Қобилияти субъекти ҳуқуқи маъмурӣ будани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ комплекси ҳуқуқу уҳдадориҳои ба онҳо тааллуқдоштаро дар бар мегирад, ки дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо субъектҳои ҳокимияти иҷроия амалӣ мешаванд. Масъалаҳои нисбатан муҳим вобаста ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12-уми майи соли 2007 сабт шудаанд. Ин қонун мундариҷаи ҳуқуқи шаҳрвандро ба муттаҳидӣ, кафолатҳои давлатӣ дар ин соҳа, мақоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тартиби бунёд, тағйирёбӣ ва барҳамдиҳии онҳоро муқаррар месозад.
Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба кори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва баръакс роҳ дода намешавад. Мақомоти адлия иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба қайд мегиранд. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳақ дорад, ки бақайдгириро анҷом надиҳад, дар ин ҳолат он мақоми шахси ҳуқуқӣ намегардад. Мақомоти адлия бо мақсадҳои оинномавиаш мувофиқ будан ё набудани иттиҳодияро назорат мекунанд. Мақомоти молия масъалаҳои даромади иттиҳодия ва пардохти андозҳоро назорат мекунанд. Муҳимтарин уҳдадории иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ риояи қонунҳост. Дар ҳолати вайрон кардани муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори суд фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қатъ карда мешавад.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки хусумати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғиб менамоянд ё зӯран ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, дар назди қонун баробар мебошанд. Фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидорӣ ва қонуният асос меёбад.
Бо созмонҳои ҷавонон, кӯдакон, созмонҳои хайрия, ташкилотҳои маъюбон, давлат кумаки моддию молиявӣ мерасонад.
Аз тарафи давлат бо маблағ таъмин кардани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, манъ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъсис дода мешаванд ва амал мекунанд.
Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки фаъолияти худро мувофиқи мақсадҳои оинномавӣ метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кунад, намояндагиҳо ва филиалҳо дошта бошад.
Иттиҳодияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ тааллуқ доранд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар сурати вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар мавриди аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ содир шудани амалиёте, ки аз доираи мақсад ва вазифаи дар оинномаи он муайяншуда берун аст ё қонунҳои ҷорӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вайрон мекунанд, ба мақомоти роҳбарикунандаи ин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мақоме, ки онҳоро ба қайд гирифтааст, ё аз ҷониби прокурор огоҳии хаттӣ дода мешавад. Огоҳии хаттӣ то муроҷиат кардан ба суд дар хусуси қатъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дода мешавад.
Реклама