаи қисми 2 аз панҷ то ҳафт ба дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол;
  • андозаи ҷаримаи қисми 3 аз ҳафт то даҳ ба сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст.

Инчунин андозаи ҷаримаи санксияи моддаҳои 337 ва 342 низ дар таҳрири зерин қабул гардиданд:

  • моддаи 337 (Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад) андозаи ҷарима аз панҷоҳ то ҳафтод ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати даҳ сол зиёд карда шудааст;
  • моддаи 342 (Ба идора кардани воситаҳои нақлиёт роҳ додани ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ мебошанд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиётро надоранд) андозаи ҷарима аз си то чил ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шудааст.

Қайди никоҳи давлатӣ метавонад дар рӯзи тӯй, яъне дар базми зиёфат бо ҷалб кардани мутасаддии шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сурат гирад.

д) Маросими дафну азодорӣ

Моддаи 14 қонун ба танзими гузаронидани маросими дафну азодорӣ бахшида шудааст.

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад. Яъне дар маросими ҷаноза шумораи иштирокчиён номаҳдуд аст. Қонун шумораи иштирок- кунандагонро барои он маҳдуд накардааст, ки маросими ҷаноза ва хондани ҷаноза аз назари дини ислом амали ҳатмист. Аз ҷониби дигар иштирок кардани ёру дӯстон дар рӯзи сахти хонадони фавтида ва баёни ҳамдардӣ ба соҳибони майит дастгирии маънавии онҳоест, ки шахси наздикашонро аз даст додаанд. Дар маросими ҷаноза ва рӯзи дафн таоми оммавӣ ташкил кардан мумкин нест. Вақти баргузории ҷаноза маҳдуд нест, он метавонад вақти корӣ бошад ва метавонад берун аз вақти корӣ.

Дар рӯзи ҷаноза барои меҳмонон ва иштирокчиён оростани дастархон ва таомгузорӣ аз хонаи соҳиби майит ва дар манзили вай мумкин нест. Танҳо меҳмонони аз дур омадаро аъзои комиссияи доимӣ, кормандони бахш ва куҳансолони маҳалла бояд дар хонаи наздикон ва ҳамсояҳо ҷой кунанд. Барои онҳо дар манзилҳои ёру дӯстон ва ҳамсояҳо аз ҳисоби соҳибони хонаҳо чой ё хӯрок додан иҷозат аст.

Қисми 2 моддаи 14 қонун муқаррар менамояд, ки маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар рӯзи «се», «чил» ва «сол» ба хондани фотиҳа омадани мардум манъ нест.

Дар қисми сеюми моддаи 14 як қатор амалҳое, ки барои соҳиби майит вазнинӣ меоранд ва ба талаботи шариат мухолифат доранд, дар баргузории маросими дафну азодорӣ манъ мегарданд. Қонун як қатор маросимеро, ки аз назари дини ислом низ пояи шаръӣ надоранд, манъ кардааст. Аз ҷумла, забҳи чорво ва додани таом, баргузории «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шаш- моҳагӣ» манъ аст. Вале меҳмонони дурдаст ва хешу табори аз роҳи дур омадаро чун одат ҳамсояҳо ва хешовандони наздик таом медиҳанд. Дар баъзе ҷойҳо дар масҷидҳо меҳмононро ҷой карда, аз ҳисоби пулҳои ҷамъшудаи хайрия ба онҳо хӯрок медиҳанд.

Додани пули нақд ё дигар ашёро ба иштирокчиёни маросими дафн, аз ҷумла ба имоме, ки ҷаноза мехонад, қонун манъ менамояд. Пули нақд ва дигар ашё гуфта, қонун тақсими пул ба мардум, додани қолин ва дигар чиз ба муллоҳои ҷанозахон ва дигаронро дар назар дорад. Давра кардан ва пул ҷамъ карда, ба дигарон тақсим намуданро қонун манъ менамояд. Аммо пул додан ва ёрӣ намуданро ба соҳиби майит қонун манъ намекунад. Бинобар ин, мумкин аст, ки одамон ба соҳибони майит кумак намоянд, ки ин кори хайр аст.

Додани ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯйро, ки заҳмати зиёдро талаб мекунад, қонун манъ накардааст.

е) Маросими ҳаҷ ва умра

Тибқи моддаи 13 қонун маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд.

Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.

Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.

Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.

Қонун ба хотири пешгирӣ намудани ин масрафи беҳуда аз ҷониби хонаводаи шахсе, ки нияти зиёрати ҳаҷ кардааст, чунин маъракаҳоро фақат дар доираи оила муқаррар намудааст. Яъне барои гусел хешу табори наздик ва аҳли оила кифоя аст.

Ба хотири пешгирии маъракаҳои зиёдатӣ ва исрофкорӣ қонун ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиоширо манъ кардааст. Расму оинҳо на ба хотири манфиатҳои ҷудогона, балки мутобиқи манфиати мардум бояд инкишоф ёбанд. Ба хонаи бародар ё хоҳар рафтани ҳоҷии навро ва ба ин хотир ош кардани бародар ё хоҳарашро бояд аз ҳоҷиталбон фарқ кард. Ҳамчунин, дар рӯзи омадани ҳоҷӣ, омадани бародар, хоҳар, аммаю хола, амаку тағо ва дигар хешу табори наздик мумкин аст.

Ҷашну маросим дар майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ, дохили хонаҳои шахсӣ ё дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд.

Дар ҷашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст.

Барои гузаронидани маросим қонун ҷойҳои баргузории онҳоро чунин муайян кардааст: майдончаҳои (ҳавлиҳои) назди биноҳои истиқоматӣ гуфта ҳам майдончаҳои назди биноҳои серошёна ва ҳам ҳавлиҳои шахсӣ дар назар дошта мешавад. Соҳибони ҷашну маросим метавонанд бе ягон мамониат дар назди ҳавлиҳои худ ҷашну маросимро баргузор намоянд. Агар дар дохили ҳавлӣ барои гузаронидани онҳо имконият набошад, соҳиби маърака метавонад дар беруни хона дар кӯча бо маслиҳати комиссияи доимии маҳаллии танзими анъана ва корманди бахш бе вайрон кардани дигар талаботи қонун маърака орояд. Фақат ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим бояд муқаррароти қонун оид ба шумораи иштироккунандагон ва дигар қисматҳои онро риоя намоянд.

Қонун имкони гузаронидани ҷашну маросимро дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ё тӯйхонаҳо иҷозат додааст. Дар чунин ҳолат бояд ҳатман шартномаи хаттии байни соҳиби маърака ва тарабхона доир ба хизматрасонӣ баста шавад.

Маросими мавлудхонӣ бояд ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат гирад. Моддаи 15 қонун ҷойи баргузории маросими мавлудхониро масҷид муқаррар намудааст. Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки мавлудхонӣ набояд дар ҳавлию кӯчаҳо ва дигар ҷойҳо гузаронида шавад. Бинобар ин, дар тӯю маъракаҳои дигар, ки дар ҳавлӣ ва мавзеъҳои дигар баргузор карда мешаванд, хондани мавлуд мумкин нест. Инчунин, дар маросими мавлудхонӣ ба харҷу сарфи зиёдатӣ набояд роҳ дода шавад. Мавлудхонӣ танҳо воситаи гиромидошти хотираи пайғамбари ислом буда, матлабаш тарғибу ташвиқи рафтору кирдори нек аст ва онро ба маъракаи маблағҷамъкунӣ набояд табдил дод.

Дар ҷашну маросим пошидан ва часпонидани пул манъ аст. Бояд зикр кард, ки пул рамзи давлат ва арзишест, ки ҷомеа онро баробари неъматҳои дигар қадр мекунад. Бинобар ин, намоишкорона пошидану часпондани он нисбат ба давлат ва арзишҳои миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир кардан аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки пулро ҳамчун коғази қиматнок туҳфа намудан мумкин нест. Пул ва қимати муайяни он метавонад мутобиқи Кодекси маданӣ ба хотири маърака ва маросими муайян ҳамчун туҳфа тақдим шавад, вале чунин амал бояд бо риояи одоб ва роҳи мақбули додани туҳфа сурат гирад.

Мақсади қонун аз чунин муқаррарот гирифтани пеши роҳи беҳурматӣ нисбат ба пули миллӣ аст, ки баъзе аз одамон дар маъракаҳо то қабули қонун пеши пойи раққоса ва ҳофизон пош медоданд. Қонун пеши роҳи беҳурматиро нисбат ба пули миллӣ гирифта, ҳамзамон бо ин, намегузорад, ки нисбат ба дигар навъи пул ҳамчун коғази қиматнок беэҳтиромӣ зоҳир шавад. Аз ин рӯ, қонун часпондан ва пошидани ҳама гуна пулро, хоҳ пули миллӣ – сомонӣ ё хоҳ асъори хориҷӣ бошад, манъ кардааст.

Реклама