Хоҷагии деҳқонӣ яке аз шаклҳои муҳимми хоҷагидорӣ дар шароити ҳозира мебошад. Муносибатҳое, ки вобаста ба шакл ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба вуҷуд меоянд, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 15-уми марти соли 2016 ба танзим дароварда мешаванд. Тибқи моддаи 1-и Қонуни мазкур, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) субъекти соҳибкорӣ мебошанд, ки дар он нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва дигар молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст. Ҳамин тавр, Қонуни мазкур хоҷагии деҳқониро ҳамчун навъи алоҳидаи шакли ташкилию ҳуқуқии фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ эътироф мекунад. Ба шаклҳои хоҷагии деҳқонӣ, мутобиқи моддаи 3-и Қонун, инҳо дохил мешаванд:
а) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар;
б) бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе дарназардошти шумораи аъзо.
Ҳоло тибқи қонунгузорӣ худи хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун субъекти соҳибкорӣ эътироф карда шудааст, на роҳбари хоҷагии деҳқонӣ. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ манфиати онро дар муносибат бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ намояндагӣ мекунад, роҳбарии умумиро ба фаъолияти хоҷагидорӣ амалӣ месозад, тибқи шартномаи меҳнатӣ коргарони кирояро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд, шартнома ва дигар аҳдҳои ҳуқуқиро ба имзо мерасонад ва ғайра. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ яке аз аъзои қобили амали он шуда метавонад, агар ба синни ҳаждаҳ расида бошад. Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ аз рӯйи шартнома кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дохил намешаванд ва муносибати меҳнатии онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба меҳнат ба танзим дароварда мешавад.
Хоҷагии деҳқонӣ дар заминаи қитъаи замин ва молу мулки дигар таъсис дода мешавад. Қитъаи замин барои ташкили хоҷагӣ дар асоси аризаи шаҳрванд барои мероси якумра аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) дода мешавад. Ҳуқуқи истифодаи замин бо шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин тасдиқ мешавад. Пас аз гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, хоҷагии деҳқонӣ дар мақомоти давлатии андози маҳалли ҷойгиршавии он ба қайд гирифта шуда, шуъбаи омори маҳаллӣ онро ба ҳисоб мегирад. Ҷамоати деҳот (шаҳрак) ҳар як хоҷагии деҳқониро дар дафтари хоҷагӣ ба ҳисоб гирифта, дар он маълумоти асосиро дар бораи онҳо бояд ба қайд гирад. Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва аъзои он ҳуқуқ доранд дар замин мустақилона хоҷагидорӣ кунанд, соҳиби маҳсулоти истеҳсолшуда ва даромад аз фурӯши он бошанд, ҳиссаи худро талаб кунанд, аз истифодаи замин ба таври ихтиёрӣ даст кашанд, сарфи назар аз ризояти дигар аъзои хоҷагии деҳқонӣ, мувофиқи саҳми худ аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ бароянд, шартномаҳо банданд, дар мавриди аз тарафи давлат бозпас гирифта шудани қитъаи замин, ҷуб- рони пурраи зарарро талаб намоянд, аз баъзе канданиҳои фоиданоки табиӣ (рег, шағал, гил, санг, манбаъҳои об) истифода баранд, қитъаи заминро ба иҷора диҳанд, сервитути хусусиро ба қитъаи замин муқаррар намоянд, молу мулк ва ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқониро мутобиқи қонунгузории маданӣ ба мерос гузоранд, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро ба ҳуқуқи бегона кардани он ба гарав монанд ва ғайра.
Ҳамзамон, хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он, ки саҳми замини худро доранд, уҳдадоранд мутобиқи таъиноти мақсаднок заминро истифода баранд, ҳосилхезии онро баланд бардоранд, ҳаққи истифодаи замин ва дигар навъҳои андозро дар вақташ супоранд, зарари паст шудани ҳосилхезии заминро, ки бо гуноҳи заминистифодабаранда рӯй додааст, талофӣ кунанд, оиннома ва шартнома доир ба фаъолияти якҷояро риоя намоянд, уҳдадориҳои шартномавӣ, талаботи низоми ҳисоботӣ, муҳосибӣ ва низоми ҳисоби қарзиро риоя кунанд, ҳуқуқи заминистифодабарандагони дигарро вайрон ва маҳдуд накунанд ва ғайра. Баҳсҳо доир ба қатъ кардани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи суд тибқи тартиби муқарраркардаи қонун ҳал карда мешаванд.
Реклама