Асноди ҳолати шаҳрвандӣ амали шаҳрванд ё ҳолатест, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо шуда, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян мекунад. Таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхонӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани ном, номи падар ва насаб, инчунин, вафот аз ҷумлаи ҳолатҳое мебошанд, ки вазъи ҳуқуқиву шаҳрвандии шаҳрвандонро муқаррар мекунанд. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи шуъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сурат мегирад. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шаҳр таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз карда- ни ном, номи падар ва насабро ба қайди давлатӣ гирифта, асноди ҳолати шаҳрвандиро тағйир медиҳанд, пурра ислоҳ ва бекор мекунанд, сабтҳои гумшударо барқарор менамоянд, инчунин, китобҳои аснодро нигоҳ медоранд, шаҳодатномаи такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдор медиҳанд. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот танҳо таваллуд, вафот, ақди никоҳ ва муқаррар намудани падариро ба қайди давлатӣ мегиранд. Ҳамаи ин амалҳоро мақомоти САҲШ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (аз 29-уми апрели соли 2006), анҷом медиҳанд. Шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назоратӣ ва ҳамоҳангсозандаи фаъолияти мақомоти САҲШ дар кишвар мебошад.
Вазифа ва ваколатҳои идораҳои нотариалӣ
Вазифаи асосии нотариали давлатӣ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат бо роҳи аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҷо овардани амалиёти нотариалии пешбининамудаи қонунгузорӣ аст. Ин ва дигар вазифаҳои нотариат дар Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» муқаррар шудаанд. Доираи ваколатҳои идораҳои нотариалӣ доир ба пешбурди амалиёти нотариалӣ хеле васеъ аст: тасдиқ кардани аҳдҳо, шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо; додани шаҳодатномаҳо доир ба ҳуқуқ ба мерос; тасдиқ кардани ҳаққонияти нусхаи ҳуҷҷатҳо; тасдиқ намудани дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз як забон ба забони дигар; навиштани номаҳои иҷроия; додани шаҳодатномаҳо доир ба ҳуқуқи моликият ва ғайра.
Фаъолияти идораҳои нотариалии давлатӣ таҳти назорати давлат қарор дорад. Қонуни зикршуда назоратро аз болои фаъолияти идораҳои нотариалии давлатӣ ба зиммаи Вазорати адлия, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон вогузор кардааст.
Реклама