Қонунгузории меҳнатӣ низоми васеи чорабиниҳоро барои ҳифзи ҳамаҷонибаи меҳнати кормандон пешбинӣ карда, як қатор қоидаҳоро дар хусуси фароҳам овардани шароити бехавфу безарари меҳнат ҷорӣ кардааст, ки онҳо ба қоидаҳои бехатарӣ, инчунин, меъёрҳои махсус доир ба ҳифзи меҳнати баъзе гурӯҳҳои кормандон дахл доранд. Мувофиқи талаботи Кодекси меҳнат ҳифзи низоми чорабиниҳои ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, беҳдош- тию гигиенӣ табобатию пешгирикунанда ва барқароркунанда, ки дар Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кори шахсро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунад. Ҳамаи шаҳрвандоне, ки фаъолияти меҳнатии худро дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба роҳ мемонанд, ба ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд. Ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо қисми ҷудонашавандаи раванди истеҳсолот мебошад. Корфармо уҳдадор аст, ки ҳифзи меҳнатро дар ташкилот таъмин кунад. Барои ин ӯ бояд шароити солиму бехатари меҳнатро муҳайё намуда, истифодаи воситаҳои пешқадами истеҳсолот ва равандҳои технологии мутобиқро таъмин кунад; истифодаи васеъ ва такмили доимии усулҳои техникӣ, ҷавобгарии иқтисодии ташкилот ва ҳавасмандии моддии кормандонро дар масъалаи ба садама дучор нашудан, ба роҳ монад. Дар истеҳсолоти шароити кораш зарарнок ва хатарнок, инчунин, дар корҳое, ки дар шароити махсуси ҳароратӣ гузаронида мешаванд ё ба ифлоскорӣ (чангу ғубор) вобастаанд, ба кормандон аз рӯйи меъёрҳои муқарраршуда ё бо қарори коллективҳои меҳнатӣ ройгон либосу пойафзори махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар, ғизоҳои табобатию профилактикӣ дода мешавад. Дар баробари ин, кормандон уҳдадоранд, ки мутобиқи қоидаҳо ва меъёрҳои муқарраршудаи техникаи бехатарӣ ва беҳдоштии истеҳсолӣ аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дастурамали муҳофизати меҳнатро риоя кунанд, аз муоинаи тиббӣ гузаранд, инчунин, воситаҳои муҳофизати дастаҷамъӣ ва инфиродиро дуруст истифода баранд.
Қонунгузор ба муҳофизати меҳнати занон ва ҷавонон диққати махсус медиҳад, зеро ояндаи миллат, давлат аз солиму бардам будани онҳо вобастагии калон дорад. Қонун истифодаи меҳнати занон ва ноболиғонро дар корҳои зеризаминӣ, вазнин ва дар корҳои шароити меҳнатиашон зараровар, инчунин, ба корҳои шабона ҷалб кардани занон, ба истиснои он соҳаҳое, ки ин хеле зарур аст, манъ кардааст.
Ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кори рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила, кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида иҷозат дода намешавад. Ҳамзамон, аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд нашудан манъ аст. Заноне, ки фарзандони то чордаҳсола доранд, инчунин, дигар шахсоне, ки кӯдаки то синни чордаҳро бо модар тарбия мекунанд, танҳо бо ризояти худашон ба изофакорӣ ҷалб кардан ё ба сафари хизматӣ фиристодан, мумкин аст.
Реклама