§12.9. АДВОКАТУРА ВА ТАРЗУ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

Дар ду моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – моддаҳои 19 ва 92 доир ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон сухан меравад. Онҳоеро, ки ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ машғуланд, адвокат ва чунин навъи фаъолиятро, фаъолияти адвокатӣ меноманд. Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти адвокатура баъди Конститутсия дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ муқаррар карда шудаанд. Адвокатҳо бевосита дар мурофиаҳои судӣ иштирок мекунанд, онҳо аз замони барои иштирок дар парванда роҳ дода шуданашон, ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми эълон кардани гуноҳ ҳозир бошанд, ҳангоми бозпурсии гумонбаршуда иштирок кунанд, дар ошкор кардани ҳолатҳое, ки гумонбаршуда ё айбдоршавандаро сафед мекунанд, аз тамоми усулу воситаҳои қонунӣ истифода бурда, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонанд. Бояд зикр кард, ки ёрии ҳуқуқӣ ба воситаи додани маслиҳату тавзеҳот, маслиҳати шифоҳӣ ва хаттӣ доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, тартиб додани аризаи даъвоӣ, шикояти кассатсионӣ, аризаҳои назоратӣ ба судҳо ба амал бароварда мешавад.

Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ адвокат ҳуқуқ дорад:

  • маълумоти заруриро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ кунад, аз ҷумла маълумотномаҳо, тавсифномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин, аз дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, дархост карда гирад ва мақомот ва ташкилотҳои зикргардида бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба адвокат ҳуҷҷатҳои дархосткардаи ӯ ё нусхаи тасдиқшудаи онҳоро ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар гирифтаанд, диҳанд; далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро ҷамъ оварад ва пешниҳод намояд;
  • бо шахси таҳти ҳимояташбуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокат бе мамониат як ба як (аз ҷумла аз лаҳзаи дастгир шудан, нигоҳ доштан дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ё изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ) бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокии муҳлат суҳбат анҷом диҳад;
  • маълумоти дар парванда мавҷудбударо, ки аз рӯйи он адвокат ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, бо риоя намудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда нусхабардорӣ кунад;
  • ҳангоми иштирок дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо матни пурраи санадҳои судии қабулкардаи суд шинос шавад;
  • барои ҳимоя ҳама гуна восита ва тарзҳои қонуниро ис-тифода барад.

Дар навбати худ адвокатҳо тибқи қонунгузории мавҷу- да як қатор уҳдадориҳо доранд:

  • содиқона, софдилона ва оқилона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя кунанд;
  • талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба иштироки ҳатмии адвокат ба ҳайси ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иҷро кунад, инчунин, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгон расонад;
  • савияи дониши худро баланд бардорад ва маҳорати касбии худро такмил диҳад;
  • дар муҳокимаи саривақтии парвандаҳо ба кашолкории сунъӣ роҳ надиҳад;
  • сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳу-рии Тоҷикистон ҳифзшавандаро, ки ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум шудаанд, ифшо насозад ва ғайра.

Бисёр масъалаҳои фаъолияти адвокатиро оинномаи коллегияи адвокатҳо ба танзим медарорад. Тибқи қонунгузорӣ дар бораи адвокатура коллегияи адвокатҳоро ташкил кардан мумкин аст ва барои таъсиси он гирифтани иҷозати махсус лозим нест. Коллегияи адвокатҳо бо ташаббуси 5 ва зиёда адвокат, ки ҳуқуқшиносҳои касбӣ мебошанд, таъсис дода мешавад.

Муассисони коллегияи адвокатҳо маҷлиси умумӣ даъват карда, дар он оиннома қабул мекунанд. Дар оиннома масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ, аз ҷумла мақсад ва вазифаҳои ташкилот, сохтори он, ҳуқуқу вазифаҳои аъзои коллегия, тартиби ҳал кардани мухолифати дохилӣ, сарчашмаи пайдоиши маблағҳо, моликияти коллегия ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, инъикос карда мешаванд.

Маҷлиси умумии коллегияи адвокатҳо аъзои раёсат, раиси коллегияи адвокатҳо, комиссияи тафтишотӣ ва тахассусии коллегияи адвокатҳоро интихоб мекунад. Мувофиқи талаботи ин қонун, ба узвияти коллегияи адвокатҳо ҳамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, ки таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва на камтар аз ду соли собиқаи кории ҳуқуқӣ дошта бошанд, агар ин гуна собиқаи корӣ надошта бошанд, пас бояд ҳадди ақал аз 6 моҳ то 1 сол ба ҳайси адвокат коромӯзӣ карда бошанд.

Масъалаи қабул ба узвияти коллегияи адвокатҳо ба уҳдаи раёсати коллегия вогузор шудааст. Раёсат, дар навбати худ, ин масъаларо аз рӯйи хулосаи комиссияи тахассусии коллегияи адвокатҳо бо дарназардошти сифатҳои касбӣ ва ахлоқии шахси аризадода ҳал мекунад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Мафҳуми низоми судиро шарҳ диҳед.
  2. Адолати судӣ чист ва роҳҳои ба амал баровардани онро номбар кунед.
  3. Тартиби мурофиаи судиро кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим медароранд?
  4. Якчанд принсипи адолати судиро мувофиқи ҷаҳонбиниатон тафсир кунед.
  5. Судҳои шаҳр ва ноҳия дар низоми судии мамлакат чӣ гуна мавқеъ доранд?
  6. Ба низоми судҳои ҳарбӣ кадом судҳо дохил мешаванд?
  7. Салоҳияти Суди конститутсиониро шарҳ диҳед.
  8. Доираи субъектҳои ба судҳои иқтисодӣ муроҷиаткунандаро номбар кунед.
  9. Самтҳои фаъолияти Вазорати адлияро ном баред ва бигӯед, ки он дар ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ба чӣ корҳо масъул аст?
  10. Зарурати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар чӣ зоҳир мешавад?
  11. Чаро фаъолияти идораҳои нотариали давлатӣ таҳти назорати давлат қарор дорад?
  12. Назорати прокурорӣ чӣ маъно дорад ва санадҳои прокурорӣ кадомҳоянд?
  13. Самтҳои фаъолият ва салоҳияти милитсияро номбар кунед.
  14. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбарӣ мегиранд?
  15. Мундариҷаи мафҳуми тафтишоти пешакиро шарҳ диҳед.
  16. Фаъолияти адвокатура чӣ тарз ба роҳ монда мешавад?

Реклама