Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои содиршударо ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо мекунад:
Ҷиноятҳо ба муқобили шахсият;
Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ;
Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист;
Ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ;
Ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт;
Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ;
Ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ;
Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ;
Ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният.
Ҳоло баъзеи ин ҷиноятҳои номбаршударо таҳлил карда, барои содир кардани онҳо чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар кардани қонунро дида мебароем.
а) Ҷиноятҳо ба муқобили шахсият.
Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешаванд: ҷиноятҳои ба муқобили ҳаёт ва саломатӣ, озодӣ, обрӯ ва эъти- бори шахсият, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, оила ва ноболиғон.
Одамкушӣ яке аз ҷиноятҳои вазнини муқобили ҳаёт ва тандурустии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолатҳои зерин қасдан одам куштан бо ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф карда мешавад: ду шахс ё бештар аз он; шахс ё наздикони ӯ вобаста ба фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ; бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст; марбут ба одамрабоӣ ё гаравгонгирӣ; зане, ки ҳомилагии ӯ барои гунаҳгор аён аст; куштори одам бо бераҳмии махсус; куштори одам ба тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; куштор аз ҷониби гурӯҳи ашхос ё гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи мута- шаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ); куштор бо мақсади ғаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин, марбут ба роҳзанӣ, тамаъҷӯйӣ ё бандитизм; одам аз ҳиссиёти авбошӣ; куштори одам бо нияти рӯйпӯш намудани ҷинояти дигар ё осон содир кардани он, инчунин, марбут бо таҷовуз ба номус ё кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ; куштор ба сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ; куштори одам бо мақсади истифодаи аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида ва ғайра.
б) Ҷиноятҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ.
Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин дохил мешаванд: авбошӣ, вандализм, ба фоҳишагӣ ҷалб кардан, ташкил ё нигаҳдош- ти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ, ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона, ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё ашёи порнографӣ, несту нобуд ё вайрон кардани ёдгориҳои таърих ва фарҳанг, таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо.
Авбошӣ яке аз ҷиноятҳои хавфнок ва вазнине ба шумор меравад, ки зидди тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Авбошӣ ҳаракати бадқасдона буда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунад. Авбошӣ дар оқибати кор боиси рӯй додани дигар ҷиноятҳои вазнин, мисли одам- кушӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахс, нобуд кардани моликияти давлатӣ, ҷамъиятиву шахсӣ ва ғайра мешаванд. Авбошӣ одатан, дар назди мардум рӯй медиҳад ва беҳурматии рӯйрост ва ошкоро нисбат ба ҷомеа мебошад. Афсӯс, ки амалиёти авбошӣ аз ҷониби ноболиғон низ содир меша- ванд. Бинобар ин, давлат бо ҳар роҳ ба муқобили авбошӣ мубориза мебарад ва барои ин ҷиноят ҷазои сахт татбиқ карда мешавад.
в) Ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт.
Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳои зерин мансуб дониста мешаванд: ҷиноятҳо ба муқобили моликият, ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ.
Ба ҷиноятҳо ба муқобили моликият инҳо дохил мешаванд: дуздӣ, азхудкунӣ ё исрофкорӣ, тасарруфи пулу молӣ ба тариқи кредит додашуда, қаллобӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, тамаъҷӯйӣ, тасарруфи ашё ё асноди дорои арзиши махсус ва ғайра.
Ба ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ инҳо дохил мешаванд: монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ, истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда, соҳибкории сохта, бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда, фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ, ғайриқонунӣ гирифтани кредит, ғайриқонунӣ дода- ни кредит ва ғайра.
Мувофиқи моддаи 244, барои дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр (қисми якум) шахси гунаҳкор бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад. Дар ҳолати содир кардани дуздӣ бо ҳолатҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, шахси гунаҳкор бо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда, барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо дода мешавад. Тибқи қисми сеюми ҳамин модда, барои содир кардани дуздӣ шахси гунаҳкор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ва дар сурати содир кардани дуздӣ дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
Кадом навъи дуздӣ ба миқдори калон маҳсуб дониста мешавад? Мувофиқи банди 2 эзоҳи моддаи 244, таҳти мафҳуми ба миқдори калон андозаи арзиши амволе дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал 1000 маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши амволе фаҳмида мешавад, ки аз андозаи маоши ҳадди ақал 2000 маротиба зиёдтар мебошад. Андозаи зарари ба моликияти шахсӣ расонидашуда (ҷиддӣ, калон ва махсусан калон) аз рӯйи аҳволи моддии ҷабрдида муайян карда мешавад. Барои содир кардани чунин ҷиноят, шахси гунаҳкор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол (қисми сеюм) ва аз 8 то 12 сол (қисми 4 моддаи 244) бо мусодираи молу мулк дар ҳар ду ҳолат ҷазо дода мешавад.
Дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки аз ҳисоби дигарон зиндагӣ карданро дӯст медоранд ва худашон дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд. Бинобар ин, даст ба дуздӣ мезананд. Қонун ба ин гуна шахсон ҷазои сахтро сазовор донистааст.
Барои ошкоро дуздидани молу мулки шахсии шаҳрвандон, тибқи моддаи 248 Кодекси чиноятӣ (ғоратгарӣ), гунаҳкор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол (қисми 1-ум), барои ғоратгарӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2-юм, шахси гунаҳкор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, барои ғоратгарӣ бо ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3-юми ҳамин модда бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ва барои ғоратгарӣ бо ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4-и моддаи мазкур бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
г) Ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ.
Ба ин гурӯҳ ҷиноятҳо дохил мешаванд: ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ, тартиботи идоракунӣ ва адолати судӣ.
Аз ҳамаи ҷиноятҳо вазнинтарин ҷиноят ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат ба ҳисоб меравад. Ба ин қабил ҷиноят дохил мешавад: хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, тахрибкорӣ (диверсия), даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ), ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), ифшои сирри давлатӣ, исёни мусаллаҳона ва ғайра.
Шахсоне, ки ҷиноятҳои номбаршударо содир мекунанд, ба сохти давлатӣ ва ҷамъиятии мамлакатамон, ба истиқлолият, дахлнопазирии ҳудуд ё бехатарии давлат қасдан таҷовуз мекунанд. Қонун барои ин гуна ҷинояткорон ҷазоҳои вазнинро муқаррар кардааст. Масалан, мувофиқи моддаи 305 Кодекси ҷиноятӣ, барои хиёнат ба давлат ҷавобгарӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол бо мусодираи молу мулк муқаррар карда шудааст.
Барои таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат (моддаи 310 Кодекси ҷиноятӣ) шахси гунаҳкор бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.
Барои супоридани маълумоти дорои сирри давлатӣ ба давлати хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ ё ба намояндагони онҳо (ҷосусӣ) мувофиқи моддаи 308 Кодекси ҷиноятӣ, ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол муқаррар карда шудааст.
Мувофиқи қонуни ҷиноятӣ барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият бархилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бо мақсади бо зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 306 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол пешбинӣ шудааст.
Хизмат дар сафи қӯшунҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Афсӯс, ки баъзе ҷавонон аз хизмат кардан қасдан саркашӣ мекунанд ва дар масъалаи ҳифзи манфиатҳои давлати худ беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Барои саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мувофиқи моддаи 344 Кодекси ҷиноятӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин тавр, барои ҳар як кирдори ҷинояткорона шахси гунаҳкор ҷазо мегирад ва қонун бар зидди ҷинояткорон беамон мубориза мебарад.
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои дигари ҷиноятҳо ва ҷавобгарӣ барои онҳо пешбинӣ шуда- аст, ки ҳар шахс метавонад бо истифода аз Кодекси ҷиноятӣ бо онҳо пурра шинос шавад.
Иҷрои ҷазо (ҳукм)
Ҷазо барои ҷинояти содиршуда мувофиқи ҳукми суд бароварда мешавад. Таъин кардани ҷазо нафақат подоши ҷиноят мебошад, балки мақсади он маҳкумшудагонро ислоҳ ва дар руҳияи муносибати бовиҷдонона ба меҳнат, риояи дурусти қоида, эҳтироми қоидаҳои ҷомеа ва пешгирии роҳи ҷиноятҳо тарбия кардан низ мебошад. Воситаҳои асосии ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон инҳоянд: реҷаи аз сар гузаронидани ҷазо, кори фоиданоки ҷамъиятӣ, кори тарбиявию сиёсӣ, таълими умумӣ ва касбию техникӣ, ба колонияҳои ислоҳоти меҳнатӣ ҷойгир кардан.
Маҳкумшудагон дар чор низом: умумӣ, пурзӯр, сахт ва махсус ҷазоро аз сар мегузаронанд. Ноболиғон дар ду навъ колонияҳо: колонияҳои реҷаашон умумӣ ва пурзӯр муҳлати муайяншудаи ҷазоро мегузаронанд. Мардону занон алоҳи- да нигоҳ дошта мешаванд.
Дар колонияҳои тарбиявию меҳнатии низомашон пурзӯр ва умумӣ ноболиғонро дар истиқоматгоҳҳои муқар- рарӣ нигоҳ медоранд. Ноболиғон метавонанд бе ҳеҷ маҳдудият мактуб гиранду мактуб нависанд. Мактубҳои онҳо аз назорат гузаронида, бастаҳои ба онҳо фиристодашуда низ бо диққат санҷида мешаванд. Дар колонияҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, оммавию варзишӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Барои маҳкумшудагон чораҳои ҷазо ва ҳавасмандкунӣ низ муқаррар карда шудаанд. Дар колонияҳои тарбияи меҳнатӣ изолятор ҳаст. Гунаҳкорро дар он ҷо 10 рӯз нигоҳ медоранд. Ғайр аз ин, маҳз дар колонияҳои тарбияи меҳнатӣ чораҳои хос, мисли як маротиба маҳрум кардани шахси маҳкумшуда аз тамошои кино, консерт, манъ кардани иштироки онҳо дар корҳои варзишӣ татбиқ мешаванд.
Пеш аз озод кардани тарбиятгирандагон аз колония, мураббияву омӯзгорон ва устоҳо ба нақшаю ниятҳои онҳо шинос мешаванд ва бо падару модарон дар масъалаи минбаъд дар куҷо кор карданашон маслиҳат мекунанд. Комиссияи ҷойи истиқомат барои ба кор таъмин намудан ё хонданро давом додани ноболиғ тадбирҳо меандешад ва рафтори ӯро назорат мекунад.
Маҳкумшудагоне, ки дар колонияҳои ислоҳоти меҳнатӣ софдилона кор мекунанд ва ба вайронкориҳои қоидаҳои муқарраршуда роҳ намедиҳанд, ба режими сабуктар гузаронда мешаванд. Бо тавсияи маъмурияти колонияҳо онҳо шартан ё пеш аз муҳлат ба озодӣ мебароянд. Маҳз дар колонияҳои ислоҳоти меҳнатӣ аксари маҳкумшудагон гуноҳи худро дарк карда, барои ислоҳ ва тарбия ёфтан тамоми кӯшиши худро истифода мебаранд. Бесабаб нест, ки баъди ба озодӣ баромадан бархе аз онҳо бо кори фоиданоки худ дар ҷомеа обрӯю эътибори хосса пайдо мекунанд ва соҳиби иззату эҳтироми умум мегарданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
Реклама