§9.8. ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВА ҶАЗОИ МАЪМУРӢ

Мувофиқи моддаи 17 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда мешавад.

Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамон вақт қасдан содиршуда эътироф мегардад, ки агар шахс зидди ҳуқуқ будани кирдори худ- ро донад ва оқибатҳои зараровари онро пешбинӣ карда бошад, инчунин, фаро расидани оқибатҳои кирдорашро хоста бошад.

Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамон вақт аз беэҳтиётӣ содиршуда эътироф мегардад, ки агар шахси гунаҳкор оқибатҳои зарарноки кирдори худро пешакӣ донад, вале бепарвоёна ва бе асосҳои кофӣ ба пешгирии чунин оқибатҳо умед бандад ё эҳтимоли ба вуқуъ пайвастани чунин оқибатро пешбинӣ накарда бошад, ҳарчанд мебоист ва мумкин буд онро пешбинӣ кунад, инчунин, ғайриқонунӣ будани кирдори худро бояд медонист. Чунонки аз таърифи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фаҳмида мешавад, ин навъи кирдор аз амал ё беамалӣ иборат аст.

Беамалӣ дар он сурат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад, ки дар қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории шахс дар хусуси бо амалҳои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оқибатҳо пешбинӣ шуда бошад.

Шахс барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте гунаҳкор дониста намешавад, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии вай гумроҳона содир шуда бошад ва ӯ сар задани ин гумроҳиро пешбинӣ карда натавониста бошад.

Шахси ҳуқуқӣ ба шарте барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки барои риояи меъёру қоидаҳое, ки тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барояшон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, имкон доштанаш муқаррар шуда бошад, вале ӯ барои риояи онҳо на ҳамаи чораҳоро андешидааст.

Ба шахси ҳуқуқӣ таъин кардани ҷазои маъмурӣ шах- си воқеии гунаҳгорро ба сабаби ҳуқуқвайронкунии мазкур аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намекунад ва ҳамзамон, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида шудани шахси воқеӣ шахси ҳуқуқиро аз ҷавобгарии маъмурӣ ба сабаби ин ҳуқуқвайронкунӣ озод намесозад.

Кирдори шахс, ба шарте ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф карда намешавад, ки он аз ҷониби вай дар ҳолати зарурати ниҳоӣ содир шуда бошад. Зарурати ниҳоӣ, расонидани зарар барои рафъи хавфест, ки бевосита ба манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи давлат, ҷомеа ва шахс таҳдид мекунад, яъне дар ин ҳолат бо дигар тарзу восита рафъи он хавф имконнопазир гардад ва зарари расонида нисбат ба зарари бартарафшуда камтар бошад.

Шахс ҳангоми таваккалӣ асоснок расонидани зарар ба манфиатҳои тибқи Кодекси зикршуда муҳофизатшаванда ҷиҳати ноил шудан ба мақсади барои ҷомеа фоиданок ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоб намеёбад. Таваккал дар ҳолате асоснок эътироф мешавад, ки ноил шудан ба мақсади мазкур бо амал (беамалии) ба таваккал марбутнабуда имконнопазир бошад ва шахсе, ки таваккал кардааст, бояд барои пешгирии зарар тамоми чораҳои заруриро андешида бошад. Таваккал кардан ба ҳаёт ва саломатии одамон манъ аст. Агар таваккал баръало бо фалокати экологӣ ё офати ҷамъиятӣ алоқаманд бошад, асоснок эътироф карда намешавад.

Мувофиқи қонун шахси воқеие ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ синнаш ба 16-солагӣ расида бошад.

Таҳти мафҳуми «шахси воқеӣ» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад.

Ноболиғон низ мувофиқи ҳамин Кодекс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) метавонанд ҳолатҳои мушаххаси парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маълумоти марбут ба ноболиғро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар синни аз шонздаҳ то ҳаждаҳ содир кардааст, ба назар гирифта, он ноболиғро аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намоянд.

Баъди аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор қабул гардидани қарори аз ҷавобгарии маъмурӣ озод кардани ноболиғ, парванда дар ҳаққи ӯ барои татбиқ намудани чораҳои таъсиррасонӣ ба Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фиристода мешавад.

Агар шахси воқеие, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати номукаллафӣ қарор дошта бошад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Номукаллафӣ ин ҳолатест, ки бар асари бемории руҳии доимӣ, парешонии муваққатии руҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати дигари бемории руҳӣ хусусияти воқеӣ ва зиддиҳуқуқии кирдори (амал ё беамалии) худро дарк ё онро идора карда наметавонад.

Шахси мансабдор, шахси ба вай баробаркардашуда ва соҳибкори инфиродӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Шахси мансабдор барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳои хизматиаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани ин ҳолатҳо шахси мансабдоре, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор аст, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Таҳти мафҳуми «шахси мансабдор» шахсе фаҳмида мешавад, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё дар асоси ваколатҳои махсус вазифаҳои намояндаи ҳокимияти давлатиро анҷом медиҳад, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки тобеияти хизматӣ доранд, ваколатҳои амрдиҳӣ дорад, инчунин, шахсе фаҳмида мешавад, ки дар мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар воҳидҳои ҳарбӣ ва махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагиро иҷро мекунад.

Роҳбарон ва кормандони ташкилотҳо, ки дар робита ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагӣ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ҳамчун шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

Соҳибкорони инфиродӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бинобар сабаби иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис- тон муайян кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Таҳти мафҳуми «соҳибкори инфиродӣ», мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси воқеие фаҳмида мешавад, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ месозад.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зерини ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешбинӣ кардааст:

1. – дар соҳаҳои истифодаи замин, сарватҳои зеризаминӣ, захираҳои об, ҷангал, ҳифзи олами ҳайвонот, наботот ва истифодаи захираҳои табиӣ; кишоварзӣ; алоқа ва истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, телевизион, радиошунавонӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма;

  • энергетика ва истифодаи захираҳои энергетикӣ, сано-ат, фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
  • қонунгузории бонкӣ, гумрук, андоз;
  • суғуртаи иҷтимоии давлатӣ;
  • стандартизатсия, метрология, сертификатсия, аккре-дитатсия, савдо ва хизматрасонӣ;
  • кайҳон, геодезия, харитасозӣ, топография ва ғайра.

2. Вобаста:

  • ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию эпидемиологии аҳолӣ;– ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
  • ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
  • ба меъёрҳо ва қоидаҳои байторию санитарӣ;
  • ба қоидаҳои кимиёии ҳифзи рустанӣ;
  • ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт;
  • таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ;
  • ба тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, тартиботи идора-кунӣ, адолати судӣ, коррупсия ва ғайра.

Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдор (шахси мансабдор) баррасӣ карда мешаванд.

Ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар руҳияи риояи бечунучарои қонунҳо дар тарбия кардани шахси ҳуқуқвайронкунандаи маъмурӣ, инчунин, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад.

Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) нисбат ба шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Набояд фаромӯш кард, ки ҷазои маъмурӣ ҳаргиз мақсади таҳқири шаъну эътибори шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда ё расонидани ранҷу озори ҷисмонӣ ё руҳӣ, тарсонидан, ҳама гуна табъиз ё таҳқири шаъну эътибори инсонии шахси воқеиро надорад.

Барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ чунин навъҳои ҷазои маъмурӣ муқаррар ва татбиқ карда мешаванд:

  • огоҳӣ;
  • ҷаримаи маъмурӣ;
  • боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба навъҳои муайяни фаъолият;
  • маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан ба навъҳои муайяни фаъолият;
  • маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус;
  • боздошти маъмурии навъи муайяни фаъолият;
  • бо подош ситонидани ашёе, ки афзори содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад;
  • мусодираи ашёе, ки афзори содир намудани ҳуқуқвай-ронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад;
  • бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе-рун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд; – ҳабси маъмурӣ.

Татбиқ кардани ҷазоҳои маъмурӣ хусусиятҳои хосси худро дорад. Онҳо вобаста ба навъи ҳуқуқвайронкунӣ ба шахсияти ҳукуқвайронкунанда ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунандаи ҷавобгарӣ татбиқ карда мешаванд. Масалан, огоҳӣ як навъи ҷазои маъмурӣ буда, дар шакли хаттӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахси ҳуқуқувайронкунии маъмуриро содиркарда дода мешавад. Танбеҳи шифоҳӣ, ки ба ҳуқуқвайронкунанда баён карда шудааст, огоҳӣ ҳисобида намешавад.

Ҷаримаи маъмурӣ навъи ҷазои маъмурӣ буда, ба тарзи ситонидани пул ба фоидаи давлат сурат мегирад ва аз тарафи судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) нисбат ба шахси содиркардаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда мешавад.

Андозаи ҷаримаи маъмурӣ ба ҳисоби фоиз ва ё карат вобаста ба инҳо муқаррар карда мешавад:

  • нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи хоти-ма ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок аз рӯзи ошкор карда шудани он муқаррар шудааст;
  • аз арзиши ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар вақти хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар шудааст, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок аз рӯзи ошкор шудани он;
  • аз маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ё амалиёти асъории ғайриқонунӣ, ки бояд пардохта шаванд, дар рӯзи хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок дар

рӯзи ошкор шудани он муқаррар шудаанд; – аз арзиши корҳои иҷрошуда.

Шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус (ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, шикор, нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва ё дастгоҳҳои баландбасомад, истифодаи қитъаи замин ва ғайра), ки ба ӯ дода шудааст, барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, бинобар дағалона ё ба таври мунтазам риоя накардани қоидаҳои истифодаи он, маҳрум карда мешавад. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ба муҳлати аз ду моҳ то ду сол муқаррар карда мешавад. Ҷазои маъмуриро судя дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус таъин мекунад.

Бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бетабаа ҳамчун ҷазои маъмурӣ, аз маҷбуран берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бетабаа (бешаҳрванд) аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дар ҳолатҳои зерин татбиқ мешавад:

  • агар кирдори (амал ё беамалии) онҳо бар хилофи ман-фиати таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ё бар хилофи манфиати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бошад;
  • агар ин чора барои ҳифзи саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;
  • агар онҳо талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда бошанд.

Ҳабси маъмурӣ, ҳамчун ҷазои маъмурӣ, аз муваққатан маҳрум кардани шахс аз озодӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва бо роҳи маҷбуран ҷалб кардани ӯ ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ иборат аст.

Ҳабси маъмурӣ ҷудо нигоҳ доштани ҳуқуқвайронкунанда аз ҷамъият буда, ба муҳлати аз як то понздаҳ шабонарӯз ва барои риоя накардани низоми вазъи фавқулода то 30 шабонарӯз муқаррар шуда, аз тарафи судя таъин карда мешавад. Ҳабси маъмурӣ нисбат ба зани ҳомила, зане, ки таҳти тарбияаш кӯдаки то 14-сола дорад, шахси ба синни 18-солагӣ нарасида, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, инчунин, нисбат ба шахсе, ки ба синни нафақа расидааст, татбиқ карда намешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Бигӯед, ки мақсади асосии принсипи таҷзияи ҳокимият аз чӣ иборат аст?
  2. Ҳуқуқи маъмурӣ кадом гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад?
  3. Кадом навъи муносибатҳо муносибатҳои идоракунӣ номида мешаванд?
  4. Меъёрҳои ҳукуқи маъмурӣ ба чанд навъ ҷудо мешаванд ва чӣ гуна вазифаҳо доранд?
  5. Навъҳои муносибатҳои ҳукуқи маъмуриро шарҳ диҳед.
  6. Сарчашмаҳои ҳуқуқи маъмурӣ кадомҳоянд?
  7. Кадом навъи муносибатҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ ба танзим дароварда мешаванд?
  8. Субъектҳои ҳуқуқи маъмуриро номбар кунед.
  9. Субъектҳои инфиродӣ ва коллективии ҳуқуқи маъмуриро аз ҳам ҷудо кунед.
  10. Барои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқи маъмурӣ кадом омилҳо заруранд?
  11. Қобилияти амалкунии маъмурӣ чӣ маънӣ дорад?
  12. Ба ёд биёред, ки киҳоро шахсони воқеӣ мегӯянд?
  13. Мақоми маъмуриву ҳуқуқии шаҳрванд кадом унсурҳоро дар бар мегирад?
  14. Қобилияти ҳукуқдории маъмурии шаҳрванд чист?
  15. Дар ҳамкорӣ ва таъсири мутақобила бо сохторҳои идоракунӣ кадом ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон амалӣ карда мешаванд?
  16. Таърифи мақомоти ҳокимияти ичроияро гӯед ва нишонаҳои ҳуқуқии онро муайян кунед.
  17. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии маъмурии мақомоти ҳокимияти ичроия аз кадом лаҳза оғоз мешавад?
  18. Ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти ичроия ба кадом принсипҳо асос меёбад?
  19. Салоҳияти Президентро тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон номбар кунед.
  20. Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар доираи салоҳияташ чӣ гуна санадҳои меъёрӣ қабул мекунад?
  21. Асосҳои ҳуқуқии мақомоти худидораи маҳаллӣ ва ҷузъҳои онро кадом санадҳои ҳуқуқӣ муқаррар мекунанд?
  22. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот чист ва кадом мақомот ҳуқуқи ташкили онро дорад?
  23. Кадом мақомот ҳукуқи даъват кардани Ҷамоатро дорад?
  24. Мафҳуми «хизматчии давлатӣ»-ро аз нигоҳи ҳуқуқи маъмурӣ шарҳ диҳед.
  25. Принсипҳои хизмати давлатиро номбар кунед ва гӯед, ки онҳо дар фаъолияти корӣ чӣ аҳаммият доранд?
  26. Хизматчии давлатӣ аз рӯйи вазифа чӣ гуна ҳуқукҳо дорад?
  27. Чаро нисбат ба хизматчиёни давлатӣ дар қонун як қатор маҳдудиятҳо пеш гузошта шудаанд?
  28. Кафолатҳои давлатӣ барои иҷрои фаъолияти хизматчии давлатӣ кадомҳоянд?
  29. Кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад?
  30. Чаро дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ карда шудааст?
  31. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз кадом ташкилоту муассисаҳо иборат шуда метавонанд?
  32. Ҳукуқҳои иттиҳодияи ҷамъиятиро барои ба амал баровардани мақсадҳои оинномавиашон номбар кунед.
  33. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти чӣ гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ карда шудаанд?
  34. Таърифи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро гӯед.
  35. Дар кадом ҳолатҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан содиршуда эътироф карда мешавад?
  36. Ҳолатҳои аз беэҳтиётӣ содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро шарҳ диҳед.
  37. Беҳаракатӣ дар кадом ҳолат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад?
  38. Кадом ҳолатҳо асоси озод кардан аз ҷавобгарии маъмурӣ шуда метавонанд?
  39. Таҳти «мафҳуми шахсони мансабдор» чӣ гуна шахсон дар назар дошта мешаванд?
  40. Навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро номбар кунед.
  41. Ҷазои маъмурӣ чист ва он бо кадом мақсад татбиқ мешавад?
  42. Навъҳои чазоҳои маъмуриро номбар кунед.

Реклама