§12.7. АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. МАҚОМОТИ ГУМРУК

Бо дигар шудани шароити иқтисодию иҷтимоӣ ва руш- ди давлатдорӣ, роҳу усулҳои мубориза бо ҷинояткорӣ низ тағйир меёбанд. Ҳамин тавр, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон илова шудани сохтори нав – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои шароити нави иҷтимоиву иқтисодӣ дар мамлакат мебошад. Аз номи ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум мешавад, ки он аз болои фаъолияти низоми молияи кишвар назорат бурда, аз ҷониби дигар, дар мубориза бо падидаи хеле зиёновар ва номатлуб – ришвахӯрӣ саҳмгузор аст. Низомномаи ин сохтор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, № 143 тасдиқ шудааст. Ин мақом дар асоси Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ», Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми майи соли 2008, № 457 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Оинномаи интизомии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолият бурда, ҳамчун мақоми таҳқиқ дар ошкор ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ масъулият дорад. Воҳидҳои дахлдори агентии мазкур доир ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, таҳқиқи онҳоро анҷом медиҳанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ назо- рати давлатии молиявиро доир ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фош кардан, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро иҷро мекунад.

Мақомоти Агентиро директори Агентӣ роҳбарӣ мекунад, ки ӯ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад. Директори Агентӣ салоҳият ва масъулияти муовинон, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва роҳбарони дигар воҳидҳои Агентиро муқаррар мекунад.

Мақомоти Агентӣ дорои низоми ягонаи марказонидашуда буда, аз дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллӣ, раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавӣ иборат мебошад. Сохтори дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Агентӣ аз воҳидҳои назорати давлатии молиявӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯйӣ, тафтишотӣ ва дигар воҳидҳо иборат аст. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи он, инчунин, таҳкими ташкилию штатии мақомоти Агентӣ, тасдиқи низомномаи Агентӣ, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври зерин муайян кардан мумкин аст:

  • татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо кор-рупсия;
  • дар доираи ваколати худ таъмин кардани ҳуқуқу озо-диҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат;
  • амалӣ кардани мубориза бо коррупсия дар тамоми шо-хаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои қарзӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
  • муайян ва дар амал татбиқ кардани тартиб ва тар-зу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
  • амалӣ кардани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии

Тоҷикистон;

  • гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯйӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ ва фош кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷӯйи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд;
  • гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд;
  • гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупси-онии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • дар доираи ваколати худ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия;
  • амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба масъа-лаҳое, ки ба ваколати Агентӣ мансубанд ва ғайра.

Барои иҷрои вазифаҳои мазкур Агентӣ амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ, тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ ва дигар чораҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо анҷом медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки воҳидҳои Агентӣ ҳамчун мақомоти таҳқиқ нисбати ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, таҳқиқи онро анҷом медиҳанд. Дар мавриди тасдиқ нашудани воқеияти ҷинояти хислати коррупсионидошта, воҳидҳои Агентӣ дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул мекунанд.

Агентӣ мақоми таҳқиқ ба шумор рафта, фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад, ки яке аз самти асосии фаъолияти онро ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани амалҳои коррупсионӣ, ки ба он тобеияти тафтишотӣ доранд, ташкил медиҳад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксари ҷиноятҳо бевосита дар минтақаҳои наздисарҳадӣ рӯй дода, бо интиқоли ғайриқонунии молу маводди арзишманд алоқаманданд. Хадамоти гумрук, тибқи моддаи 460-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳифзи истиқлол, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон таъмин мекунанд. Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раёсати гумруки вилоятҳо, идораҳои гумрукӣ дар нақлиёт ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ иборатанд. Кормандони ин хадамот, пеш аз ҳама, бар зидди қочоқ ва дигар ҷинояткориҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар фаъолияти гумрукӣ мубориза мебаранд ва намегузоранд, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, яроқу аслиҳа, моддаҳои тарканда, ашёи фарҳангӣ, навъҳои набототу ҳайвоноте, ки ба онҳо хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад, инчунин, объектҳои моликияти зеҳнӣ аз тариқи сарҳади гумрукӣ гузаронида шаванд. Ғайр аз ин, кормандони гумрук дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва пешгирӣ кардани дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.

Мақомоти гумрук ба монанди мақомоти дигари давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои сохтори ба худ хос мебошад. Сохтори мақомоти гумрукро Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, идораҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ ташкил медиҳад.

Мақомоти гумрук вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • дар таҳияи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ин сиёсатро амалӣ месозанд;
  • дар доираи салоҳияти худ ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва ам-нияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд;
  • дар доираи салоҳияти худ барои ҳифзи амнияти миллӣ, ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва арзишҳои фарҳангӣ тадбирҳо меандешанд;
  • тартиби аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани молу воси-таҳои нақлиётро таъмин мекунанд;
  • бар зидди қочоқ ва дигар ҷинояткориҳо, ҳуқуқвайронку-ниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мубориза мебаранд;
  • дар доираи салоҳияти худ назорати асъории марбут ба молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд ва дигар вазифаҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд.

Вобаста ба ин мақомоти гумрук барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда дорои як қатор салоҳиятҳо мебошанд. Аз ҷумла:

  • ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро, ки пешниҳоди онҳо муво-фиқи қонунгузории гумрук пешбинӣ шудааст, талаб кунад; – ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки дар амалиёти гумрукӣ иштирок мекунанд, тафтиш кунанд;
  • аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқномаи ваколати анҷом додани амалҳои алоҳида ё фаъолияти алоҳидаро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ талаб кунанд;
  • мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ба мақсади ошкор кардан, пешгирӣ намудан, роҳ надодан ва кушодани ҷиноят амалиёти таҳқиқӣ ва таъхирнопазири тафтишотиро, ки тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти гумрук маҳсуб дониста шудааст, гузаронанд, инчунин, ошкор ва муайян кардани шахсонеро, ки барои тайёр кардан, анҷом додан ва ҷиноят содир кардан гунаҳкоранд, анҷом диҳанд;
  • парвандаҳоро доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ кунанд ва шахсонро барои вайрон кардани қоидаҳои маъмурӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашанд;
  • шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шу-даанд ё онро содир кардаанд, ё содиркунандагони ҷиноят, ё вайронкунандагони қоидаҳои маъмурии соҳаи фаъолияти мақомоти гумрукро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир намоянд ва ба биноҳои хизматии мақомоти гумрук ё мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд;
  • доир ба далелу воқеаҳои марбут ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ва интиқолу нигаҳдории моли таҳти низоми назорати гумрукӣ нигоҳдоришаванда, борбардорию борфурорӣ ҳуҷҷат тартиб диҳанд, ба видео ва аудио сабт кунанд, акси онҳоро ба навори кино ва сурат гиранд ва ғайра.

Мақомоти гумрук салоҳият доранд, ки тибқи Кодекси гумрук, инчунин, тибқи қонунгузории Тоҷикистон доир ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ бо мақсади ошкор кардани ҷиноят ва пешгирии он як қатор амалҳои тафтишотиро анҷом диҳанд. Қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ кормандони мақомоти гумрукро вазифадор кардааст, ки ҳамчун мақоми таҳқиқ бо мақсади ошкор кардани ҷиноят ва шахси ҷиноят содирнамуда чораҳои дахлдор андешанд, яъне шахси гумонбарро дастгир карда, шахси ҷабрдида ва шоҳидонро бозпурсӣ кунанд, ҳуҷҷатҳои лозимро гирд оваранд, хулоса, амалҳоеро анҷом диҳанд, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст.

Реклама