§5.9. МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ ШАХСӢ ВА МОЛУМУЛКИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН

Ҳуқуқу вазифаи падару модарон барои тарбияи фарзандон ба насаби фарзандон вобаста аст. Одатан, муқаррар кардани модари кӯдак мушкил нест. Ин фақат бо маълумотномаи муассисаҳои тиббӣ (таваллудхонаҳо), агар кӯдак дар хона ба дунё омада бошад, бо тасдиқномаи духтур ё дигар кормандони тиббӣ ва ҳангоми набудани онҳо аз рӯйи нишондоди ду шоҳид тасдиқ карда мешавад.

Барои исботи модарӣ дар никоҳ будан ё набудани зани соҳиби фарзандшуда аҳаммият надорад. Масъалаи муқаррар кардани падари кӯдак мушкилтар аст. Дар қонун чунин тартиботи муқаррар кардани насаби кӯдак пешбинӣ шудааст:

а) насаби кӯдак аз падару модаре, ки ақди никоҳ доранд, бо қайди никоҳи падару модар тасдиқ карда мешавад, албатта, дар ин қоида баъзе истисноҳо вуҷуд дорад;

б) агар падару модар байнашон никоҳ надошта бошанд, модари кӯдак аз рӯйи аризаи модар, падари кӯдак аз рӯйи аризаи якҷояи падар ва модари кӯдак ё мувофиқи қарори суд навишта мешавад;

в) дар сурати таваллуд ёфтани кӯдак аз шахсоне, ки ақди никоҳ надоранд, агар аризаи якҷояи падару модар набошад, падари кӯдак аз рӯйи аризаи падар ё модар ё васии (парастори) кӯдак, инчунин, худи фарзанд (баъди ба балоғат расиданаш) ва дигар шахсоне, ки кӯдак дар таъминоти онҳо мебошанд, бо роҳи судӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми муқаррар кардани падари кӯдак, суд ҳолатҳои то таваллуди кӯдак якҷоя зиндагӣ кардан ва рӯзгордории умумии модари кӯдак ва шахси ҷавобгар ё аз тарафи онҳо якҷоя тарбия, ё таъмин кардани кӯдак, ё худ далелҳоеро, ки ҳамчун падар иқрор шудани ҷавобгарро дар ҳақиқат исбот мекунанд, ба эътибор мегирад.

Дар соҳаи муносибатҳои байни падару модарон ва фарзандон муносибатҳои шахсии ҳуқуқӣ мавқеи ҳалкунандаро мебозанд. Барои ин муносибатҳо хислати бо ҳам пайвастаи ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон хос мебошад.

Ба ҳуқуқи шахсии волидону фарзандон инҳо дохил мешаванд:

а) ҳуқуқи кӯдакон ба ном, номи падар, насаб ва мувофиқан ба ин, ҳуқуқи падару модар барои ба фарзандон додани ном, номи падар ва насаб;

б) ҳуқуқи падару модарон – тарбия кардани фарзандон ва ҳуқуқи фарзандон – гирифтани тарбия аз падару модар;

в) ҳуқуқи падару модарон – аз номи фарзандон намояндагӣ кардан, ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо ва мувофиқан ҳуқуқи фарзандон – ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати онҳо.

Насаби фарзандон бо насаби падару модарашон муайян карда мешавад. Агар падару модар насаби гуногун дошта бошанд, ба кӯдак бо мувофиқаи падару модар насаби модар ё падар дода мешавад, ҳангоми набудани ин гуна мувофиқа, насаб бо нишондоди мақомоти васоят ва парасторӣ муайян карда мешавад.

Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин, ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мешаванд, манъ аст.

Тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар, ё модар бидуни илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.

Иваз кардани ном, номи падари кӯдак, ки ҳангоми қайди таваллудаш ба ӯ дода шуда буд, бо роҳи қонунӣ то ба синни 16-солагӣ расидани кӯдак мумкин аст. Қатъ гардидан ё беэътибор донистани никоҳи падару модар сабаби тағйир ёфтани насаби фарзандон намешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба номгузорӣ ва иваз кардани ном тибқи анъанаҳои мил- лиашон кафолат дода шуда, аз ҷумла дар моддаҳои 20 ва 67 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» пешбинӣ шудааст, ки намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи Феҳристи номҳои мил- лии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон амалӣ кунанд. Ё худ намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номи худро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон иваз кунанд.

Ҳуқуқи падару модарон ба тарбияи кӯдакон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии онҳо мебошад. Падару модарон вазифадоранд, ки фарзандонашонро тарбия намоянд, дар бораи саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва маънавию ахлоқӣ, инчунин, таълими онҳо ғамхорӣ кунанд, онҳоро ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ тайёр намуда, ҳамчун узви сазовору содиқи ҷомеа ба камол расонанд. Ҳуқуқи падару модарӣ танҳо бо роҳи судӣ аз нав барқарор карда мешавад.

Ҳангоми ҳал кардани масъалаи аз нав барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ, синну соли фарзандоне, ки дар ҳаққи онҳо чунин чора дида мешавад, аҳаммият дорад. Дар ин ҳолат, агар фарзанд ба синни 10-солагӣ расида бошад, суд дар вақти ҳал кардани даъвои барои аз нав барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ фикру хоҳиши кӯдакро ба эътибор мегирад.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи падару модар тарбияи фарзанд ва дар руҳияи инсондӯстӣ ба воя расонидани ӯ мебошад, аммо, мутаассифона, дар таҷриба ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки падару модарон ба тарбияи фарзандони худ беэътиноӣ зоҳир карда, ба ояндаи онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намекунанд. Ин амал боиси ба ҳар гуна корҳои бад даст задани кӯдакон, ба оворагардӣ машғул шудани онҳо ва аз таълиму тарбияи мактабӣ дур мондани тифлон мешавад.

Бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия кардани фарзандон, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо бо ташаббуси наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардида, дар он муқаррар карда шуд, ки падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.

Реклама