Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи шаҳрвандиро субъектҳои он меноманд. Субъектҳои ҳуқуқи маданӣ шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо), Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ шуда метавонанд. Таҳти мафҳуми «шаҳрвандон», шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ фаҳмида мешаванд.
Шаҳрвандон ҳамчун иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ мебошанд. Қобилияти соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ буданро қобилияти ҳуқуқдории маданӣ меноманд. Чунин қобилият мувофиқи қонун барои ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар эътироф карда мешавад. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуди ӯ оғоз меёбад ва баъд аз вафоташ қатъ мегардад. Аз ин нуқтаи назар, дар баробари калонсолон, наврасон низ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ мебошанд. Ҳар як шаҳрванд метавонад соҳиби молу мулк бошад, аз бинои истиқоматӣ истифода барад, мерос гирад ва молу мулкашро васият кунад, инчунин, соҳиби ҳуқуқи муаллифи асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат ва соҳиби дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкӣ бошад. Ноболиғи то синни 18-сола метавонад соҳиби хона, мошин, яхдон, амонат дар бонкҳо бошад, вале ӯ ба истиснои ҳолатҳои муайянкардаи қонун ҳуқуқи фурӯхтан, иваз намудан, туҳфа кардан ва амсоли онҳоро то расидан ба синни муайян (балоғат) надорад. Барои ин, соҳиби қобилияти амалкунӣ будан лозим аст. Бинобар ин, қобилияти ҳуқуқдориро аз қобилияти амалкунии маданӣ фарқ бояд кард.
Қобилияти амалкунии маданӣ гуфта, қобилияти бо ҳаракатҳои худ ба даст овардани ҳуқуқҳои маданӣ ва барои худ ба вуҷуд овардани уҳдадориҳои шаҳрвандиро меноманд. Шаҳрванд метавонад хона, яхдон ва дигар молу мулкро барои моликияти шахсии худ бихарад. Дар чунин сурат, вай дорои ҳуқуқ ба молу мулк мешавад ва агар онро барои истифодаи муваққатӣ ба шахсони дигар диҳад, он гоҳ ҳуқуқ ва уҳдадории худро тағйир медиҳад. Дар сурати фурӯхтани молу мулк, ҳуқуқи соҳибмулкии худро қатъ мегардонад. Дорои қобилияти амалкунии ҳуқуқ будан на танҳо қобилияти баамалбарории ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, балки ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандиро низ дар бар мегирад, зеро шаҳрванде, ки ба балоғат расидааст, барои тамоми амалиёти зиддиҳуқуқиаш шахсан ҷавобгар мебошад. Қобилияти пурраи амалкунии маданӣ баробари ба балоғат расидан, яъне аз синни 18-солагӣ пайдо мешавад (моддаи 22-и Кодекси маданӣ), вале дар мавридҳое, ки шаҳрванд то синни 18-солагӣ ба никоҳ медарояд, қобилияти амалкунӣ дар ҳаҷми пуррааш аз вақти ба никоҳ даромадан пайдо мешавад. Ҳамзамон бо ин, дар мавриди эмансипатсия, яъне ҳангоме ки ноболиғ ба синни 16-солагӣ расида, тибқи тартиботи меҳнатӣ, аз ҷумла аз рӯйи қарордод кор кунад ё бо ризояти падару модар, фарзандхондагон, ё парастор ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, он гоҳ ӯ дорои қобилияти пурраи амалкунӣ эътироф карда мешавад. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми қобилияти амалкунии шаҳрвандон ба синни онҳо вобаста мебошад. Вобаста ба ин, шаҳрвандон ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:
Шаҳрвандоне, ки қобилияти пурраи амалкунӣ доранд. Чунин қобилият аз синни 18-солагӣ пайдо мешавад. Қобилияти амалкунии ноболиғони синни аз 14 то 18-сола. Онҳо дорои қобилияти амалкунии нопурра мебошанд. Ноболиғон дар чунин синну сол ҳуқуқи бастани аҳдҳоро бо ризояти падару модар (фарзандхондагон) ё парасторон доранд, вале онҳо ҳуқуқ доранд, ки бастани аҳдҳои хурди маишии барои онҳо безарарро анҷом диҳанд. Чунин амалиёти онҳо барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ё маънавиашон равона карда шуда, дар ҳаҷми маблағи пулии начандон калон баста мешавад. Дар баробари ин, ноболиғони аз синни 14 то 18-сола метавонанд мустақилона музди кор ё идрорпулии худро ихтиёрдорӣ кунанд, ҳуқуқҳои муаллифро ба асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат, ихтироот, навоварӣ ва кашфиёт ба амал бароранд. Дар чунин ҳолат, ихтиёрдорӣ намудани музди кор ва стипендияро аз ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки аз чунин воситаҳо ба даст дароварда шудааст, фарқ бояд кард, зеро ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани молу мулк ба ноболиғ дар асоси ризояти падару модарон ё парасторон дода мешавад. Риоя накардани чунин тартиб боиси беэътибор ҳисобидани аҳд мегардад, зеро мувофиқи моддаи 192 Кодекси маданӣ суд метавонад аҳдеро, ки ноболиғи аз 14 то 18-сола бе ризояти падару модарон, ба фарзандӣ қабулкардагон ё нигоҳубинкунандагон бастаанд, бо даъвои падару модарон ё парасторони онҳо беэътибор эътироф кунад.
Агар ноболиғи аз 14 то 18-сола музди кор ё стипендияашро беҳуда ва бар зарари манфиати худ сарф кунад, он гоҳ мақомоти нигоҳубинкунанда метавонад ҳуқуқи ноболиғро барои мустақилона ихтиёрдорӣ кардани музди кор ё стипендия маҳдуд созанд, ё ӯро аз чунин ҳуқуқ тамоман маҳрум кунанд. Ин вазифаро шуъбаҳои ҳокимияти иҷроияи ноҳияи ҷойи истиқомати ноболиғ иҷро карда метавонанд.
Ноболиғони то синни 14-сола ҳуқуқи бастани аҳдҳои хурди маиширо доранд. Чунин аҳдҳо, одатан, бо ризояти падару модарон (фарзандхондагон) ё васиён ва аз ҳисоби маблағҳои пулии онҳо баста мешаванд. Вале онҳо (ин наврасон) ҳуқуқ доранд, ки ба бонкҳои тиҷоратӣ амонат гузоранд ва онро ихтиёрдорӣ кунанд. Ноболиғони то синни 14-сола барои бастани дигар навъҳои аҳд ҳуқуқ надоранд. Аҳдҳоро аз номи онҳо падару модарон ё васиҳо мебанданд. Ҳама гуна аҳдҳое, ки ноболиғони то синни 14-сола (ба ғайр аз аҳдҳои хурди маишӣ) бастаанд, мувофиқи моддаи 197 Кодекси маданӣ беэътибор мебошанд. Тарафи қобили амал, ки дидаю дониста бо ноболиғ чунин аҳдро бастааст, уҳдадор аст ба тарафи дигар ҳаққи хароҷот ва товони молу мулки талафшударо диҳад.
Реклама