§1.5. МАФҲУМ ВА ШАКЛИ АҲДҲО

Амали шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки барои ба вуҷуд омадан, тағйир додан ё қать намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ равона карда шудааст, аҳд номида мешавад. Барои он, ки аҳд оқибати ҳуқуқии ба он равона кардашударо ба вуҷуд оварад, вай бояд эътиборнок бошад. Дар қонун якчанд талабот пешбинӣ шудааст, ки ҳар як аҳди басташудаи субъектҳои ҳуқуқи маданӣ бояд ба онҳо мувофиқ бошад. Аввалан, тарафҳое, ки аҳдро мебанданд, бояд қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ дошта бошанд. Дуюм, аҳди басташуда бояд ба талаботи қонун ҷавоб диҳад. Аҳде, ки ба талаботи қонун ҷавоб намедиҳад, беэьтибор мебошад. Сеюм, ирода ва шакли ифода намудани он бояд ба ҳамдигар мувофиқ бошад. Аҳд бояд бо хоҳиши тарафҳо ва ихтиёран баста шуда, бо роҳи фиреб ва маҷбурӣ баста нашуда бошад. Чорум, шакли қонунии бастани аҳдҳо риоя карда шуда бошад.

Тарзи ифодаёбии иродаи тарафҳо бояд дар шакли муайян дарҷ шавад. Вобаста ба ин, аҳдҳо ба шакли шифоҳӣ ва хаттӣ баста мешаванд. Аҳдҳое, ки дар лаҳзаи баста шуданашон ба иҷро расонида мешаванд, сарфи назар аз маблағи онҳо, ба тариқи шифоҳӣ баста мешаванд. Аҳдҳои хаттӣ одӣ ва нотариалӣ мешаванд. Аҳдҳои байни ташкилотҳо, инчунин, шаҳрвандон ба тарзи одии хаттӣ баста мешаванд.

Дар мавриди баъзе навъи аҳдҳо қонунгузор ба тариқи нотариалӣ бастани онҳоро ҳатмӣ мешуморад (масалан, туҳфаи молу мулки ғайриманқул ба таври нотариалӣ басташуда, ба қайди давлатӣ гирифта мешавад).

Реклама