Аз таҷрибаи зиндагӣ мо гоҳе хабар меёбем, ки ин ё он ҷиноятро гурӯҳи одамон содир кардаанд. Ин ҳолатро дар ҳуқуқи ҷиноятӣ шарикӣ дар ҷиноят мегӯянд. Мувофиқи қонуни ҷиноятӣ (моддаи 35 Кодекси ҷиноятӣ), «Иштироки якҷояи барқасдонаи ду ё зиёда ашхос дар содир намудани ҷинояти барқасдона шарикӣ дар ҷиноят эътироф мешавад». Акнун биёед, ин таърифро каме шарҳ медиҳем.
Таърифи мазкур мавҷудияти ҳатмии якчанд аломатро талаб мекунад. Аввалан, шумораи иштирокчиёни ҷиноят бояд аз як нафар зиёд бошад; дуюм, якҷоя содир шудани амалиёти шариконаи ҷиноят ва оқибати ягонаи кирдори ҷинояткорона барои ҳамаи иштирокчиён; сеюм, иштирокчиён дар бораи содир кардани ҷинояти мушаххас то воқеъ шудани он маслиҳат мекунанд ва онҳоро як умумияти руҳӣ ба ҳам муттаҳид месозад. Чаҳорум, сухан дар бораи иштироки барқасдона (дониста) дар содир намудани ҷиноят меравад. Ба ибораи дигар, ҳама иштирокчиён ба ҷомеа хавфнок будани кирдори худро дарк мекунанд, оқибатҳои зарарноки онро пешбинӣ менамоянд ва фаро расидани оқибатҳои онро мехоҳанд. Аломати дигари шарикӣ дар ҷиноят танҳо қасдан шуданаш мумкин аст.
Вобаста ба таъсири ҳамдигарии иштирокчиён ва сатҳи муташаккилии онҳо, илми ҳуқуқи ҷиноятӣ чор шакли шарикӣ дар ҷиноятро аз ҳам фарқ мекунад: шарикӣ бе маслиҳати пешакӣ; шарикӣ бо маслиҳати пешакӣ; гурӯҳи муташаккил; иттиҳоди ҷиноятӣ.
Шарикӣ бе маслиҳати пешакӣ чунин маънӣ дорад, ки иштирокчиёни дигар ба иҷрокунандаи бевоситаи амали ҷиноятӣ ҳамроҳ мешаванд. Ин шакли хавфноки шарикӣ дар содир намудани ҷиноят аст, ки дар натиҷаи он одамкушӣ, расонидани зарарҳои вазнини ҷисмонӣ рӯй медиҳанд. Хусусияти хосси ин навъи ҷиноят дар он зоҳир мешавад, ки дар натиҷаи ғайриимкон будани маслиҳат то оғози ҷиноят мувофиқкунонии амалиёти иштирокчиён дар ҳадди ақал аст.
Шакли нисбатан хавфноки шарикӣ дар ҷиноят шарикӣ бо маслиҳати пешакӣ мебошад. Ин гуна маслиҳат метавонад дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва хомӯшона розоят додани иштирокчиёни ҷиноят сурат гирад.
Таҳти мафҳуми «гурӯҳи муташаккил» ҳамин чизро фаҳмидан лозим аст, ки ҷиноят аз ҷониби ду ва зиёда шахсон, ки пешакӣ бо ин мақсад гурӯҳи устуворро ташкил додаанд, содир карда мешавад. Зимнан, ин гуна ҷиноятҳо бештар дар соҳаи иқтисодиёт содир мешаванд.
Ниҳоят, шакли аз ҳама хавфноки шарикӣ дар ҷиноят иттиҳоди ҷиноятӣ ба шумор меравад. Дар чунин иттиҳод гурӯҳи устувор ва муташаккили ҷинояткорон бо мақсади содир кардани ҷиноятҳои пайдарпайи вазнин ва махсусан вазнин муттаҳид мешаванд.
Вобаста ба чигунагии амалҳои ҷинояткорона қонуни ҷиноятӣ шарикони ҷиноятро ба чор навъ ҷудо мекунад:
иҷрокунанда, ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ.
Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҷиноятро содир кардааст ё якҷоя бо шахсони дигар бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин, шахсе, ки бо роҳи истифодаи ашхоси дигаре, ки мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, ҷиноят содир кардааст.
Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҷиноятро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ карда бошад, инчунин, шах- се, ки гурӯҳи муташаккил, ё иттиҳоди ҷиноятиро таъсис додааст ё ба он роҳбарӣ кардааст.
Таҳриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ, таҳдид ё бо роҳҳои дигар ба содир кардани ҷиноят моил кардааст.
Ёрдамчӣ (ёвар) шахсе эътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастурдиҳӣ, додани маълумот, восита ё афзори содир кардани ҷиноят ё рафъи монеаҳо ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардааст, инчунин, шахсе, ки пинҳон кардани ҷинояткор, восита ё олоти содир намудани ҷиноят, осори ҷиноят ё ашёи бо роҳи ҷиноят бадастомадаро пешакӣ ваъда додааст, ҳамчунин шахсе, ки соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакӣ ваъда кардааст.
Дар ёд доштан лозим аст, ки мувофиқи қонуни ҷиноятӣ, суд ҳангоми таъин кардани ҷазо хусусият ва дараҷаи иштироки ҳар як шарики ҷиноятро дар содир кардани ҷиноят алоҳида ба эътибор мегирад. Дар навбати худ, хусусияти шарикӣ дар ҷиноят бо шакли мушаххаси зоҳиршавии он, дараҷаи иштирок дар ҷиноят бо нақшҳое муайян карда мешавад, ки ҳар як гунаҳкор иҷро кардааст.
Реклама