§14.2. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК

Таълиму тарбия масъалаи басо мураккаб буда, фаъолияти дастҷамъонаро тақозо дорад. Падару модар уҳдадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва руҳии кӯдак пайваста ғамхорӣ кунанд, онҳоро ба мактаб омода намоянд ва барои инкишофи қобилияти кӯдак шароити зарурӣ муҳайё созанд, ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдаконро ҳимоя намоянд, кӯдаконро дар руҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, накукорӣ, ҳисси раҳмдилӣ, эҳтироми аҳли оила, забони модарӣ, адабиёту таърих ва анъанаҳои фарҳангии халқи худ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии дигар халқҳо тарбия намоянд, ба кӯдакон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд, кӯдаконро дар руҳияи эҳтироми қонун, ҳуқуқ, озодии инсон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ низ барои кӯдак уҳдадории падару модар мебошад (қисми 2. моддаи 5). Дар зери мафҳуми шароити моддию молиявӣ ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ ва таъмин намудани кӯдак бо маводди ғизоӣ, воситаҳои санитарию гигиенӣ, либос, пойафзол ва дигар ашёву лавозимоти барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва гирифтани таълиму тарбия зарурӣ дар назар дошта шудааст. Шароити маънавӣ – таъсир расонидан ба дунёи маънавии кӯдак, тарбия кардани маърифати баланд, фаъолияти пурсамару хислатҳои наҷиби инсонӣ, ростқавлӣ, ҳалолкорӣ, адлу инсоф, саховатмандӣ ва амсоли онҳо мебошад.

Тарбияи кӯдак ба гурӯҳи ҳуқуқ ва уҳдадории конститутсионии ҳар як падару модар мансуб аст, зеро падару модар барои тарбияи кӯдакон масъуланд (қисми 2 моддаи 34 Конститутсия). Бинобар ин, падар ва модар дар таълиму тарбия ва ба воя расонидани кӯдак, новобаста аз он, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд (қ. 1. м. 61 КО, м.6 Қонун).

Тибқи банди 1-уми моддаи 18 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак таълиму тарбияи кӯдак вазифаи муштараки падару модар мебошад. Падару модар барои тарбия ва рушду камоли кӯдаконашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки барои саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавию ахлоқӣ ва таълиму касбомӯзии кӯдаконашон ғамхорӣ намоянд. Вазифаи муҳимтарини онҳо муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадил, бо таълим фаро гирифтан ва тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдак мебошад. Дар таълиму тарбияи кӯдакони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доштани падару модарро қонун пешбинӣ намудааст.

Оила асоси ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар ин, муносибати дуруст дар оила ба пешравии ҷомеа таъсир мерасонад ва зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худ-ро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигарӣ ба роҳ монанд, ба таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некуаҳволӣ ва рушду камоли кӯдаконашон ғамхорӣ намуда (қ. 3. м. 32 КО), дар тарбияи кӯдак иштирок намоянд (қ. 2. м. 32, қ. 1. м. 62 КО). Моддаи 7 қонун ба падару модар як қатор ҳуқуқҳоро медиҳад. Яке аз ҳуқуқҳое, ки моддаи мазкур пешбинӣ менамояд, ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакро ҳимоя намудани падару модар мебошад. Чунин ҳуқуқ дар моддаи 57 Кодекси оила низ пешбинӣ шудааст. Азбаски кӯдак қобилияти пурраи амалкунии маданӣ надорад (кӯдаки ноболиғи то шашсола умуман қобилияти амалкунӣ надорад), ҳуқуқу манфиатҳои худро мустақилона ҳимоя карда наметавонад, аз ҳамин лиҳоз, қонун ба зиммаи падару модар ҳимояи манфиатҳои қонунии кӯдакро вогузор намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар алоҳидагӣ ё якҷоя дар мақомоти суд намояндаи қонунии кӯдак бошанд. Қонун ба падару модар ҳуқуқ медиҳад, ки шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатӣ ва рушди маънавии кӯдак таъсири манфӣ нарасонад (сархатти 1 м. 7 Қонун). Аз ин рӯ, падару модар имконият доранд, ки шакли таҳсилро, ки тибқи қонунгузории ҷорӣ таҳсили рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фосилавӣ ва экстернатро дар бар мегирад, интихоб намоянд (м. 1 Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»).

Инчунин, моддаи мазкур ба падару модар ҳуқуқ медиҳад, ки дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат намоянд. Падару модар ҳангоми паст будани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдаконашон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ ҳуқуқ доранд ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти ин муассисаҳо ба мақомоти дахлдори худи муассисаҳои мазкур, шуъбаҳои маорифи ноҳия ва шаҳрҳо, раёсати маориф дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мушаххас муроҷиат намоянд. Бо сабаби он, ки кӯдак ба синну соли муқаррарнамудаи қонунгузорӣ (синни 18-солагӣ) нарасидааст ва қобилияти пурраи амалкунӣ надорад, наметавонад, ки аз номи худ мустақилона дар муносибатҳои ҳуқуқӣ баромад намояд. Падару модар ҳуқуқ доранд дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии кӯдак бошанд. Азбаски падару модар намояндаи қонунии кӯдак мебошанд ва ба дӯши онҳо ҳам ҳуқуқ ва ҳам уҳдадории ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон вогузор карда шудааст, ба онҳо ҳуқуқи талаб намудани риояи ҳуқуқи кӯдак дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилотро додааст. Падару модар ҳуқуқи мусоидат намудан ба фаъолияти муассисаҳои таълимиеро, ки кӯдакашон дар он таҳсил мекунад, доранд. Чунин мусоидат метавонад дар шакли ҳамарӯза таъмин намудани иштироки кӯдак дар дарсҳо, таъмини кӯдак бо асбоби хониш ва маводди аёнӣ, таъмини сару либоси мактабӣ, назорат ва мусоидат намудан ба донишомӯзии кӯдак дар хона, ҷудо намудани хонаи алоҳида ва мизи дарстайёркунӣ барои кӯдак, иштирок дар маҷлисҳои падару модарон, вохӯрӣ бо устодон ва дигар амалҳо ифода ёбад. Инчунин, падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, дараҷаи саводомӯзӣ, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии кӯдак шинос шаванд. Ҳамзамон, қайд кардан бамаврид аст, ки шахсони падару модарро ивазкунанда дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳоро мебошанд, ки падару модарон доранд.

Реклама