Аксари аҳолии Тоҷикистонро кӯдакону наврасон таш- кил медиҳанд ва гуфтан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик сарнавишти диёри азиз ва устувории хусусиятҳои демокративу ҳуқуқбунёдии он ба зиммаи онҳо вогузор хоҳад шуд. Бинобар ин, масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо ба шумор меравад. Мувофиқи меъёрҳои илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ноболиғ шахсе эътироф мешавад, ки дар вақти со- дир кардани ҷиноят 14-солагиро пур карда, вале ба синни 18-солагӣ нарасидааст.
Ба ноболиғоне, ки ҷиноят содир кардаанд, мумкин аст ҷазо ё чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявӣ таъин карда шавад. Қонуни ҷиноятӣ чунин навъҳои ҷазоро ба ноболиғон таъин кардааст: ҷарима, маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян, корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ.
Корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 40 то 160 соат таъин карда мешавад, ки он аз иҷрои корҳои ба ноболиғон мувофиқ ва берун аз вақти таҳсил аст. Давомнокии чунин навъи ҷазо нисбат ба ноболиғони то 16-сола аз ду соат дар як рӯз ва нисбат ба ноболиғони аз 16 то 18-сола аз се соат дар як рӯз зиёд буда наметавонад.
Ҷарима ҳамон вақт таъин карда мешавад, ки ноболиғ даромади мустақилона ё молу мулк дошта бошад ва он ба андозаи то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда мешавад. Маҳрум сохтан аз машғул шудан ба фаъолияти муайян ба ноболиғон ба муҳлати аз 1 то 2 сол таъин карда мешавад.
Корҳои ислоҳӣ ба ноболиғон дар ҷойи корашон ба муҳлати аз ду моҳ то як сол таъин карда мешавад. Дар айни замон аз панҷ то понздаҳ дарсади музди меҳнати маҳкумшудагон ба ҳисоби даромади давлат нигоҳ дошта мешавад.
Ба ноболиғоне, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир кардаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи қисми махсус ғайр аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дигар навъи ҷазоро пешбинӣ накарда бошад, он гоҳ суд ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набудаи дар қисми умумии ҳамин Кодекс пешбинишударо дар доираи ҳаҷм ва муҳлатҳои пешбининамудаи қисми умумии ҳамин Кодекс таъин мекунад. Мувофиқи моддаи 87 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ноболиғоне таъин карда мешаванд, ки дар синни то 16-солагӣ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир кардаанд ба муҳлати то 7 сол ва нисбат ба ноболиғоне, ки дар синни аз 16 то 18-солагӣ ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд ба муҳлати то 10 сол таъин карда мешавад.
Ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ноболиғони ҷинси мард, ки бори аввал ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин, ноболиғони ҷинси зан дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми умумӣ ва ноболиғони ҷинси мард, ки қаблан маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, дар колонияҳои тарбиявии дорои низоми пурзӯр адо мекунанд.
Реклама