Агар никоҳ бе ризояти никоҳшавандагон ё яке аз онҳо, вайрон кардани синни никоҳӣ, принсипи якканикоҳӣ, байни хешу табори наздик, бародарону хоҳарони ҳамхун, байни ба фарзандӣ қабулкардагон ва қабулшудагон, байни шахсоне, ки ақаллан яке аз онҳоро суд бо сабаби бемории руҳӣ ё суст- ақлӣ ғайри қобили амал эътироф кардааст, байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маводди нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф кардааст, инчунин, байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян баста шуда бошад, мувофиқи меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи судӣ беэътибор дониста мешавад.
Ҳамчунин, никоҳи бо роҳи маҷбурӣ ё фиреб басташуда низ беэътибор дониста мешавад. Фиреб додан маънои қасдан гумроҳ кардани шахси дигарро дорад. Фиреб барои он истифода бурда мешавад, ки тарафи дигар ба бастани никоҳ водор карда шавад ва дар ниҳоди ӯ дар бораи шартҳои никоҳ тасаввуроти нодуруст ҳосил шавад. Фиреб метавонад ҳам аз тарафи яке аз ҳамсарони оянда, ҳам аз тарафи шахси сеюм сар занад, ки чунин амали ношоямро аксар вақт падару модарон ё шахсони наздики тарафи манфиатдор иҷро мекунанд ва онҳо бо ҳамин мақсад забон як мекунанд. Моҳияти фиреб аксар вақт аз он иборат аст, ки дар бораи мавҷуд будан ё набудани вазъиятҳои гуногун изҳороти бардурӯғ дода мешавад, ки ин ҳолатҳо барои беэътибор донистани никоҳ нақши муҳим мебозанд.
Беэътибор донистани никоҳ чунин оқибатҳо дорад:
а) никоҳи беэътибор эътирофшуда аз лаҳзаи ба қайд гирифта шудани он беэътибор ҳисоб карда мешавад;
б) никоҳи беэътибор ҳисобшуда барои зану шавҳар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои оилавиро ба вуҷуд намеорад;
в) муносибатҳои ҳуқуқии молумулкии шахсоне, ки никоҳашон беэътибор эътироф шудааст, мувофиқи қоидаҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд;
г) беэътибор эътироф кардани никоҳ ба ҳуқуқи фарзандоне, ки аз ин гуна никоҳ таваллуд ёфтаанд, таъсир намерасонад. Гуфтан зарур аст, ки қонуни оилавӣ манфиатҳои ҳамсари бегуноҳро, ки аз мавҷудияти монеаҳо огоҳ набуд, ҳифз менамояд. Бо ин мақсад қонун барои чунин ҳамсарон ҳуқуқҳои зеринро пешбинӣ кардааст:
Никоҳи беэътиборро аз рӯйи оқибати ҳуқуқии он аз талоқ фарқ кардан лозим аст, зеро донистани он аҳаммияти калон дорад:
а) танҳо никоҳи беэътиборро қатъ кардан мумкин аст,
дар никоҳи беэътибор ақди никоҳ бо вайрон кардани талаботи қонун баста шудааст;
б) ҳангоми талоқ муносибатҳои занушавҳарӣ дар оян-
да қатъ мешаванд (ба истиснои уҳдадориҳои алиментӣ), дар никоҳи беэътибор одатан аз лаҳзаи пайдо шудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;
в) ҳангоми талоқ молу мулке, ки ҳамсарон дар давраи занушавҳарӣ ба даст даровардаанд, тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти якҷояи (умумии) онҳо ҳисоб ёфта, тақсим карда мешавад. Ба чунин моликияти занушавҳарӣ дар никоҳи беэътибор донисташуда қоидаҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд;
г) талоқ аз рӯйи ирода ва хоҳиши тарафҳо ба амал баро-
варда мешавад, никоҳи беэътибор бошад, бидуни хоҳиш ва ҳатто бархилофи иродаи тарафҳо сурат мегирад;
д) ҳангоми талоқ суд бояд ба хулосае ояд, ки зиндагонии
якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила минбаъд аз имкон берун шудааст.
Қатъ шудани никоҳ. Қонунгузории оила ду тартиби қатъ кардани никоҳро ҳангоми дар ҳаёт будани ҳамсарон пешбинӣ кардааст: яке дар мақомоти суд ва дигаре дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ. Ба тариқи судӣ никоҳ дар чунин ҳолатҳо қатъ карда мешавад:
Реклама