§9.4. МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ ҲУҚУҚИ МАЪМУРӢ

Дар маҷмуъ, истилоҳоти «мақомоти ҳокимияти иҷроия» ва «мақомоти идоракунии давлат» ҳангоми муайян кардани вазъи маъмуриву ҳуқуқии мақомоти дахлдор ҳамчун мафҳумҳои ҳаммаъно истифода шудаанд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия, пеш аз ҳама, ташкилоте мебошанд, ки як ҷузъи дастгоҳи давлатӣ маҳсуб шуда, сохтори худ, салоҳият ва фаъолияти ҳудудӣ доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд, дар кори худ усулҳои муайянро истифода мебаранд, ҳуқуқи бо супориши давлат баромад кардан доранд, бо тартиби фаъолияти иҷроиявӣ ва амрдиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маъмуриву сиёсӣ роҳбарӣ мекунанд.

Аз аломатҳои дар ин таъриф зикршуда моҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия маълум мешавад, ки онҳо аз дигар мақомоти давлатӣ (масалан, қонунгузор, судӣ) ва ғайридавлатӣ фарқ мекунанд.

Сохтори дохилии ҳокимияти иҷроия аз роҳбар ва муовинони мақомоти коллегиалии идоракунӣ ва кормандони дастгоҳ иборат аст. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкарди маъмурии мақомоти ҳокимияти иҷроия бо ташаккул ёфтан ва муайян шудани салоҳият пайдо шуда, бо барҳам додани онҳо қатъ мегардад. Мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳамчун ҷузъи дастгоҳи давлатӣ ҳамарӯза корҳоро доир ба татбиқи вазифаҳои идоракунӣ ва функсияҳои давлат анҷом медиҳанд. Онҳо бо таъиноти худ, мазмуни кор ва методи фаъолияташон аз мақомоти ҳокимияти судӣ ва қонунгузор фарқ мекунанд.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия аз номи давлат баромад мекунанд, аз ин рӯ, онҳо дорои ваколатҳои давлатӣ – ҳокимиятӣ мебошанд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд, яъне дорои қобилияти ҳуқуқдории маданӣ низ мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдории давлат ва мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.

Тибқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти Президент аз инҳо иборат аст:

1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;

2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ менамояд;

3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;

4. Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;

5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод менамояд ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод мекунад;

6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё боз медорад;

7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод менамояд ва фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;

8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад; 9. Бо ризояти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод менамояд;

10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;

11. Шурои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;

12. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод менамояд;

13. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;

14. Ба қонунҳо имзо мегузорад;

15. Низоми пулиро муайян ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд; 16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад; 17. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;

18. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;

19. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул мекунад;

20. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод менамояд;

21. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон мекунад ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;

22. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;

23. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;

24. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;

25. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;

26. Масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;

27. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;

28. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз менамояд;

29. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ мекунад.

Ин меъёрҳои конститутсионӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ инкишоф дода шудаанд.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад; ба низоми мақомоти идораи давлатӣ роҳбарӣ намуда, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин месозад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад. Раиси Ҳукумат ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ карда, барои самаранок амалӣ шудани ваколатҳои он тадбирҳо меандешад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва фармонҳоро дар ин хусус ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зерин мебошад: идоракунии равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, фароҳамсозии шароит барои инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ; муайян ва татбиқ кардани сиёсати давлатӣ, молиявӣ, андоз ва қарз; идоракунии объектҳои моликияти давлатӣ, бастани қарордодҳо бо роҳбарони онҳо; ташкили таҳия ва иҷрои буҷети давлатӣ, ояндабинӣ ва барномаҳои муҳимтарини тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ. Инчунин, таҳияи пешниҳодҳо дар бораи сохтори Ҳукумат, ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораю дигар мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон; андешидани тадбирҳо доир ба ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон, ҳуқуқи онҳо ба меҳнат, такмили низоми таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ; дигар ваколатҳоеро, ки Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардааст.

Шакли асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки доир ба масъалаҳои баррасишаванда қарор қабул мекунад.

Ҳангоми зарурат, бо иҷозати хаттии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши ӯ бо иҷозати хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои алоҳидаи хусусияти фаврӣ дошта, мумкин аст бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои Ҳукумат қабул карда шаванд.

Ба намуди дигари субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ мақо- моти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дохил мешаванд. Тибқи Конститутсия ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат аст. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд (м.76).

Низоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия тибқи сохтори марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Ба ин низом мутобиқан мақомоти давлатии иҷроияи маҳаллии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо дохил мешаванд, ки ба он раис роҳбарӣ мекунад. Раис сарварии ҳам мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам роҳбарии ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ба иҷро мерасонад. Тартиби ба вазифа таъин кардан ва аз он озод кардани раисро моддаи 78 Конститутсия ва моддаи 18 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муқаррар кардааст. Раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияро Президент ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод мекунад. Агар Маҷлиси вакилони халқ номзадии раисро тасдиқ накунад, Президент ҳуқуқ дорад ӯро такроран ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод кунад ё шахси дигарро ба ин вазифа таъин намуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод созад. Ӯ мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дар доираи ваколати худ қарор ва амр қабул мекунад.

Раис таъминоти фаъолияти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии дастгоҳи худро ташкил ва тағйир медиҳад. Низомномаи дастгоҳ, сохтор ва шумораи штатии онро дар доираи лимити шумораи умумии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки маблағгузории дастгоҳ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сурат мегирад.

Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба принсипҳои зайл асос меёбад: қонуният ва адолати иҷти- моӣ; ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; мутобиқа- ти манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ; ба таври демократӣ, ошкоро ва бо дарназардошти гуногунандешии сиёсӣ ҳал кардани масъалаҳо; масъулият барои натиҷаҳои фаъо- лияти худ дар назди аҳолӣ; изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқ; мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дар ҳалли масъалаҳои ваколати худ; ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ки дар доираи ваколаташон қабул шудаанд; яккасардории фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия доир ба масъалаҳои ваколати худ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи маҳалли дахлдор ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад.

Реклама