§9.5. МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ (ҶАМОАТ) ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ ҲУҚУҚИ МАЪМУРӢ

Асосҳои ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷузъҳои он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17-уми майи соли 2004 муқаррар карда шудааст.

Сохтори мақомоти худидоракунии маҳаллиро худи аҳолӣ мустақилона муайян мекунад. Муайян кардани вазъи мақомоти намояндагии худидораи маҳаллӣ ба соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ дахл дорад. Ҳуқуқи маъмурӣ вазъи мақомоти худидораи маҳаллиро, ки функсияҳои дорои хусусияти идоракуниро амалӣ мегардонанд, муқаррар месозад. Тибқи моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд». Тартиби интихоби Ҷамоат (раис, муовинони ӯ ва котиб), ваколатҳо, сохтор ва ташкили фаъолият, инчунин, ваколатҳои раиси онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5-уми августи соли 2009 муқаррар кардааст.

Мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқан Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот мебошанд.

Ҷамоатҳо дар амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар идораи корҳои ҷамъияти ва давлатӣ ёрӣ мерасонанд, онҳоро барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагии ҳудуди худ, ҳалли масъалаҳои муҳимме, ки бевосита ба манфиати аҳолӣ дахл доранд, муттаҳид месозанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ва раисони онҳо мусоидат мекунанд. Дар кори ҷамоатҳо шаҳрвандоне иштирок мекунанд, ки синнашон ба 18-солагӣ расидааст ва дар ҳудуди мазкур доимӣ истиқомат мекунанд.

Реклама