Ҷомеаи инсонӣ бидуни оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз дараҷаи маърифатнокӣ ва некуаҳволии оилаҳо дар ка- дом сатҳи инкишоф қарор доштани ин ё он ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад. Бинобар ин ҳуқуқи ташкил намудани оила дар қатори ҳуқуқҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ қарор дорад, зеро ҳанӯз дар Конститутсияи Тоҷикистон соли 1978 бори аввал ҳуқуқ ба ташкили оила ва таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила зикр шуда, ин меъёрҳо шакли ҳуқуқи асосӣ касб карда буданд. Дар Конститутсияи замони Истиқлол (1994) низ, чунонки дар боло қайд кардем, ба муносибатҳои оилавӣ ду модда (моддаҳои 33 – 34) бахшида шуда, давлат уҳдадор шудааст, ки оиларо ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимоя мегирад.
Тибқи моддаи 33 Конститутсия, расидан ба синни никоҳ шарте мебошад, ки дар сурати муҳайё будани он мардону занон ҳуқуқи озодона бастани ақди никоҳро пайдо мекунанд. Чи дар оиладорӣ ва чи ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқ эълон карда шудаанд. Якканикоҳӣ принсипи асосии ташкили оила мебошад. Дар моддаи 34 зикр шудани чунин меъёр, ки тибқи он модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд, ба уҳдаи давлат масъулияти рушди соҳаи иҷтимоиро вогузор мекунад.
Инъикоси ин меъёри конститутсионӣ (қисми якуми моддаи 34) аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳуқуқи миллӣ муқаррароти дахлдори як силсила санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия доир ба ҳуқуқи кӯдак (1989), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966) ва ғайра татбиқ шудаанд.
Кӯдакон бояд аз истисмори иқтисодию иҷтимоӣ муҳофизат карда шаванд. Дар моддаи 25 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз ҳимояи иҷтимоии баробар бархӯрдор будани ҳамаи кӯдакон, сарфи назар аз он ки онҳо дар ақди никоҳ ё берун аз он таваллуд шудаанд, муқаррар шудааст.
Дар давраи рухсатӣ аз рӯйи ҳомиладорӣ ва таваллуд фармон дар мавриди аз кор озод кардани занон ғайриқонунӣ эътироф мешавад. Дар дигар эъломияҳои дахлдори ин Созмони байналмилалӣ ҳадди ақалли синну соли қабул кардан ба кор муайян шудааст: дар соҳаи кишоварзӣ аз 14-солагӣ ва дар дигар мавридҳо аз 15-солагӣ. Тибқи санади дигари ҳуқуқии Созмони мазкур, Конвенсияи №90 «Оид ба меҳнати шабонаи наврасон дар соҳаи саноат», ба корҳои шабона дар саноат ҷалб кардани наврасони то 18-сола манъ аст.
Ҳимояи оила, ҳуқуқи модарӣ ва кӯдакӣ ҳуқуқи озодона бастани никоҳро низ дар бар мегирад. Никоҳ асос ва таҳкурсии ташкилёбии оила буда, бо созиши тарафайн, ихтиёрӣ бастани он барои ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила аҳаммияти фавқулода муҳим дорад. Давлат поймолкунии ҳуқуқҳоро ҳангоми ба никоҳ даромадан, тавассути муқаррар намудани шартҳои махсуси ба никоҳ даромадан, пешгирӣ мекунад.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13-уми ноябри соли 1998) ҳамчун санади асосии ҳуқуқие, ки муносибатҳои оилавиро танзим мекунад, барои ақди никоҳ ризояти ҳамдигарии марду зани ба никоҳ дароянда ва ба синни никоҳ расидани онҳоро чун шартҳои эътиборноки никоҳ муқаррар кардааст. Инчунин, Кодекси оила ҳолатҳоеро пешбинӣ кардааст, ки мавҷудияти онҳо монеи ақди никоҳ мешаванд. Муқаррар намудани шартҳои ақди никоҳ баробарии ҳуқуқҳои мардону занонро дар ташкили оила таъмин мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷомеа дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро эълон кардааст. Тибқи шароити Конститутсия ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд, ки озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳиро манъ кардааст. Ҳимояи оила, модар ва кӯдак, дастгирии иҷтимоии оила аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд. Конститутсия муқаррар мекунад, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории давлатанд. Ин муқаррароти Конститутсия шаҳодати он аст, ки таваллуди кӯдак ва никоҳ на танҳо кори шахсӣ аст, балки аҳаммияти ҷамъиятӣ дошта, дастгирии ҳамаҷонибаи давлатро тақозо мекунад.
Аз ҷумлаи чораҳои ҳуқуқие, ки бевосита ба ҳимояи модар ва кӯдак нигаронида шудаанд, рухсатӣ вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак барои занони бо фаъолияти меҳнатӣ машғулбуда мебошад, ки аз ҷониби қонунгузории меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Ин рухсатиҳо на танҳо ҳифзи манфиатҳои модар ва кӯдакро дар назар доранд, то дараҷаи муайян ҳамчун ҷуброни паст шудани даромади оила бо сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд низ мебошанд. Давомнокии рухсатӣ, кумакпулиҳое, ки ҳангоми рухсатӣ дода мешаванд ва ҳуқуқи баъди рухсатӣ ба ҷойи кори пештара баргаштан аз омилҳои муҳимми дастгирии иҷтимоии модару кӯдак ба ҳисоб мераванд.
Тибқи моддаи 223 Кодекси меҳнат, ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуди фарзанд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод (дар ҳолати таваллуди муш- кил ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кӯдак яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 224-и Кодекс муқаррар мекунад, ки рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак ба муҳлати якуним сол баъд аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан ба ӯ дода мешавад. Ин навъи рухсатӣ пардохти кумакпулиро низ дар назар дорад.
Қонунгузорӣ ҳимояи махсуси ҳуқуқҳои меҳнатии занон ва фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнатро, ки ба хусусиятҳои физиологии занон ҷавобгӯ мебошанд, таъмин месозад: кафолатҳо ҳангоми ба кор қабул кардан ва аз кор озод кардан, манъ кардани меҳнати онҳо дар корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зараровар, маҳдуд будани меҳнати занони ҳомила дар бастҳои шабона, гузаронидани онҳо ба корҳои нисбатан сабук ва ғайра. Қонунгузории меҳнатӣ дар ин самт манфиатҳои занони коркунандаро ҳамаҷониба мав- риди танзим қарор додааст.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 15, ки фарогири моддаҳои 207 – 214 мебошад, бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои амалишавии ҳуқуқҳои меҳнатии кӯдакони ноболиғ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо дар ин самт як зумра имтиёзҳо пешбинӣ кардааст.
Чунончи, дар моддаи 207-и Кодекси меҳнат баробар будани ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон зикргардида пешбинӣ шудааст, ки онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ истифода мебаранд.
Дар моддаҳои 208 ва 211-и Кодекси меҳнат дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарнок истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷрояшон ба саломатӣ ва рушди маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ эълон шуда, ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад. Аз ҷумла барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта; барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта; барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил ҳамзамон мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола 2,5 соат дар як рӯз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола 3,5 соат дар як рӯз вақти кӯтоҳи корӣ пешбинӣ шудааст.
Реклама