§5.4. ПРИНСИПҲОИ ҲУҚУҚИ ОИЛАВӢ

Қонунгузории оилавӣ моҳиятан аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад ва ин меъёрҳо на танҳо асоси қонунгузории никоҳу оиларо ташкил медиҳанд, балки принсипҳои онро низ муайян мекунанд. Масалан, ҳуқуқи оилавӣ баробарҳуқуқии мардону занонро дар муносибатҳои оилавӣ танзим кардааст. Ин ҳолат ҳам дар ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ҳангоми никоҳ ва ҳам дар танзими баҳсҳо доир ба амволи умумӣ зоҳир мешавад. Ҳам падар ва ҳам модар ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд, сарфи назар аз он ки кӯдак бо кадоме аз онҳо зиндагӣ мекунад ва новобаста ба он ки кӯдак дар никоҳ ё ин ки берун аз он таваллуд шудааст.

Ғайр аз ин, Конститутсия озодии шахсиятро дар маври- ди аввал мегузорад. Ин озодӣ дар интихоби тарзу усулҳои гуногуни рафтор зоҳир мешавад. Қонунгузории оилавӣ низ ба шахсиятҳо имкониятҳои истифодаи озодиро дар вазъ- ияти гуногун: ҳангоми дохил шудан ба никоҳ, ҳангоми ҳалли масъалаҳои баҳсноки оилавӣ, дар интихоби навъҳои тарбия ва таълими кӯдакон фароҳам меоварад.

Дар қисми якуми моддаи 19 Конститутсия сабт шудааст, ки «ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад». Ҳуқуқи оилавӣ низ чунин вазифа дорад, яъне ҳар як узви оила барои таъмини ҳуқуқҳои худ аз имконияти ҳифзи судӣ бемонеа истифода бурда метавонад. Дар солҳои пеш ҳангоми сар задани баҳсҳои байни ҳамсарон дар мавриди тааллуқмандӣ ва бо кадоме аз ҳамсарон зиндагӣ кардани кӯдак, онҳо аз ҳифзи маъмурии ҳуқуқҳояшон истифода мебурданд. Ҳоло қонунгузор имкониятҳои васеи истифода аз ҳимояи судиро пешбинӣ кардааст.

Дар Конститутсия инчунин, дахлнопазирии шахсӣ эълон шудааст. Дар ҳуқуқи оилавӣ ин ғоя низ истиқбол шуда, таъкид мешавад, ки ягон кас ҳуқуқи ба корҳои оилавӣ дахл карданро надорад. Масалан, ҳангоми пеш омадани масъалаи қатъи никоҳ, на суд ва на мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ наметавонанд садди роҳи хулосаи ҳамсарон шаванд.

Дар мамлакати мо, тибқи Конститутсия, ҳар кас ҳуқуқи озодона баён кардани афкори худро дорад. Таъсири ин меъёри конститутсионӣ дар як қатор моддаҳои Кодекси оила низ ба назар мерасад. Ҳар узви оила ҳуқуқи озодона баён кардани фикру мулоҳизаи худро дорад. Ҳангоми дахолат ба манфиатҳои кӯдак ӯ низ метавонад мавқеи худро муайян кунад, фикри кӯдак ҳам дар мурофиаи судӣ ва ҳам дар баррасии маъмурӣ шунида мешавад. Зиёда аз ин, ҳангоми баровардани қарор дар мақомоти васоят ва парасторӣ, агар синни ӯ ба 10-солагӣ расида бошад, ризояти кӯдак гирифта мешавад. Ҳамин тавр, принсипҳои зерини ҳуқуқи оилавиро, ки тавассути онҳо муносибатҳои оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд, номбар кардан мумкин аст:

  • баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли ҳама масъалаҳои оилавӣ;
  • ин баробарҳуқуқӣ натанҳо ҳангоми аз ақди никоҳ гу-заштан, балки баъд аз он ҳам нигоҳ дошта мешавад. Онҳо инчунин, ҳуқуқи баробари шахсӣ ва молумулкӣ пайдо мекунанд;
  • баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои ои-лавӣ сарфи назар аз миллат, нажод ва муносибаташон ба дин;

Дар кишвари мо дар вақти бастани ақди никоҳ ба муносибатҳои оилавӣ аз рӯйи аслу насаб, мавқеи иҷтимоӣ ва молу мулкдорӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъ ва характери касбу кор, ҷойи зист ва дигар ҳолатҳо ба ягон тарз, бевосита ё бавосита маҳдудкунии ҳуқуқ, муқаррар намудани афзалиятҳои бевоситаю бавосита роҳ дода намешавад.

  • муҳофизат ва ҳавасманд намудани ҳуқуқи модарӣ;
  • ғамхорӣ дар ҳаққи фарзандон ва ҳимояи манфиати онҳо.

Падару модарон вазифадоранд, ки фарзандонашонро дар руҳияи ахлоқи нек тарбия намуда, дар бораи саломатӣ ва рушди ҷисмонию маънавии онҳо ғамхорӣ кунанд.

  • якканикоҳӣ;

Моҳияти ин принсип дар он зоҳир мешавад, ки ҳар кас фақат дар як никоҳ буда метавонад. Агар ин принсип риоя нашавад, никоҳ беэътибор дониста мешавад.

  • озодона ва ихтиёрӣ бастани никоҳ;
  • роҳ надодан ба дахолати беруна ба масъалаҳои оила;
  • дар зери назорати давлат бекор кардани никоҳ;
  • афзалияти манфиати кӯдак ва узви корношоями оила;
  • роҳ надодан ба ягон навъи табъиз нисбат ба ҳар як узви оила;
  • роҳ надодан ба маҳдудиятҳои маҷбурии ҳуқуқҳои ои-лавӣ;
  • ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ;
  • аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ масъули ҳамдигар будани падару модар ва фарзандон;
  • ба уҳдаи давлат вогузор кардани уҳдадорӣ доир ба ҳифзи оила, модарӣ, падарӣ ва кӯдакӣ;
  • ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо;
  • афзалияти тарбияи кӯдак дар оила, ғамхорӣ нисбат ба некуаҳволӣ ва рушду камоли ӯ;
  • аз ҳалли масъалаҳои никоҳ ва оила ҷудо будани дин.

Ғайр аз ин, ҳуқуқи оилавӣ аз муқаррароти афзалият доштани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба қонунгузории миллӣ истифода мекунад, ба шарте ки дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нукта зикр шуда бошад.

Реклама