§4.2. МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ АНДОЗ

Муносибатҳои ҳуқуқии андоз муносибатҳои ҷамъиятии молиявие мебошанд, ки доир ба муқаррар кардан ва рӯёнидани андозҳо аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд. Муносибатҳои ҳуқуқи андоз дорои хусусиятҳои зерин мебошанд:

  • онҳо танҳо дар соҳаи андозсупорӣ ҷой доранд;
  • дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи андоз ба вуҷуд меоянд, тағйир дода ё қатъ карда мешаванд;
  • хусусияти оммавӣ доранд;
  • доир ба маблағҳои пулӣ ба вуҷуд меоянд;
  • давлат дар шахсияти мақомоти андоз ва молия ба ҳайси тарафи ҳатмии он баромад мекунад.

Муносибатҳои андоз аз субъект, объект ва мазмуни он иборатанд. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ андоз аз як тараф, андозсупорандагон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), аз тарафи дигар, мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти андоз, агентҳои андоз, мақомоти гумрук, мақомоти дигар, ки ваколатдоранд андозҳоро ҳисоб ва ё ҷамъоварӣ кунанд, мебошанд.

Объекти андозбандӣ он чизе шуда метавонад, ки рафтори субъектҳо ба он равона карда мешавад. Объекти андозбандӣ молу мулк, амал, натиҷаи амал ё ҳолати дигаре мебошад, ки дорои хусусияти арзишӣ, миқдорӣ ё ҷисмонӣ буда, бо мавҷудияти он тибқи қонунгузории андоз уҳдадории андозии андозсупоранда ба вуҷуд меояд. Объекти андозбандӣ ҳолатҳо, ҳуқуқҳо ва ё ҳаракатҳои аз рӯйи ҳар як навъи андоз муайяншавандае мебошад, ки аз мавҷудияти онҳо уҳдадориҳои андозӣ ба миён меояд.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъективии иштирокчиёни андоз мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи андозро ташкил медиҳанд. Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи андоз дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мебошанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқ доранд аз мақомоти андоз доир ба андозҳои амалкунанда ва тағйирот дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гиранд, инчунин, доир ба тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андозҳо ва пур кардани шаклҳои ҳисоботи андоз шарҳу эзоҳ дастрас намоянд, манфиатҳои худро дар бобати муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ ҳифз кунанд, тибқи тартиби муқарраршуда ҳисоботи андозро дар шакли электронӣ пешниҳод созанд, аз шахсони мансабдори мақомоти андоз ҳангоми амалӣ намудани ҳаракатҳояшон нисбат ба андозсупорандагон риояи қонунгузории андоз ва дигар ҳуқуқҳое, ки Кодекси андоз муқаррар кардааст, талаб кунанд (моддаи 33 Кодекси андоз).

Ҳамзамон, андозсупорандагон уҳдадоранд, ки уҳдадо- риҳои андозро мутобиқи Кодекси мазкур саривақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намоянд, талаботи қонунии кормандони мақомоти андозро дар хусуси бартараф кардани вайронкуниҳои қонунгузории андоз иҷро карда, инчунин, ба фаъолияти қонунии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон монеъ нашаванд, дар асоси амрнома ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ ва ё объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошад, иҷозат диҳанд, ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод кунанд. Инчунин, дар давоми 5 рӯзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ иттилоотро дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи худ, дар бораи қабули қарор доир ба азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ (қатъ гардидани фаъолият) ё муфлисшавӣ, дар бораи тағйир ёфтани низоми истифодашавандаи андозбандӣ пешниҳод намоянд ва дигар уҳдадориҳои муқаррарнамудаи Кодекси андозро иҷро кунанд.

Мақомоти андоз, ҳамчун иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқи андоз, дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян мебошанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқ доранд назорати андозро амалӣ намоянд ва тибқи Кодекси андоз ҳаҷми уҳдадории андозро ҳисоб намоянд. Дар ҷараёни санҷишҳои андоз санҷиши ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисобот, пулҳои нақд, коғазҳои қиматнок ва дигар сарватҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳоро анҷом диҳанд. Доир ба масъалаҳои дар рафти санҷиш ба миёномада аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ маълумот гиранд. Дар рафти санҷиши андоз молу мулкеро, ки объекти андозбандӣ ва ё объекти ба андозбандӣ алоқаманд мебошад, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавиаш, муоина кунанд. Барои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз муҷозот ва ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси андоз ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ кунанд, дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории андоз нисбат ба андозсупорандагон, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ ҷавобгариро татбиқ намоянд, инчунин, дорои дигар ҳуқуқҳое мебошанд, ки қонунгузории андоз муайян кардаанд.

Мақомоти андоз уҳдадоранд, ки талаботи Конститутсия, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон ва ташкилотҳоро риоя кунанд, дуруст ҳисоб кардан, ба пуррагӣ ва саривақт ба буҷет пардохт гардидани андозҳоро назорат кунанд, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро анҷом диҳанд, баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, инчунин, андозҳои ҳисобшуда, пардохтшуда ва бақияпулиҳоро таъмин намоянд. Инчунин, мақомоти андоз уҳдадоранд, ки дар бораи ба буҷет ворид шудани андозҳо ҳисобот тартиб диҳанд, ҷаримаҳо ва фоизҳои муқарраршударо татбиқ кунанд ва сари вақт ситонанд, назорати андозро амалӣ намоянд, чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андози андозсупорандаро татбиқ кунанд, махфияти сирри андозро риоя намоянд, дастрасии андозсупорандагонро ба маълумот доир ба масъалаҳои ба андозбандии онҳо алоқаманд таъмин созанд ва дигар уҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории андозро иҷро кунанд.

Реклама