§14.6. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИҶРО НАКАРДАНИ УҲДАДОРИҲО ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

Бояд қайд намоем, ки дар роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи падару модарон нақши чораҳои пешгирикунанда хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ. истифодаи васеи онҳо барои ҷалби падару модари онҳо ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон мусоидат менамояд. Яке аз усулҳои самараноки ҷалби аҳолӣ, аз ҷумла падару модарон ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳавасманд намудани онҳо мебошад (сархати 4. М. 21 Қонун). Аз ҷумла, қонунгузор нисбат ба падару модароне, ки ҳуқуқу уҳдарориҳои худро дар таълиму тарбияи кӯдак муваффақона иҷро менамоянд, истифодаи ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавиро пешбинӣ кардааст. Дар ин самт ҳавасмандгардонӣ дар шакли бо ифтихорнома сарфароз гардонидан, тақдими туҳфаи хотиравӣ, мукофотонидан бо маблағ, дар воситаҳои ахбори омма интишор намудани мавод оид ба фаъолияти намунавии падару модар ва монанди инҳо, амалӣ шуданаш мумкин аст. Гузарондани ташвиқот дар байни аҳолӣ ҷиҳати амалӣ шудани уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, баргузор намудани ҷаласаҳои падару модарон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак низ аз аҳамият холӣ намебошад.

Ҳамзамон, қонунгузор субъектҳои ба масъалаҳои таълиму тарбия масъул, аз ҷумлаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро уҳдадор кардааст, ки оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд (сархати 5 м. 21 Қонун). Аз ҷониби қонунгузор муқаррар гардидааст, ки дар ҳолати аз тарафи падар ё модар риоя нагардидани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва уҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузорӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, ё ҳангоми мавҷуд будани хатар ба ҳаёт ва саломатии кӯдак мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳои бо таълиму тарбия алоқаманд метавонанд бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуда, барои муваққатан гирифтани кӯдак аз падару модаре, ки уҳдадориҳои худро ба таври дахлдор иҷро намекунанд масъалагузорӣ намоянд. Агар падару модар (ё яке аз онҳо) дар давоми шаш моҳи баъди баромадаи ҳалномаи суд дар бораи маҳрум намудани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ рафтори ношоями худро ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси аз ҳуқуқи падариву модарӣ маҳрум кардани онҳо ба суд даъво пешниҳод намоянд (қисми 2 моддаи 73 КО ).

Тибқи сархатти 7 моддаи 21 Қонун ташкили дигар чорабиниҳоро оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла бо мақсади расонидани кумаки педагогӣ, равонӣ ва методӣ ба падару модар гузаронидани «Рӯзҳои падару модар»-ро ҳамчун уҳдадории бевоситаи мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки бо таълиму тарбияи кӯдак сарукор доранд, пешбинӣ менамоянд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки масъулияти падару модар ду ҷанба дорад. Аввалан, падару модар уҳдадории худро иҷро карда, вазифаи худро оид ба таълиму тарбияи кӯдак дар назди давлат ва ҷомеа иҷро менамояд. Падару модар барои иҷро намудани уҳдадориҳои ба зимма доштаашон бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ин ки вазифаи падару модарӣ ва ҳамчунин қарзи инсонии худро ба анҷом расонанд. Ин масъулияте мебошад, ки азалан ба зиммаи ҳар як падару модар гузошта шудааст ва онҳо бояд ин масъулиятро ихтиёран ҳамчун вазифа иҷро намоянд.

Сониян, вақте ки падару модар аз иҷрои уҳдадории худ оид ба таълиму тарбияи кӯдакон саркашӣ мекунанд, яъне уҳдадориҳои худро иҷро намекунанд ё ба таври зарурӣ иҷро наменамояд, дар натиҷа рафтори кӯдакони онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигарон ва тартиботи ҷамъиятӣ мегардад, ки дар чунин ҳолат иҷрои уҳдадориҳои онҳо бо роҳи маҷбурсозии давлатӣ амалӣ карда мешавад ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ ба миён меояд.

Баъзан кӯдакон ба кирдорҳои ношоям ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо даст мезананд.

Қонуни мазкур масъулияти се гурӯҳи шахсонро доир ба таълиму тарбияи кӯдак муайян мекунад: 1) падару модар; 2) шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд: 3). Омӯзгор ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ.

Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем шахсони зикршуда дар баробари дорои ҳуқуқҳои муайян будан, инчунин, тибқи қонунгузорӣ дорои уҳдадориҳо низ мебошанд. Дар ҳолатҳои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (м. 23. Қонун).

Тибқи талаботи моддаи 34 Конститутсия ҶТ падару модар барои тарбияи кӯдакон масъулият доранд. Принсипи умумӣ ва ҷавобгарии баробари падару модар оид ба тарбияи кӯдак дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ дарҷ гардидааст. Муайян шудааст, ки падару модар ҷавобгарии умумиро оид ба кӯдакони худ ба зимма доранд. Мувофиқи онҳо падару модар ҷавобгарии асосиро оид ба тарбия ва инкошофи ҳамаҷонибаи кӯдак бар дӯш дошта, манфиатҳои кӯдак бояд мавзуи асосии ғамхории падару модар бошад (моддаи 18 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак). Аз ин рӯ, баробарии падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон зарурати ҷавобгарии баробари падару модарро дар таълиму тарбияи кӯдак ба миён меоварад.

Падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндагӣ мекунад, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои падару модарӣ ҷавобгар мебошад. Ҷудо зиндагӣ намудан на танҳо бо қатъи ақди никоҳ алоқаманд мебошад, балки ҳолатҳои дигаре низ ба мушоҳида мерасанд, ки падару модар муносибати оилавиро нигоҳ дошта, аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ мекунанд.

Падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ на танҳо дар натиҷаи ба таври муносиб анҷом надодани уҳдадорӣ оид ба тарбияи кӯдак аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда мешаванд, яъне вақте ки аз иҷрои уҳдадориҳои худ қасдан саркашӣ менамоянд. Дар дигар ҳолатҳои бо қонунгузории оилавӣ пешбинигардида, аз ҷумла дар ҳолатҳои ба кӯдакони худ муносибати бераҳмона зоҳир намудан, майзадаю нашъаманди ашаддӣ будан, бар зидди ҳаёт ва саломатии кӯдакони худ ҷиноят содир намудан ва ғайраҳо (м. 69 Кодекси оила) низ аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зикршуда падару модари аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрумшуда бояд исбот намоянд, ки дар чунин тарбия гирифтани кӯдак гуноҳ надоранд.

Аз ин рӯ, барои падару модари аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрумшуда барои ба таври дахлдор анҷом надодани уҳдадориҳояшон ҷавобгарӣ татбиқ намегардад, зеро онҳо имкони мулоқот бо кӯдакро надоштанд.

Бояд зикр кард, ки иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо рафтори зиддиахлоқӣ буда, ҷавобгариҳои гуногуни ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад. Қонунгузории амалкунанда барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдак ҷавобгарии маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятиро пешбинӣ кардааст.

1) Ҷавобгарии маданӣ. Ҷавобгарии маданӣ барои иҷро накардани уҳдадорӣ ё ба таври дахлдор иҷро накардани он ба вуҷуд меояд. Тибқи ҷавобгарии мазкур ба зиммаи ҳуқуқвайронкунанда (падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор) гаронии иловагии уҳдадории ҳуқуқии маданӣ гузошта мешавад ё ҳуқуқвайронкунанда аз ҳуқуқи субъективии мадании худ маҳрум карда мешавад. Мисол: Ба зиммаи падар ё модаре, ки уҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи кӯдак иҷро накардааст ё ба таври дахлдор иҷро накардааст, ҷуброни зарари моддӣ гузошта мешавад, ё ин ки аз ҳуқуқи падариву модарӣ маҳрум карда мешавад.

Мутобиқи қонунгузорӣ ҷавобгарии мадании падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда вобаста ба расидани кӯдак ба балоғат тағйир меёбад. Ноболиғи то синни 14-сола ба оқибати амалҳои худ ҷавобгар намебошанд. Зеро онҳо қобилияти роҳбарӣ (идора) намудани амали худ ва дуруст баҳо додани оқибатҳои имконпазири онро надоранд. Чунин қобилият тибқи қонунгузории маданӣ танҳо аз синни чордаҳсолагӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, ҷуброни зарари расонидаи онҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба зиммаи падару модари онҳо, васиён ё шахсоне гузошта мешавад, ки онҳо дар асоси шартнома барои назорати кӯдаки хурдсол масъуланд. Ҷавобгарии мазкур дар мавриде ба зиммаи онҳо гузошта мешавад, ки агар онҳо исбот карда натавонанд, ки зарар бо рафтори кӯдаки дар зери назорати онҳо қарордошта расонида нашудааст (м. 1198 Кодекси маданӣ).

Ҷавобгарии ноболиғони аз синни чордаҳсола то ҳаждаҳсола барои зарари расонидаашон аз ҷавобгарии хурдсолон (ноболиғони то синни 14-сола) фарқ дорад. Ҷавобгарии онҳо мустақил буда, характери умумӣ дорад, зеро онҳо қобилияти пурраи дарк намудани оқибати ҳаракати худро доранд. Агар ноболиғи аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола барои ҷуброни зарар молу мулк ё манбаи дигари даромад надошта бошад, он гоҳ зарар пурра ё дар қисмати нокифояи он аз ҳисоби падару модар (фарзандхондагон)-и ӯ ё парасторон, агар исбот карда натавонанд, ки зарар бо гуноҳи онҳо расонида нашудааст, рӯёнида мешавад.

2) Ҷавобгарии маъмурӣ. Намуди дигари ҷавобгарие, ки ба зиммаи падару модар ва дигар шахсон барои иҷро накардан ва ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳояшон гузошта мешавад, ҷавобгарии маъмурӣ мебошад. Чунин ҷавобгарӣ ҳангоми аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак татбиқ карда мешавад. Шахсони зикршуда барои иҷро накардани уҳдадориҳояшон ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд (моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ)[6].

Барои аз ҷониби шахсони дар боло зикршуда пешгирӣ накардани амалҳои кӯдак оид ба паҳн кардани маводди дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро дошта, барои рафтан ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ, зарар расонидан ба биною иншоот, панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда, ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин гирифта гаштани онҳо ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Барои ғаразнок истифода намудани васоят ё парасторӣ, бар зарари шахси таҳти васоят ва парасторӣ қарордошта ё бе назорат ё бе кумаки моддӣ гузоштани ӯ ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (моддаи 91 КҲМ). Ҳамзамон, ҷалби ноболиғон ба истеъмоли машрубот, маҳсулоти тамоку ё моддаҳои мадҳушкунанда, аз ҷумла маводди нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ё прекурсорҳои онҳо ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Барои содир намудани ҳамин кирдорҳо аз тарафи падару модар ё дигар намояндаҳои қонунии ноболиғон, инчунин шахсоне, ки ба зиммаи онҳо вазифаи таълиму тарбия ва табобати онҳо вогузор шудааст, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (моддаи 129 КҲМ).

Инчунин, барои аз тарафи падару модар ё шахсони дигар ҷалб намудани ноболиғон ба гадоӣ, фоҳишагарӣ, истеъмоли модда, ё воситаҳое, ки ба маводди нашъадор ё психотропӣ мансуб намебошанд, вале метавонанд ба фаъолияти зеҳнии онҳо таъсири манфӣ расонанд, ба андозаи аз ду то се нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъин карда мешавад. Барои ба ҳолатӣ мастӣ расонидани ноболиғон ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Дар мавридҳои дар боло зикршуда ҷавобгарии маъмурӣ дар ҳолате татбиқ карда мешавад, ки аломати ҷиноят мавҷуд набошад Барои ба ноболиғон фурӯхтани машруботи спиртӣ ё сигор ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (моддаи 464 КҲМ). Барои аз тарафи шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ (клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок), инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то яксаду бист, ба соҳибкорони инфиродӣ аз яксаду ҳаштод то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

3) Ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба падару модар дар мавридҳои зерин ба вуҷуд меояд:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таҳсилро яке аз ҳуқуқҳои умдатарини шахс эътироф кардааст (моддаи 41). Аз ин лиҳоз, Кодекси ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумӣ (11-сола) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд. Тибқи он ба ҳар тарзе монеъ шудан, аз ҷумла бо роҳи иҷозат надодан, фиреб ё таҳдид барои гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ аз ҷониби шахси воқеӣ манъ мебошад. Ба сифати шахсони воқеӣ метавонанд падару модар, кӯдакхонда, васӣ, парастор ва дигар шахсони ба синни 16-солагӣ расида баромад намоянд. Дар ҳолати ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумӣ мамониат намудан шахси мамониаткунанда бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (моддаи 164 Кодекси ҷиноятӣ).

Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар (кӯдакхондагон, васӣ, парастор, падар ва модари угай), инчунин, аз ҷониби омӯзгор, мураббӣ ё дигар корманди муассисаи таълимӣ, ё тарбиявӣ, ки ин уҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат ба ноболиғ анҷом дода шуда бошад, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Муносибати бераҳмона нисбат ба ноболиғ мумкин аст дар шакли расонидани азоби махсус бо роҳи лату кӯб, аз хӯрок, об, либос ва ғайраҳо маҳрум намудан ифода ёбад. Чунин кирдор тибқи моддаи 174-уми Кодекси ҷиноятӣ боиси ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол, ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки агар ноболиғ аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё шахси дигари қонунан ба зиммааш тарбияи шахсони ноболиғ гузошташуда бо роҳи ваъда, фиреб, таҳдид ё дигар усул ба содир намудани ҷиноят ҷалб карда шавад, чунин шахсон бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешаванд. Агар ҳаракатҳои зикршуда бо роҳи зӯроварӣ ё таҳдид анҷом дода шаванд, он гоҳ шахсони мазкур бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол, ё бидуни он ҷазо дода мешавад (моддаи 165 КҶ).

Ҷалби шахси ноболиғ аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё шахси дигари қонунан ба зиммааш тарбияи онҳо гузошташуда ҷиҳати истеъмоли мунтазами нӯшокиҳои спиртӣ, истеъмоли мунтазами ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда ё ҷалб кардан ба фоҳишагарӣ, оворагардӣ ва гадоӣ бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (моддаи 166 КҶ). Инчунин, содир намудани алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ ё дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаҳои тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда бо шахсе, ки баръало ба синни шондаҳсолагӣ нарасидааст, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (қисми 2 моддаи 141 КҶ ). Анҷом додани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаи тарбиявӣ ба зиммааш гузошташуда бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (қисми 2 моддаи 142 Кодекси ҷиноятӣ).

Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модар ё шахсоне, ки духтар таҳти васояти онҳост ё шахсоне, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин, далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад (моддаи 168 Кодекси ҷиноятӣ).

Истифодаи васоят ё парасторӣ бо мақсади ғаразнок ё дигар ниятҳои қабеҳ, ҳамчунин, дидаю дониста бе назорат ё бе ёрдами зарурӣ гузоштани шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордоштаро ба таври назаррас поймол кардааст, бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад (моддаи 176 Кодекси ҷиноятӣ).

Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти кӯдакони ноболиғ, ҳамчунин, кӯдакони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст, бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад (моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ).

Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани кӯдакон аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ ҷиҳати таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад (моддаи 178 Кодекси ҷиноятӣ).

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» кай қабул гардидааст?
  2. Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» аз чӣ иборат мебошад?
  3. Мафҳуми кӯдакро шарҳ диҳед.
  4. Васӣ ва парастор кист?
  5. Таълим ва тарбия чист?
  6. Вақти шабона чист?
  7. Марказҳои дилхуширо чӣ гуна мефаҳмед?
  8. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакро номбар намоед.
  9. Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакро номбар кунед.
  10. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак кадом аст?
  11. Уҳдадориҳои омӯзгорро шарҳ диҳед.
  12. Уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ аз чӣ иборат аст?
  13. Уҳдадориҳои муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, шарҳ диҳед.
  14. Чӣ гуна ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳо нисбат ба падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи кӯдак муқаррар гардидааст?

Реклама