§14.3. УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

Бояд гуфт, ки падару модар дар баробари ҳуқуқ дар тарбия ва таълими кӯдак дорои уҳдадориҳои муайян мебошанд. Уҳдадориҳои онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) оид ба таълим; 2) оид ба тарбия. Онҳо дар моддаи 15 ва дар моддаи 16 Қонун пешбинӣ карда шудаанд.

Уҳдадориҳои падару модар оид ба гирифтани таълими кӯдакон дар моддаи 15 Қонуни мазкур пешбинӣ карда шудаанд. Масъалаи ба таълим фаро гирифтани кӯдакон, кафолатнокии таълим ва дигар масъалаҳои марбут ба таълим дар қонунгузорӣ ва дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ифода ёфтааст. Сараввал, Конститутсия дар моддаи 41 ҳуқуқи шахсро ба таҳсил муқаррар намуда, кафолатнокии таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро аз ҷониби давлат дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин намудааст. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз соли 1989[4] низ давлатҳои иштирокчии онро оид ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои зикршуда уҳдадор менамояд. Ҳамзамон, Қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модаро оид ба таълими кӯдак, ки ба беҳбудии сифати таълими кӯдакон ва ояндаи онҳо равона шудааст, муқаррар кардааст. Ҳанӯз то ба синни мактабӣ расидан, яъне то шашсолагӣ бояд падару модар барои гирифтани таълиму тарбияи кӯдаконашон шароит фароҳам оранд. Ин талабот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 22 июли соли 2013)[5] низ ифода гардидааст. Тибқи он «Падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар тарбияи кӯдакони худ масъуланд ва ба таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба мактаб омода намудани онҳо вазифадоранд». Бо мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи кӯдакон дар даврони кӯдакӣ ва синни томактабӣ бо дарназардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ширхоргоҳу кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон (барои кӯдакони ятиму бепарастор) ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ, оилавӣ ва муассисаҳои ба инҳо баробари давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ ташкил карда мешаванд. Дар моддаи 16 Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» омадааст, ки ба синфи якуми мактаби ибтидоӣ ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни ҳафтсола расидаанд, ҳатмист. Пас, ба таълим фаро гирифтани кӯдакон ва монеъ нашудан ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳатмист. Дар баробари ин, таъмин ва назорат кардани риояи пӯшидани либоси расмии мактабӣ аз ҷониби кӯдаконашон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудан, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намудан вазифаи ҳар як падару модар ба ҳисоб меравад.

Оид ба тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб давлат, инчунин, имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ менамояд. Барои кӯдакон ва наврасоне, ки ба табобати тулонӣ эҳтиёҷ доранд, мактабҳои таълими умумии солимгардонии санаторӣ, мактаб-интернатҳои санаторӣ ва хонаҳои санатории бачагона ташкил карда шуда, барои кӯдакон ва наврасони гирифтори иллати ҷисмонӣ ва руҳӣ, ки дар мактабҳои таълими умумии муқаррарӣ имкони таҳсил надоранд, мактабҳои махсуси таълими умумӣ, мактаб-интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд. Мактабҳои мазкур таълиму тарбия, табобат ва офияти тиббию иҷтимоии ин гуна кӯдакону наврасонро таъмин намуда, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ омода месозанд.

Аз ҷониби дигар, падару модар тибқи қонуни мазкур уҳдадоранд ба кӯдаки имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳидоштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва руҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими кӯдак ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд. Аз вазъи кӯдаке, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими кӯдакро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд.

Ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе падару модарон ҳангоми ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифтани кӯдаконашон масъулияти таълиму тарбияро ба зиммаи танҳо муассисаҳои таълимӣ вогузор мекунанд. Ва дар ҳолати сар задани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ мактабу донишгоҳҳоро гунаҳкор меҳисобанд. Барои ҳамин, қонун падару модарро уҳдадор менамояд, ки тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият иштирок намоянд то ки донишандӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат намоянд. Омӯзгорон ва падару модарон танҳо дар ҳамкории мутақобила масоилеро, ки ба таълими кӯдак вобаста мебошад, якҷоя метавонанд ҳал намоянд. Алоқаи зичи оила ва мактаб, дастгирии омӯзгорон ба волидайн имконият медиҳад, ки манфиат ва шавқу рағбати кӯдаконро боз ҳам амиқтар дарк кунанд ва ба инкишофи онҳо мусоидат намоянд.

Масъалаҳои дигари ба ин масоил алоқаманд иштироки волидайн дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият ва иҷро намудани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ, ки кӯдаки онҳо дар он ҷо таълим мегирад, иҷозат надодан ба ҷалби кӯдакон барои гирифтани таълим дар таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда, таълими кӯдакон дар хориҷи кишвар бе ризоияти хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Дар маҷлисҳои умумимактабии падару модарон ё ин ки дар чорабиниҳои дигари мактабӣ масоили муҳим ва рӯзмарраи мукаммал гардидани корҳои таълимию тарбиявии оила ва мактаб, инчунин, масъалаҳои ҷории таълим ва тарбияи мактаббачагон муҳокима ва баррасӣ мегарданд. Дар аксар маврид ҳангоме ки роҳбари синф дар назди мактаббачагон ин ё он вазифаи тарбиявиро мегузорад, зарурати ба ҳалли ин масъала ҷалб намудани падару модарон ба миён меояд. Падару модар уҳдадоранд риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд. Донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд. Ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ буда, ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд.

Уҳдадориҳои тарбиявии падару модар дар моддаи 16 Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд. Тибқи он яке аз уҳдадориҳои тарбиявии падару модар ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоштан мебошад. Гузоштани номи нек ба кӯдак яке аз уҳдадориҳои шаръие мебошад, ки тибқи анъанаҳои миллӣ дар баробари хатнасур ва таҳсили илм қарзи падару модар ба ҳисоб меравад. Падару модар уҳдадоранд, ки дар муддати то се моҳ барои дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падару модар (ё яке аз онҳо) ва дар ҳолатҳои истисноӣ дар ҷойи таваллуди кӯдак барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдаки навзод иқдом намоянд. Ҳамзамон бо ин, падару модар уҳдадоранд, ки барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд. Зери мафҳуми ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ ва маънавӣ маҷмуи чораҳои хислати сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва санитарию гигиенидошта дар назар дошта шудааст. Зеро тибқи Конститутсия ҳар шахс ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад. Дар асоси он шаҳрвандон дар баробари кумаки ёрии тиббии ройгон, инчунин, ба интихоби озоди муассисаи тиббӣ ва табиб ҳуқуқ доранд.

Ба зиндагии мустақилона омода намудани кӯдак уҳдадории дигари тарбиявии падару модар мебошад. Он чунин маъно дорад, ки кӯдак то пайдо кардани қобилияти пурраи амалкунӣ бояд дар оилаи солим бо ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба камол расад. Дар сархатти 5-уми моддаи мазкур уҳдадории падару модар дар мавриди дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намудани кӯдак зикр гардидааст. Ин уҳдадории падару модар ё шахсони ивазкунандаи онҳо низ яке аз уҳдадориҳои умумие мебошад, ки на танҳо ба падару модар, ҳамчунин, тибқи муқаррароти моддаҳои 42, 43-юми Конститутсия ба ҳар як шахс дахл дорад. Аз ҳамин лиҳоз, аз кӯдакӣ ё наврасӣ таъмин намудани уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрванд якҷоя аз ҷониби падару модар нишонаи мустаҳкам намудани шуури ҳуқуқии кӯдак ва маданияти ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Зеро эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ рукни асосии худшиносии миллӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки гаштугузори кӯдаки то шашсола бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст. Дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ яккаву танҳо гаштугузор кардани кӯдаки то 6-сола боиси беназоратии кӯдак ва ба вуҷудоии падидаҳои номатлуб, ба монанди оворагардӣ, талбандагӣ ва ғайраҳо мегардад. Ҳамзамон, бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд. Инчунин, падару модар уҳдадоранд, ки шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд ва новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдак, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд. Эҳтироми шаъну шарафи кӯдак ва манъ будани муомилаи бераҳмона падару модарро уҳдадор менамояд, ки нисбат ба кӯдакон муносибати баробар зоҳир намоянд. Падару модар уҳдадоранд, ки на танҳо шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром ва риоя намоянд, балки аз муомилаи бераҳмона худдорӣ намоянд, ё ин, ки ҳангоми бемориҳои руҳӣ, сустақлӣ, қобилияти пасти зеҳнӣ ё ҷисмонӣ нисбати кӯдак беэътиноӣ накарда, ба муассисаҳои махсуси давлатӣ муроҷиат намоянд ва якҷоя бо мақомоти давлатӣ, мақомоти соҳаи маориф ва тандурустӣ кӯдакро бо табобат ва ғамхории давлатӣ фаро гиранд. Ҳамзамон бо ин, тибқи сархатти 12 моддаи 16 падару модар уҳдадоранд, ки шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдаконро манъ намоянд. Марказҳои дилхушӣ гуфта, клубҳои шабона, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, тарабхонаҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатӣ ва истироҳатӣ машғуланд, фаҳмида мешавад.

Мақсад аз манъ намудани рафтани кӯдакон дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ пешгирӣ намудани ҳолатҳои гуногуни ҳуқуқвайронкуние мебошад, ки аз ҷониби онҳо ё ба муқобили онҳо содир карда мешавад. Вақти шабона тибқи талаботи қонуни мазкур аз 1 апрел то 30 сентябр аз соати 22:00 то 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март аз 20:00 то соати 06:00 ҳисобида мешавад (моддаи 1 қонун). Падару модар уҳдадоранд, ки кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд. Дар ин ҷо сухан дар бораи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ношояме меравад, ки боиси ҳуқуқвайронкунӣ мегарданд. Падару модар уҳдадоранд, ки ба кӯдаки то синни мактабӣ ва кӯдаке, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунад, истифодаи телефонҳои мобилиро манъ кунанд.

Дар сархатти 19-уми моддаи мазкур ба кӯдак манъ намудани тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ ҳамчун уҳдадории падару модар эътироф карда шудааст. Мақсад аз он тарбияи кӯдак дар руҳияи ахлоқи ҳамида мебошад. Филмҳое, ки хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ доранд, ба руҳияи ноболиғ таъсири манфӣ расонида, тарбияи ӯро душвор мегардонанд. Ҳамзамон бо ин, падару модар бояд аз тарафи кӯдак мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода бурдани интернетро назорат намоянд. Зимнан, падару модар уҳдадоранд, ки ба кӯдак мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла, тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводди чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд. Бояд зикр намоем, ки асри 21 дар баробари асри пешрафт ва тараққиёт буданаш, инчунин, асри бархӯрди тамаддунҳо ва зиддиятҳои диниву мазҳабӣ низ ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, мутолиа ва паҳн намудани сабтҳои электронӣ, китобҳо, варақаҳо ва ғайраҳо, ки хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва экстремистӣ доранд, метавонад боиси содир намудани кирдорҳои ношоям ва шомил шудан ё ҷалб гардидани насли наврас ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро гардад. Аз ин рӯ, уҳдадории падару модар аз он иборат аст, ки ба чунин омилҳои манфӣ роҳ надиҳанд, то ки дар натиҷаи беэътиноии онҳо кӯдакон ба доми фиреби гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, наафтанд. Ҳамзамон бо ин, падару модар уҳдадоранд, ки иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд. Ҳадаф аз он на маҳдуд кардани ҳуқуқи ноболиғон нисбат ба дин ва расму оинҳои динӣ, балки ба расмият ва чаҳорчӯбаи қонунгузории амалкунанда ворид намудани ин муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ мебошад. Зеро то ба синни 18-солагӣ расидани кӯдак намояндаи қонунии ӯ шахси масъул – падару модар ё шахсони ивазкунандаи онҳо ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, меъёри мазкур дар шароити имрӯза таҳти ғамхории падару модар ва давлат қарор гирифтани кӯдакро ифода менамояд. Муқаррарот оид ба иҷозат надодан барои иштироки кӯдак дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, низ хусусияти ба худ хос дорад ва ҳамчун уҳдадорӣ бо мақсади пешгирӣ кардани таълими нодуруст ва фаъолияти ғайрирасмии дину мазҳабҳои тундраву ифротгароро пешгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, қонуни зикршуда ҷалб кардани ноболиғонро ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба онҳо додани таълими диниро манъ кардааст.

Тибқи сархатти 23 моддаи мазкур падару модар уҳдадоранд барои кӯдак истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла, пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла, нос) ва маводди сахттаъсирро манъ намоянд. Сархатти мазкур ба хотири ҳифзи саломатӣ, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарбияи ахлоқи ҳамидаи кӯдакон истеъмоли восита ва маводди зикршударо манъ мекунад. Ва чунин рафторро ҳамчун уҳдадории падару модар ба нафъи ҷомеа муқаррар менамояд. Бояд гуфт, ки мусоидат намудан барои амалӣ шудани уҳдадории мазкур бояд на танҳо вазифаи падару модар, балки қарзи ҳар як шахси соҳибхирад ва бофарҳанги ҷомеа бошад.

Кӯдакон набояд дар чорабиниҳое, ки барои онҳо тавсия нашуданд, иштирок намоянд. Агар зарурат барои иштироки кӯдак дар чорабиниҳо вуҷуд дошта бошад ё ки ба ӯ тавсия шуда бошад, он гоҳ кӯдак бояд бо ҳисси масъулият даъват карда шавад, то ин ки чунин чорабинӣ ба кӯдак руҳу илҳоми тоза бахшад. Лекин иштироки кӯдак дар чорабиниҳое, ки ӯ даъват нашудааст ё ин ки тавсия нагардидааст, на танҳо боиси хиҷолати кӯдак, балки сабаби руҳафтодагӣ ва нооромии ӯ мегардад.

Уҳдадории падару модарро барои монеъ шудани онҳо дар нагирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва нарондани автомобил аз ҷониби кӯдакон пешбинӣ мекунад, ки маънии маҳдуд намудани ҳуқуқи кӯдаконро надошта, балки мусоидати падару модаро ба риояи талаботи қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд.

Аз ин рӯ, қонун масъулияти падар ва модарро дар пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи нақлиёт, аз ҷумла садамаҳои нақлиётӣ муайян намудааст, ки ин меъёр, пеш аз ҳама бо мақсади ҳифзи ҳаёти ноболиғон равона шудааст.

Тибқи сархатти 27 пешгирӣ ва роҳ надодани кӯдак ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ на танҳо уҳдадорӣ, балки қарзи инсонии ҳар як падару модар мебошад.

Мутобиқи сархатти 28 падару модар уҳдадоранд, ки кӯдакони худро ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатӣ зараровар ва ҳамчунин, дигар корҳое, ки ба инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва равонии онҳо халал мерасонанд, ҷалб нанамоянд. Уҳдадории мазкур, пеш аз ҳама, ғамхорӣ нисбат ба саломатии кӯдак мебошад. Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунанда иҷозат намедиҳанд, ки ҷавонон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ, ки шароиташон зарарноканд, машғули меҳнат бошанд (моддаи 35). Истифодаи меҳнати шахсони аз ҳаждаҳсола хурд дар иҷрои корҳои вазнин, шароиташон зарарноку хатарнок, зеризаминӣ, ҳамчунин корҳое, ки ба саломатӣ ё рушди маънавии онҳо зиён мерасонад, манъ аст.

Падару модар уҳдадоранд, ки бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд, инчунин, дастрасии кӯдакро ба маводди сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд.

Падару модар уҳдадоранд истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои кӯдак манъ намоянд. Уҳдадориҳои мазкур нисбат ба падару модар муқаррар гардида, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати донишандӯзии кӯдакон мусоидат намуда, аз ҷониби дигар воситаи пешгирии хароҷоти бемаврид ва беасос мегарданд. Инчунин, падару модар уҳдадоранд, ки ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд ва ба тахриб кардани онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд. Уҳдадории мазкур ҳамчун уҳдадории падару модар, пеш аз ҳама, масъулияти падару модар дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткориҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, ин уҳдадории падару модар дар тарбияи кӯдак аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, ба ҷои шикастан ё хароб кардани панҷараҳо ва ғайраҳо онҳоро ҳамчун муқаддасоти фарҳангӣ дар мафкураи кӯдак ҷойй додан ба мақсад мувофиқ буда, қарзи инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Реклама