§5.11. ФАРЗАНДХОНӢ

Ғамхории давлат дар ҳаққи кӯдакон зиёд аст. Давлат ба воситаи хонаи кӯдакон, кӯдакистон, мактаб-интернатҳо, хазинаи кӯдакон ва инчунин, кӯдаконе, ки бе падару модар мондаанд, шароити зарурӣ муҳайё мекунад. Аммо меҳру муҳаббати падару модарро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз иваз карда наметавонад.

Ба фарзандӣ гирифтан яке аз роҳҳои дар вазъияти оилавӣ тарбия намудани кӯдаконе мебошад, ки бо сабабҳои гуногун бе падару модар мондаанду каси дигаре онҳоро ба фарзандӣ қабул кардааст, ки ин пеш аз ҳама, ба манфиати кӯдак равона карда шудааст.

Ҳангоми амалӣ кардани ҳуқуқи фарзандхондӣ бояд шартҳои зерин риоя карда шаванд:

а) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни балоғат расидаанд, новобаста аз ҷинс, ғайр аз шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд; барои саркашӣ кардан аз додани алименти кӯдакон маҳкум шудаанд; фарзандхонд буданду аммо дар натиҷаи ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориашон фарзандхонии онҳо бекор карда шудааст; ашхоси ғайри қобили амал ва онҳое, ки ҳуқуқи қобили амаликуниашон маҳдуд карда шудааст, фарзандхонд шуда метавонанд;

б) танҳо кӯдакони ноболиғро ба фарзандӣ гирифтан мумкин аст. Агар кӯдак ба синни 10-солагӣ расида бошад, ӯро бе ризояташ ба фарзандӣ гирифтан мумкин нест. Ризояти кӯдакро суд муайян мекунад;

в) ба фарзандӣ гирифтан ихтиёрӣ мебошад ва кӯдак бо қарори суд мувофиқи аризаи шахсе, ки ӯро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳад, ба фарзандӣ дода мешавад;

г) ризояти ҳамсарон. Дар натиҷаи фарзандхондӣ кӯдак фарзанди фарзандхонон ҳисоб шуда, ба оилаи онҳо дода мешавад. Бинобар ин, зану шавҳар бо ризояти ҳамдигарӣ кӯдакро ба фарзандӣ мегиранд;

д) ризояти падару модар ва мақомоти васояту парасторӣ. Агар кӯдаке, ки ба фарзандхонӣ дода мешавад, падару модари биологӣ дошта бошад, барои ба фарзандхонӣ додани ӯ, албатта, ризояти онҳо зарур аст. Падару модар метавонанд барои ба ашхоси ба онҳо маълум ба фарзандӣ додани кӯдаконашон ризоят диҳанд, инчунин, ҳуқуқи интихоби шахсони фарзандхонандаро ба ихтиёри мақомоти васояту парасторӣ гузоранд;

е) фарқи синну соли шахси ба фарзандхонӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондашаванда бояд аз 17 сол кам набошад.

То ба фарзандӣ додани кӯдак, падару модар метавонанд аз ризояташон даст кашанд, аммо баъд (ғайр аз мавридҳои бо қонун пешбинишуда) пушаймонии онҳо ба инобат гирифта намешавад.

Ба фарзандӣ қабул кардан бо қарори суди ҷойи истиқомати фарзандхон ё ҷойи истиқомати фарзандхоншаванда дар асоси аризаи шахсе, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳад, баҷо оварда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд. Фарзандхондӣ дар шуъбаҳои (бюроҳои) САҲШ, яъне ҷое, ки дар бораи фарзандхонӣ қарор бароварда шуда буд, сабт мегардад. Ин мақомот амалиёти худро дар асоси қарори дар бораи фарзандхондӣ баровардаи суд иҷро мекунад.

Дар баъзе мавридҳои дар қонун пешбинишуда фарзанд- хонӣ беэътибор дониста мешавад. Масалан, агар қарор дар бораи фарзандхонӣ қалбакӣ бошад; ашхоси болиғ ба фарзандӣ қабул шуда бошад; фарзандхонанда шахси ғайри қобили амал дониста ё қобилияти амалаш маҳдуд ҳисобида шуда бошад, ё аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум карда шуда бошад, чунин фарзандхонӣ беэътибор дониста мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Пайдоиши оила ба кадом давра мансуб аст ва хусусиятҳои он давраро бо истифода аз маводди фанни таърих шарҳ диҳед.
  2. Никоҳро як навъи шартнома гуфта шумо чиро мефаҳмед?
  3. Ба ташкили оила дар аҳди Зардушт чӣ гуна баҳо дода мешуд?
  4. Чаро ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз ҷониби давлат муқаррар мешавад?
  5. Таърифи оиларо гӯед.
  6. Вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ аз ҳалли кадом масъалаҳо иборатанд?
  7. Мавзуи омӯзиши ҳуқуқи оилавӣ чист?
  8. Субъектҳои ҳуқуқи оилавиро номбар кунед.
  9. Ба ёд оваред, ки давлати иҷтимоӣ чист ва чӣ гуна хусусиятҳо дорад.
  10. Ҳуқуқи оилавӣ аз кадом меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад?
  11. Дар кадом санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳифзи давлатии оила сухан меравад?
  12. Ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кадом давраҳои ҳаёти инсон амалӣ мешавад?
  13. Дар кадом моддаҳои Конститутсия аз ҳуқуқи ташкили оила сухан меравад?
  14. Кадом шарти никоҳ дар Конститутсия зикр шудааст?
  15. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро номбар кунед, ки дар онҳо ғамхории давлат дар ҳаққи модарон зикр шуда бошад.
  16. Ғамхорӣ дар ҳаққи занон дар Кодекси меҳнат чӣ гуна ифода ёфтааст?
  17. Шарҳ диҳед, ки баробарҳукуқии марду зан дар муносибатҳои оилавӣ чӣ гуна татбиқ мешаванд.
  18. Озодии шахсият дар кадом ҷанбаҳои муносибатҳои оилавӣ ифода меёбад?
  19. Дар кадом мавридҳо фикру мулоҳизаи кӯдак ба инобат гирифта мешавад?
  20. Принсипи якканикоҳӣ чӣ маънӣ дорад ва барои чӣ он ҳам дар Конститутсия ва ҳам дар қонунгузории оила таъкид шудааст?
  21. Дигар принсипҳои ҳуқуқи оилавиро номбар кунед.
  22. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳро номбар намоед.
  23. Чаро баъди пешниҳоди ариза доир ба ақди никоҳ як моҳ интизор шудан лозим аст?
  24. Оё ҳангоми пешниҳоди ариза иштироки ҳар ду ҷониб, яъне никоҳшавандагон зарур аст?
  25. Барои кам ё зиёд кардани муҳлати якмоҳаи баъди додани ариза ба кадом мақомот муроҷиат кардан лозим аст?
  26. Шартҳои дигари бастани ақди никоҳ кадомҳоянд?
  27. Дар кадом ҳолатҳо бастани ақди никоҳ манъ карда шудааст?
  28. Муоинаи тиббии ҳатмии никоҳшавандагон бо кадом мақсад ҷорӣ карда шудааст?
  29. Кадом навъи никоҳ бо роҳи судӣ беэътибор дониста мешавад?
  30. Ҳолатҳоеро номбар кунед, ки боиси беэътибор эътироф шудани никоҳ мешаванд.
  31. Фарқи никоҳи беэътибор аз талоқ дар чист?
  32. Суд барои оштӣ додани зану шавҳар чӣ қадар муҳлат медиҳад?
  33. Суд ҳангоми муҳокимаи парвандаҳо доир ба ҷудошавии ҳамсарон кадом масъалаҳоро ҳал мекунад?
  34. Ҳукуқ ва вазифаҳои ҳамсаронро номбар кунед.
  35. Масъалаи интихоби насабро баъди ташкили оила ҳамсарон чӣ гуна ҳал мекунанд?
  36. Агар ҳамсарон хоҳанд, ки насабашонро тағйир диҳанд, кадом моддаи Кодекси оиларо ба асос мегиранд?
  37. Дигар кардани насаб бо иҷозати кадом мақомот сурат мегирад?
  38. Ҳуқуқи иштирок дар ҳалли масъалаҳои тарбияи фарзандон дар кадом шаклҳо ба амал бароварда мешавад?
  39. Дар байни зану шавҳар муносибатҳои молумулкӣ кай пайдо мешавад?
  40. Кадом навъи моликият, моликияти умумии ҳамсарон ҳисобида мешавад?
  41. Тақсими молу мулки умумии ҳамсарон дар кадом ҳолатҳо рух дода метавонад?
  42. Оё аҳдномаи никоҳ собиқаи таърихӣ дорад?
  43. Мавзуи аҳдномаи никоҳ аз чӣ иборат аст?
  44. Аҳдномаи никоҳ аз рӯйи табиати ҳуқуқии худ чӣ гуна аҳд аст?
  45. Шартҳои бастани аҳдномаи никоҳро шарҳ диҳед.
  46. Аҳдномаи никоҳро кӣ ҳуқуқи тағйир додан ё бекор кардан дорад?
  47. Кадом масъалаҳо набояд дар аҳдномаи никоҳ зикр шаванд?

Реклама