Маълум аст, ки ҳар гуна таҷовуз ба неъматҳои бо қонун ҳимояшавандаи иҷтимоӣ барои ҷомеа хавфнок аст, аммо чизи дигар низ маълум аст, ки дараҷаи ин хавфнокӣ метавонад мухталиф бошад ва бинобар ин, тарзу усулҳои ҳимояи он низ гуногун шуда метавонад.
Муҳимтарин масъалае, ки ҳуқуқи ҷиноятӣ ба ҳалли он машғул аст, асосҳо ва ҳудуди ҷавобгарии ҷиноятист. Ҳамаи дигар масъалаҳо аз ҳамин масъала сарчашма мегиранд ва табиатан дуюмдараҷа ба шумор мераванд. Табиист, ки масъалаи ҷавобгарии ҷиноятӣ бояд дар ҳолати мушаххас нисбат ба кирдори ҷинояткоронае, ки сазовори ҷазост, ҳал карда шавад. Мундариҷаи асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ дар мафҳумҳои «ҷиноят», «ҷавобгарии ҷиноятӣ», «ҷинояткор» ва «ҷазо» ҳамчун категорияҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқии универсалӣ ифода мешавад.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ кирдори ҷиноятиро бо мақсадҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Кирдори ҷиноятиро ҳуқуқи ҷиноятӣ, пеш аз ҳама, аз ду ҷиҳат меомӯзад: ҳамчун муносибати ҷинояткор ба объекти ҷиноят, неъмати ҷамъи- ятӣ ё давлатӣ ва ҳамчун муносибати давлат ба ҷинояткор.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ аз ду функсия: функсияи муҳофизатӣ ва функсияи танзимкунандагӣ иборат аст. Ҳардуи ин функсияҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ба якдигар алоқаманданд ва якҷоя моҳияти механизми ҷиноятро танзим мекунанд.
Ғайр аз ин ҳуқуқи ҷиноятӣ функсияи тарбиявӣ низ дорад, ки тавассути мусоидат кардан ба инкишофи шуури ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ карда мешавад. Бо роҳи қабули қонунҳои ҷиноятӣ давлат ба шаҳрвандон мефаҳмонад, ки чӣ гуна кирдорҳо барои ҷомеа хавфнок мебошанд. Татбиқи қонуни ҷиноятӣ на фақат ба шахсе, ки қонунро вайрон кардааст, балки ба дигарон низ таъсир мерасонад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият дигаргуниҳои азим ба амал омаданд. Чунин ҳолат ба вазифаҳо ва таъиноти ҳуқуқи ҷиноятӣ низ таъсир расонид. Мисоли равшани ин, пеш аз ҳама, бо роҳу усулҳои ҷиноятию ҳуқуқӣ ба муҳофизат гирифтани ҷомеа, ҳуқуқ ва вазифаҳои он, инчунин, муҳофизати баробари шаклҳои гуногуни моликият мебошанд.
Ба ибораи дигар, вазифаи асосии ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳифзи ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон, ҳама шаклҳои моликият, амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, муҳити атроф, асосҳои сохти конститутсионии давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона мебошад.
Ҳамин тавр, ҳуқуқи ҷиноятӣ соҳаи мустақили ҳуқуқ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки дар онҳо ҷиноят будани кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок ва татбиқ кардани ҷазо нисбат ба шахсони ҷиноят содиркарда, инчунин, асос, шарт ва тартиби ҷавобгарӣ барои ҷинояти мушаххас, тартиби таъин намудани ҷазо ва озод кардан аз ҷазо, тартиби сафарбар кардани аҳли ҷомеа ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ислоҳ ва азнавтарбиякунии маҳкумшудагон нишон дода мешаванд.
Предмети танзими ҳуқуқи ҷиноятӣ муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки онҳо бинобар содир шудани ҷиноят пайдо мешаванд. Содиршавии ҷиноят далели ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои ҳуқуқи ҷиноятиро ба вуҷуд меорад.
Вазифаи ҳуқуқи ҷиноятӣ аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, моликият ва умуман, тартиботи ҳуқуқиро аз таҷовузҳои ҷинояткорона муҳофизат кунад.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқ сарчашмаи худро дорад. Сарчашмаи ҳуқуқи ҷиноятӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст.
Ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ принсипҳои муайяни худро дорад.
Принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ғояҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки дар меъёрҳои ҳуқуқ ифода шуда, тавассути ин меъёрҳо инъикоси худро дар ниҳодҳо ва муқаррароти алоҳидаи он меёбанд. Принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузирии ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳкорӣ, адолат, инсондӯстӣ ва демократизм аз ҷумлаи ин принсипҳо мебошанд.
Принсипи қонуният дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Дар моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд, ҳеҷ кас гунаҳкор дониста намешавад».
Принсипи қонуният дар он ифода меёбад, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ бояд мувофиқ ба қонуни ҷиноятӣ мавриди ҷазо қарор дода шавад.
Принсипи баробарӣ дар назди қонун чунин мазмун дорад, ки шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, эътиқоди динӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, маҳалли истиқомат ва ғайра, дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Мувофиқи мазмуни принсипи ногузирии ҷавобгарӣ шахси ҷинояткарда ҳатман бояд таҳти ҷазо қарор гирад.
Моҳияти принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳкорӣ дар он ифода меёбад, ки ҳар кас танҳо барои кирдори шахсан содиркардаи худ таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор мегирад.
Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷомеа хавфнок ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки гуноҳаш дақиқ муайян шуда бошад. Барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс мумкин нест.
Принсипи адолат дар моддаи 8 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зерин ифода ёфтааст: «Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир кардани он ва шахсияти гунаҳкор мувофиқ бошад».
Моҳияти принсипи адолат дар он зоҳир мешавад, ки ҳангоми таъини ҷазо суд бояд баъди таҳлили объективонаи ҷинояти содиршуда ва шахсияти гунаҳкор қарори дахлдор қабул кунад.
Принсипи инсондӯстӣ ба ҳамин мазмун аст, ки ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноӣ, ки нисбат ба шахси ҷиноят содиркарда истифода мешаванд, мақсади озори ҷисмонӣ ва таҳқири шаъну эътибори инсонро надоранд.
Давра ба давра қабул шудани қонунҳои афв, истифодаи ниҳоди маҳкумкунии шартӣ ва пеш аз муҳлат озод намудан аз адои ҷазо низ исботи татбиқи амалии ҳамин принсип мебошанд.
Реклама