§6.1. МАФҲУМ, ПРИНСИП ВА САРЧАШМАҲОИ ҲУҚУҚИ МЕҲНАТӢ

Тибқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнатӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳуқуқ ба меҳнат яке аз ҳуқуқҳои асосии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ шарти муҳимми амалӣ кардани ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба меҳнат мебошад.

Гузариш ба иқтисодӣ бозорӣ боиси дигаргуниҳои ҷиддӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатии ба предмети ҳуқуқи меҳнатӣ тааллуқдошта ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд, сарчашмаҳои батанзимдарорӣ ва принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ шуд. Дар ин давра моҳият ва мазмуни муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба он алоқаманд ба таври куллӣ дигаргун шуда, механизми ҳуқуқӣ ва принсипҳои батанзимдарории онҳо ба он мутобиқ гардонида шуданд.

Ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар шароити бозори меҳнат ба миён омада, тарзи ташкил ва татбиқи меҳнати кирояро муайян мекунанд, ба танзим медарорад.

Ҳамин тавр, ҳуқуқи меҳнатӣ муносибатҳои меҳнатиеро ба танзим медарорад, ки дорои аломатҳои зерин мебошанд:

  • Онҳо ба созиши байни корманд ва корфармо асос меё-банд. Мазмуни чунин созишро шахсан ва дар асоси музд иҷро кардани функсияи меҳнатӣ, яъне кор дар асоси касб, ихтисос ва вазифа ташкил медиҳад.
  • Корманд уҳдадор аст қоидаҳои тартиботи дохилии корро риоя намояд ва корфармо дар навбати худ уҳдадор мешавад, ки шароити дахлдори меҳнатиро тибқи қонунгузории меҳнатӣ, шартномаи коллективӣ, созишномаҳо ва шартномаи меҳнатӣ таъмин кунад.

Иштирокчиёни (субъектҳои) муносибатҳои меҳнатӣ корфармо ва корманд мебошанд, ки онҳо муносибатҳои худро бештар дар асоси шартномаи меҳнатӣ амалӣ мекунанд. Ба ҳайси корманд танҳо шахси воқеӣ ва ба сифати корфармо шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ташкилот) баромад мекунад. Қобилияти умумии меҳнатӣ бо расидани шахси воқеӣ ба синни понздаҳсолагӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, бо дарназардошти масъалаҳои ҳифзи саломатӣ, камолоти ҷисмонӣ ва руҳии таълимгирандагон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсусро, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, ба кор қабул кардан мумкин аст. Ҳамчунин, таълимгирандагоне, ки ба синни 14-солагӣ нарасидаанд, бо мувофиқаи падару модар метавонанд шартномаи меҳнатӣ баста, дар театрҳо, кинофилмҳо, консертҳо, сиркҳо иштирок намоянд.

Мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ (ташкилот), инчунин, намоянда ва филиалҳои онҳо, шахси воқеии бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифташуда ба сифати корфармо эътироф карда мешаванд.

Ҳуқуқи меҳнатӣ ба принсипҳои муайяни ҳуқуқӣ асос меёбад. Онҳо ғояҳои асосие мебошанд, ки моҳияти ҳуқуқи меҳнатӣ, равиши асосии сиёсати давлатро дар соҳаи фаъолияти бозори меҳнат, татбиқ ва ташкили меҳнати кироя ифода менамоянд. Ба принсипи асосии ҳуқуқи меҳнатӣ, пеш аз ҳама, принсипи озодии меҳнат дохил мешавад. Мазмуни онро аз ҷониби ҳар як шахс озодона интихоб шудани касб ва навъи фаъолият, ихтиёрдории қобилияти худ ба меҳнат, озодона ризо шудан ба ин ё он шароити меҳнат, ташкил медиҳад.

Принсипи дигаре, ки ҳамчунин муҳим аст, принсипи манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳама гуна фарқгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯйи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пӯст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам медиҳад, манъ аст.

Принсипи манъи кори маҷбурӣ принсипи дигари асосии ҳуқуқи меҳнатӣ мебошад. Дар зери мафҳуми «кори маҷбурӣ» иҷро кардани кор дар зери таҳдиду фишор, зӯрӣ, ба монанди барои иштирок дар корпартоӣ ё ин ки ба сифати чораи ҷазо барои ифодаи ақидаи сиёсӣ, ё эътиқоди ғоявии хилофи низоми мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ, ба ҳайси чораи маҳдудият ва ғайра фаҳмида мешавад.

Сарчашмаҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба он алоқаманд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 23-юми июли соли 2016, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1-уми августи соли 2003, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5-уми марти соли 2007 ва ғайра мебошанд.

Инчунин, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат эътироф карда мешаванд. Санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон низ сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд.

Реклама