§2.6. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ СОҲИБКОРОН

Соҳибкорӣ яке аз шаклҳои амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд мебошад. Бинобар ин, вазифаи асосии давлат аз ҳаматарафа ҳавасманд ва таъмин кардани кафолати рушди соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон иборат мебошад.

Категорияи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон дорои табиати духела мебошад. Аз як тараф, ҳимояи ҳуқуқ яке аз ҳуқуқҳои субъективии шахсони дахлдор буда, аз тарафи дигар, амалӣ намудани ин ҳуқуқ хусусияти ғайримустақим ё тобеиятӣ дорад. Хусусияти ғайримустақим доштан, пеш аз ҳама, дар далели вайрон намудани ҳуқуқҳои дигарон ё таҳдиди вайрон кардани онҳо ифода меёбад. Ҳуқуқ ба ҳимояро дар шакли умумӣ ҳамчун ба шахси ваколатдор додани имконияти татбиқи чораҳои хусусияти ҳимояи ҳуқуқидошта барои барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронкардашуда ё талош кардан ба он маънидод кардан мумкин аст.

Мазмуни ҳуқуқ ба ҳимояро чораҳои зерин ташкил медиҳанд: якум, маҷмуи чораҳои ҳимояи ҳуқуқие, ки субъекти ваколатдор метавонад аз онҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ истифода барад; дувум, навъҳои гуногуни таъсиррасонии бевосита ба ҳуқуқвайронкунанда; сеюм, маҷмуи чораҳои маҷбуркунии давлатие, ки шахси ваколатдор метавонад онҳоро дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани амалҳои мустақилона ҳам татбиқ кунад.

Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон бо тартиби пешбининамудаи қонун амалӣ карда мешавад.

Қонунгузории амалкунанда шакл, восита ва тарзҳои кофии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкоронро пешбинӣ мекунад.

Дар зери мафҳуми тарзи ҳимояи ҳуқуқ чораҳои моддӣ ва мурофиавии ҳуқуқи дорои хусусияти маҷбуркунанда фаҳмида мешаванд, ки ба воситаи онҳо барқароркунии ҳуқуқҳои вайронкардашуда ва анҷомдодашуда ва таъсиррасонӣ ба ҳуқуқвайронкунанда амалӣ карда мешавад. Дар қонунгузорӣ номгӯйи мушаххаси тарзҳои ҳифзи ҳуқуқ оварда шудааст. Дар моддаи 11 Кодекси маданӣ тарзҳои ҳимояи ҳуқуқҳои маданӣ номбар карда шудаанд, ки ҳамаи онҳо соҳаи фаъолияти соҳибкориро фаро мегиранд.

Вобаста ба мазмуни амали ҳуқуқ, тарзи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкоронро ба моддӣ, ҳуқуқӣ ва мурофиавӣ ҷудо кардан мумкин аст. Тарзи моддии ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ин тарзи амал доир ба ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ мебошад. Тарзҳои моддии ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқ вобаста ба шароит, хусусият, мансубияти соҳавӣ, навъи ҳуқуқҳои ҳимояшаванда, таркиби субъектҳо ва ғайра аз якдигар фарқ мекунанд. Чунончи, вобаста ба мақсади тарзҳои амали ҳимояи ҳуқуқи моддӣ ба пешгирикунанда, барқароркунанда ва ҷаримавӣ ҷудо мешавад. Ба тарзи амали пешгирикунанда тарзҳои ба таври маҷбурӣ қатъ намудани амалҳои зиддиҳуқуқие, ки зарар ё дигар оқибати нохуш мерасонанд, инчунин, таҳдиди чунин оқибатҳоро ба миён меоранд, дохил мешаванд.

Аз рӯйи табиати худ ба тарзи амали пешгирикунанда инҳо ворид мегарданд:

а) беэътибор донистани санади мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидораи маҳаллӣ;

б) аз тарафи суд татбиқ накардани санади мақомоти давлатӣ ё мақомоти худидораи маҳаллӣ, ки ба қонун зид аст ва ғайра.

Ба тарзи амали барқароркунанда шаклҳое дохил мешаванд, ки барои эътироф намудани ҳуқуқҳои муайяни субъект, инчунин, барои барқарор намудани ҳолати то вайронкунӣ ҷойдошта равона карда шудаанд.

Амалҳои зерин ҳамчун тарзи амали барқароркунанда эътироф карда мешаванд: эътирофи ҳуқуқ; беэътибор донистани аҳди баҳсшаванда ва татбиқи оқибати он, татбиқи аҳдҳои аз мавриди бастанашон беэътибор эътирофшуда; рӯёнидани зарар ва ҷуброни зарари маънавӣ; водор намудан ба иҷрои уҳдадориҳо дар шакли асл ва ҳоказо.

Тарзи амали ҷаримавӣ ба муқобили ҳуқуқвайронкунанда татбиқ намудани чораҳои ҷавобгарӣ барои рафтори зиддиҳуқуқӣ мебошад. Ба тарзи ҷаримавии ҳифз инҳо дохил мешаванд: рӯёнидани ноустуворона; мусодира; ба манфиати давлат рӯёнидани он чи, ки аз рӯйи аҳд ғайриқонунӣ ба даст дароварда шудааст ва ғайра.

Тарзи мурофиавии ҳифз дар амалӣ намудани ваколатҳои қонунан муқарраргардидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар намуди нашри санаде, ки мақсади он муқаррар, эътироф ё тасдиқ кардани ҳуқуқ ва далелҳои аҳаммияти ҳуқуқидошта, инчунин, барқарор намудани манфиатҳои қонунии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ифода меёбад.

Шакли ҳифз гуфта, маҷмуи чорабиниҳои ташкилии мувофиқшудаи дохилиро доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои субъективӣ ва манфиатҳои муҳофизатшаванда меноманд. Агар тарзи ҳифзи ҳуқуқ категорияи ҳуқуқии моддӣ бошад, пас шакли ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти мақомоти ваколатдор доир ба ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Вобаста ба хусусияти ҳуқуқи соҳибкорон ва хусусияти фаъолияти ташкилии онҳо, шаклҳои ҳифзи ҳуқуқро ба судӣ ва ғайрисудӣ ҷудо кардан, қобили қабул мебошад.

Дар зери мафҳуми шакли судии ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои вайронкардашуда ё талошшаванда фаҳмида мешавад. Моҳияти ин мафҳум дар он ифода меёбад, ки агар соҳибкор ва манфиатҳои қонунии ӯ дар натиҷаи амали ғайриқонунӣ вайрон (халалдор) карда шуда бошад, вай метавонад барои ҳифзи ҳуқуқи худ ба мақомоти давлатӣ ё дигар мақомоти ваколатдор, муроҷиат кунад.

Мақомоте, ки барқарор намудани ҳуқуқи вайронкардашуда ё талошшавандаро дар доираи ҳифзи судӣ таъмин менамоянд, инҳоянд:

  • Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • – Суди иқтисодӣ;
  • – Суди умумӣ.

Ба шакли ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои соҳибкорон инҳо дохил мешаванд:

  • ҳифзи нотариалӣ;
  • мурофиаи ҳакамӣ ва арбитражӣ;
  • ҳалли баҳсҳо то суд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ҳуқуқи соҳибкорӣ чиро меомӯзад?
  2. Фаъолияти соҳибкорӣ чист?
  3. Аломатҳои соҳибкориро номбар кунед ва фаҳмонда диҳед.
  4. Кадом сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкориро медонед?
  5. Принсипҳои ҳуқуқи соҳибкориро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
  6. Дар бораи субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ маълумот диҳед.
  7. Шахс кадом вақт соҳибкор эътироф карда мешавад?
  8. Соҳибкории инфиродӣ чист?
  9. Биржа чист?
  10. Кадом навъҳои биржаро медонед?
  11. Дар бораи танзими давлатии соҳибкорӣ маълумот диҳед.
  12. Фаъолияти соҳибкорӣ дар кадом мавридҳо қатъ мегардад?
  13. Муфлисшавӣ ва нишонаҳои он.
  14. Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва тарзҳои он маълумот диҳед.
  15. Шаклҳои судии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкориро номбар кунед.
  16. Шаклҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорӣ кадомҳоянд?

Реклама