§5.7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ ҲАМСАРОН

Муносибатҳои ҳуқуқии шахсӣ чунин муносибатҳое мебошанд, ки аз тарафи ҳамсарон ҳангоми бастан ё бекор кардани никоҳ, интихоби касб, ҳаллу фасли якҷояи масъалаҳои ҳаёти оилавӣ, интихоби озодонаи машғулият, ҷойи истиқомат, ризоят додан ба фарзандхонӣ, ҳалли масъалаҳои бекор кардани никоҳ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Ҳуқуқҳои шахсӣ ба шахсияти ҳамсарон алоқаманданд.

Ҳуқуқҳои шахсӣ аз лаҳзаи бастани никоҳ ба вуҷуд ома- да, ҳангоми вафот қатъ мешаванд. Онҳоро бо созиши тарафҳо қатъ ё тағйир додан мумкин нест. Ҳуқуқҳои шахсӣ бояд ба талаботи қонун зид набошанд.

Ҳуқуқҳои шахсӣ дар муносибатҳои оилавӣ дар муқоиса бо муносибатҳои молумулкӣ ҷиҳати муайянкунанда доранд, яъне сараввал муносибатҳои шахсӣ ва баъд муносибатҳои молумулкӣ пайдо мешаванд. Маҳз ҳамин хусусият дар бай- ни ҳуқуқи оилавӣ ва соҳаҳои дигар, аз ҷумла ҳуқуқи маданӣ, фарқ мегузорад. Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамсарон асосан аз инҳо иборатанд:

Ҳуқуқи интихоби насаб

Мувофиқи моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» зану шавҳар ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ метавонанд ихтиёрӣ насаби якеро ҳамчун насаби умумӣ интихоб кунад ё насаби то ақди никоҳ доштаашонро нигоҳ доранд. Ба сифати насаби умумии ҳамсарон метавонад насабе навишта шавад, ки бо роҳи илова кардани насаби яке аз ҳамсарон ба насаби ҳамсари дигар ташаккул ёфтааст. Агар ҳар ду ё яке аз ҳамсарон насаби дутаркиба дошта бошанд, ба ҳам пайвастани насабҳо манъ аст. Масъалаи интихоби насаб кори ихтиёрии никоҳшавандагон буда, озодона ва бо ризояти якдигар, бидуни дахолати дигарон ҳал карда мешавад.

Шаҳрвандони бабалоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон ҳуқуқ доранд насаб, ном ва номи падари худро тағйир диҳанд ва ислоҳ кунанд. Чунин тағйирот тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо илова кардани пас- вандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ба амал бароварда мешавад.

Иваз кардани насаб бо тартиби муқарраршуда дар шуъбаҳои вилоятӣ ва марказии мақомоти САҲШ сурат мегирад. Дар ҳолатҳои зайл ба иваз кардани насаб иҷозат дода намешавад: агар аризадиҳанда дар зери таҳқиқу тафтишоти суд бошад ё доғи судӣ дошта бошад. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон метавонанд насаби худро тағйир диҳанд.

Ҳуқуқи ҳамсарон ба интихоби машғулият ва касбу ҳунар

Ин ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд дар меъёрҳои соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ сабт ёфтааст. Дар моддаи 32 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки зану шавҳар дар интихоби машғулият, касб ва навъҳои фаъолият соҳибихтиёранд. Дар ҳаёт татбиқ намудани ин меъёри қонун барои дастгирии ҳамсарон ва мустаҳкам намудани оилаҳо омили муҳим ба ҳисоб меравад. Масъалаҳоро доир ба интихоби машғулият ва касбу ҳунар зану шавҳар бо ризояти ҳамдигар ҳал мекунанд.

Ҳуқуқи ҳамсарон ба интихоби ҷойи истиқомат

Зану шавҳар дар интихоби ҷойи истиқомат ва маҳалли будубош низ озод мебошанд. Ин чунин маънӣ дорад: уҳдадории ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки дар сурати ҷойи истиқоматро дигар кардани яке аз ҳамсарон нафари дуюм ҳам аз паси ӯ равад.

Қонун кафолати ҳар як ҳамсарро ба озодии интихоби ҷойи истиқомат муқаррар намуда, ҳамзамон, омилҳои зин- дагии якҷояи онҳоро низ ба инобат мегирад.

Ҳуқуқҳо доир ба масъалаҳои ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзандон

Дар истифодаи ин ҳуқуқ бисёр паҳлуҳои ҳаёти шахсии зану шавҳар дар назар дошта мешавад: тарбияи фарзандон, пешбурди кори хоҷагӣ ва ғайра. Номгӯйи корҳое, ки бо ҳа- ёти оилавӣ алоқаманданд, хеле гуногун мебошанд. Чун қоида, дар иҷрои ин корҳо зану шавҳар бояд баробар иштирок кунанд. Аммо то ҳол дар соҳаи маишати оила байни зану мард баробарии комил дида намешавад.

Ҳуқуқи иштирок дар ҳалли масъалаҳои тарбияи фарзандон асосан дар шаклҳои зерин ба амал бароварда мешавад: тарбияи ҳаматарафаи фарзандон, додани ному насаб ба фарзандон, муайян кардани ҷойи истиқомати фарзандони ноболиғ, талаб карда гирифтани фарзандон аз дигар шахсе, ки онҳоро ғайриқонунӣ нигоҳ медорад ва ғайра. Фарзандон муҳимтарин воситаи бақои оила мебошанд. Аз ин сабаб барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст.

Реклама