§5.8. ҲУҚУҚҲОИ МОЛУМУЛКИИ ЗАНУ ШАВҲАР

Пас аз қайди давлатии никоҳ дар байни зану шавҳар, муносибатҳои молумулкӣ пайдо мешаванд. Минбаъд дар ҷараёни никоҳ молу мулки якҷоя бадастовардашуда мувофиқи моддаи 34 Кодекси оила, молу мулки муштараки зану шавҳар ба шумор меравад, молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ҳисобида мешавад.

Молу мулки якҷояи зану шавҳар аз маблағҳои пулӣ, амволи манқул (мошинҳои тамғаҳои гуногун ва дигар воситаҳои нақлиёт), инчунин, амволи ғайриманқул: хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳо, мебели хона, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, вексел, чек, сертификати бонкӣ, саҳмияҳо, пай ва ғайра иборат аст. Ҳамаи молу мулки номбурда, ки танҳо дар давраи зиндагии якҷояи зану шавҳар ҷамъ оварда шуда- анд, молу мулки муштараки онҳо ба шумор меравад.

Яке аз шартҳои дар қонун нишондодашуда ба вазъи тоникоҳии шаҳрвандон алоқаманд мебошад, яъне молу мулке, ки то ақди никоҳ ба зан ё шавҳар тааллуқ дошт, моликияти шахсии ӯ ба ҳисоб меравад. Масалан, то хонадоршавӣ яке аз ҳамсарон соҳиби хонаи истиқоматӣ, мошин ва дигар навъи молу мулк бошад, ин амвол пас аз ба никоҳ даромадан низ ҳамчун моликияти алоҳидаи вай эътироф мешавад. Таҷри- баи судӣ гувоҳӣ медиҳад, ки тақсими молу мулки умумии ҳамсарон дар ду ҳолат рух доданаш мумкин аст: а) дар ҳолати қатъи никоҳи ҳамсарон; б) дар ҳолати вафоти яке аз ҳамсарон, вақте ки зарурати ба мерос додани моликияти шахсии ҳамсари фавтида ба миён меояд. Ғайр аз ду ҳолати зикршуда, имкон дорад, ки тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар ҳангоми дар қайди никоҳ будани ҳамсарон бо тартиби судӣ низ амалӣ шавад, агар яке аз ҳамсарон ё қарздиҳандаи ӯ даъво пешниҳод кунад. Дар қонунгузории оилавӣ тақсими молу мулки якҷояи ҳамсарон бо қатъи никоҳ вобаста карда намешавад. Аз ин рӯ, суд ҳангоми дар қайди никоҳ будани ҳамсарон ҳуқуқи рад кардани аризаи даъво дар бораи тақсими моликияти умумии зану шавҳарро надорад.

Аҳдномаи никоҳ

Дар муносибатҳои ҳуқуқии байни одамон ба воситаи шартнома муайян кардани низоми ҳуқуқии молумулкии миёни ҳамсарон ва онҳое, ки нияти издивоҷ кардан доранд, таърихи хеле қадима дорад.

Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз ҳуҷҷатҳои кӯҳи Муғ (асри VIII милодӣ) дарёфт кардаанд. Ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои молумулкии ҳамсарон дар давраи никоҳ ва дар ҳолати бекор шудани он эътироф шудани аҳдномаи никоҳ дар таҷрибаи давлатдории мамлакатҳои Ғарб низ таърихи дерина дорад ва дар замони ҳозира низ васеъ истифода мешавад.

Дар муқоиса бо қонунгузории оилавӣ, ки низоми молумулкиро аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ ба танзим медарорад, аҳдномаи никоҳ натанҳо ҳуқуқи моликияти ҳамсаронро ба молу мулки дар давраи тоникоҳӣ ва дар давоми зиндагии якҷоя муқаррар месозад, балки дар мавриди бекор шудани никоҳ муҷозоти молумулкиро низ пешбинӣ мекунанд. Яъне суд ҳангоми баррасии баҳси молумулкии ҳамсарон муқаррароти аҳдномаи никоҳро дар навбати аввал ба эътибор мегирад.

Аҳдномаи никоҳ дорои мавзуи хос – молу мулки ҳамсарон ва мазмуни мушаххас – низоми ҳуқуқии молумулкии ҳамсарон аст ва бояд аз рӯйи табиати ҳуқуқӣ ва аз нигоҳи шаклу мазмун ба талаботи аҳдҳои ҳуқуқи маданӣ мувофиқат кунад. Тибқи моддаи 178 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, «амали шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ, ки ба муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ равона шудааст, аҳд дониста мешавад».

Аҳдномаи никоҳ мафҳуми нав буда, бори нахуст дар қонунгузории оилавӣ ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998) дохил карда шудааст. Шахсоне, ки нияти ақди никоҳ бастанро доранд, ё ин ки зану шавҳаре, ки дар никоҳи расмӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд байни ҳамдигар аҳдномаи никоҳ банданд. Аҳдномаи никоҳ танҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои молумулкии зану шавҳарро дар никоҳи расмӣ ё ҳангоми бекор кардани никоҳ муайян месозад ва аз рӯйи табиати ҳуқуқии худ аҳди дутарафа мебошад, чунки дар ин аҳднома ду тараф: шахсоне, ки нияти ба никоҳ даромадан доранд, ё ин ки зану шавҳари дар никоҳи расмибуда иштирок мекунанд. Ҳамон мардону заноне аҳдномаи никоҳ баста наметавонанд, ки ба таври воқеӣ, бе қайди давлатии никоҳ зиндагӣ мекунанд ва дар оянда нияти ба расмият даровардани никоҳашонро, тавре ки дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, надоранд.

Дар аҳдномаи никоҳ зану шавҳар ҳуқуқ доранд молу мулкеро муайян намоянд, ки дар ҳолати бекор кардани никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо вогузор мешавад. Зану шавҳар инчунин ҳуқуқ доранд, ки ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молумулкиашонро дар аҳдномаи никоҳ дарҷ созанд.

Аҳдномаи никоҳ бемуҳлат баста мешавад, яъне ҳуқуқу уҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонанд ба муҳлати муайян маҳдуд карда шаванд ё бо шарти фаро расидан, ё фаро нарасидани муҳлат вобаста карда шаванд. Зану шавҳар метавонанд муҳлати аҳдномаи никоҳро бо ризояти якдигар муқаррар созанд. Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки муҳлати аҳдномаи никоҳро вобаста аз мундариҷаи он ба муддати 5 сол, 10 сол ё зиёда аз он муқаррар кунанд. Бояд қайд кард, ки аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқ доштани амали зану шавҳар, ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд дар бобати ҳифзи ҳуқуқҳояшон, танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии зану шавҳар ва ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳарро нисбат ба фарзандон маҳдуд кунад ё худ чунин муқарраротеро пешбинӣ созад, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоямро ба таъминот маҳдуд кунад ё худ шартҳое дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ногувор гузорад.

Мувофиқи моддаи 43 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану шавҳар имкон доранд, ки ҳар вақте хоҳанд, аҳдномаи никоҳро тағйир диҳанд ё бекор кунанд. Дар ин маврид созишнома дар бораи тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад.

Аҳдномаи никоҳ бо дарназардошти шартҳои дар он гузошташуда ҳатман бояд иҷро гардад. Барои ҳамин қонунгузор аз иҷрои аҳдномаи никоҳ даст кашидани яке аз тарафҳоро иҷозат намедиҳад. Қонун муқаррар мекунад, ки дар ҳолати ба созиш наомадани зану шавҳар бо талаби яке аз онҳо аҳдномаи никоҳ метавонад бо ҳалномаи суд тағйир дода ё бекор карда шавад.

Реклама