Шаклу воситаҳои иштироки аҳли ҷомеа дар таъмини қонуният хеле зиёданд. Инро, пеш аз ҳама, дар фаъолияти корхонаю муассисаҳо, мактабҳо, оила, дастаҳои халқӣ, дӯстони ҷавони милиса ва ғайра равшан дидан мумкин аст. Корхо- наю муассисаҳо ва сохторҳои давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ худро аз ин кор канор намегиранд.
Барои пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мактаб низ нақши муҳим мебозад. Дар аксари мактабҳои миёна ин кор дуруст ба роҳ монда шудааст. Коллективҳои омӯзгорӣ якҷоя бо падару модарони наврасон, парасторон, корхонаҳои истеҳсолӣ, бо фаъолони маҳаллаҳо ин корро дуруст ташкил намудаанд. Яке аз масъалаҳои ҳалталаби ноболиғон дуруст ва босамар гузаронидани вақти холӣ мебошад. Пӯшида нест, ки баъзан ноболиғон вақти холии худро дар кӯча бо шаробнӯшӣ, беҳудагардӣ, бадкорӣ ва дигар корҳои номатлуб мегузаронанд ва як қисми онҳо даст ба қонуншиканӣ мезананд. Агар коллективи мактабҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ бо ноболиғон чорабиниҳои зарурӣ гузаронанд, пеши роҳи бисёр ҳуқуқвайронкуниҳоро гирифтан мумкин аст.
Тарбияи ҳуқуқии мактабиён асосан бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла олимпиада, викторина ва дигар навъҳои мусобиқаи маърифатию ҳуқуқӣ, ки барои ғолибон афзалияти дохил шудан ба мактабҳои олиро медиҳанд, гузаронида мешаванд. Бо мақсади боз ҳам ҳавасманд гардонидани наврасон ва тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, аксари чунин чорабиниҳоро аз тариқи телевизион нишон медиҳанд.
Тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстӣ ва танпарварӣ, хештаншиносӣ дар таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши бузург дорад. Ташкил намудани вохӯриҳои хонандагон бо собиқадорони ҷангу меҳнат, пирони рӯзгордида ва баргузор кардани суҳбатҳо дар мавзуъҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба падару модар ва калонсолон, қадри суботу оромии ҷомеа, ҷангу ҷидол ва оқибатҳои вазнини он боиси пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон мешавад.
Бо мақсади мустаҳкам кардани дӯстию рафоқат байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд. Дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии хонандагони мактаб яке аз омилҳои муҳимми мустаҳкам кардани қонуният дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар мактабҳо маҳфилҳои тарбияи ҳуқуқӣ ташкил шудаанд, ки вазифадоранд сатҳи дониши ҳуқуқии наврасонро афзун кунанд. Маҳфилҳои ҳуқуқӣ бо роҳи омӯхтани қонунгузории ҷорӣ ва таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба баланд гардидани дониши ҳуқуқии хонандагон мусоидат менамоянд. Ба маҳфилҳо омӯзгорони фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон, шахсони масъули мақомоти давлатӣ, донишҷӯёни ҳуқуқшинос сарварӣ мекунанд. Шакли муҳимми тарбияи ҳуқуқӣ гузаронидани конфронсҳои хонандагон дар мавзуъҳои ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо барои риояи қонуният мусоидат менамоянд. Дар кори тарбияи ҳуқуқии мактабиён таъсис додани рӯзномаи девории «Ҳуқуқшиноси ҷавон» низ мақоми калон дорад. Дар ин рӯзнома мақолаҳо доир ба қонунҳои нав дарҷ шуда, дар бораи ҳамкории мактаб бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот дода мешавад. Маъмурияти аксар мактабҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии мактабиён бо судяҳо, прокурорҳо ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо ташкил мекунанд, ки чунин чорабиниҳо, албатта, аҳаммияти калони тарбиявӣ доранд. Гузаронидани олимпиадаи ҳуқуқшиносони ҷавон низ барои тарбияи ҳуқуқии наврасон кумаки зиёд мерасонад. Мақсади асосии олимпиада баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии хонандагон ва ҳаматарафа омӯхтани фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон мебошад. Ба ғолибони олимпиада барои дохил шудан ба факултаҳои ҳуқуқи муассисаҳои олии кишвар тавсиянома дода мешавад.
Барои он ки дар таъмини қонуният натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад, мактаб бояд бо Комиссияи ҳуқуқи кӯдак алоқаи зич дошта бошад.
Дар пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкам намудани қонуният оила низ нақши муҳим дорад. Рафтори ибратбахши падару модарон фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд, ва онҳоро дар руҳияи ростқавлию меҳнатдӯстӣ тарбия мекунад. Мувофиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарон уҳдадоранд, ки фарзандони худро дар руҳияи садоқатмандӣ ба Ватан ва миллат, иззату эҳтиром нисбат ба калонсолон тарбия кунанд.
Агар падару модарон дар оила ҳар як рафтори фарзандонашонро назорат карда, саривақт тадбирҳо андешанд, он гоҳ ноболиғон ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ намедиҳанд. Масалан, боре падари як хонандаи мактаби миёнаи шаҳри Душанбе дар хонааш глобусро дида, аз писараш аз куҷо пайдо шудани онро пурсон шуд. Дар ҷавоб писараш гуфт, ки онро аз мактаб ба хона овардааст. Рӯзи дигар падар ҳамроҳи писараш глобусро ба мактаб баргардонида, аз омӯзгорон узр пурсид. Албатта, чунин рафтори падар шоистаи таҳсин аст, зеро глобус моликияти мактаб аст. Рафтори падару модароне, ки фарзандонашонро дуруст тарбия мекунанд, лоиқи дастгирӣ ва пайравӣ мебошад. Маҳз тавассути чунин падару модарон дар оила ва мактаб руҳияи инсондӯстӣ ва оштинопазирӣ ба ҳар гуна қонуншиканиҳо ҳукмфармост.
Бояд қайд кард, ки дар оилае, ки ҳамсарон хушбахтона умр ба сар мебаранд, якдигарфаҳмии аъзои оила ҷой дорад, тарбияи фарзандон дуруст ба роҳ монда шудааст. Ва баръакс, агар дар байни аъзои оила нофаҳмӣ ва сардӣ мавҷуд бошад, он гоҳ фарзандон низ ба роҳи нодуруст мераванд ва чунин вазъияти ногувори оилавӣ оқибат ба дараҷаи маданият ва маълумоти наврасон нақши манфии худро мегузорад.
Бинобар ин, масъалаи тарбияи дурусти фарзандон яке аз вазифаҳои муҳимми оила ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин омил дар маҷмуъ, барои мустаҳкам шудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
Реклама