§2.4. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ

Муҳайё кардани шароити зарурӣ барои мунтазам рушд ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ ва муайян намудани қоидаҳои умумии фаъолияти иштирокчиёни он, яке аз вазифаҳои асосии давлат ба шумор меравад. Барои амалӣ шудани он дар шароити иқтисоди бозорӣ танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аҳаммияти калон дорад. Вай самтҳои гуногунро фаро мегирад. Зарурати танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар он ифода меёбад, ки дар ҷараёни он манфиатҳои хусусии соҳибкорон ва манфиатҳои умумиҷамъиятӣ ба ҳам бармехӯранд. Ин манфиатҳо бояд баробар карда шаванд ва набояд бо ҳам дар ихтилоф бошанд. Ноил шудан ба тавозуни манфиатҳо ба воситаи усул ва тарзҳои гуногун мумкин аст. Барои ноил шудан ба он кӯшиши зиёде ба харҷ дода, таҳия кардани механизми зарурии такмилёфтаи ҳуқуқии ба ҳам алоқаманди манфиати соҳибкорон ва ҷомеа зарур аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки бе давлат ва бидуни таъсири танзимгардонии он ба иқтисодиёт инкишофи муътадили муносибатҳои бозорӣ ғайриимкон мебошад. Аз тарафи дигар, истифодаи муносибатҳои молию пулӣ дар бунёди иқтисоди бозорӣ маънои дур шудани давлат аз идоракунии иқтисодиётро надорад. Ҳоло давлат дар иқтисоди бозорӣ нисбат ба пешина вазифаи тамоман дигарро ба ҷо меорад. Давлат иқтисодиётро то дараҷае ба асосҳои худидоракунӣ гузаронида, барои субъектҳои хоҷагӣ мустақилият, озодӣ ва имконияти васеи ташаббускориро муҳайё мекунад. Онҳо дар ин ҷода фаъолона амал намуда, ҳуқуқи ба онҳо додашударо ҳамчун воситаи қонеъ гардонидани манфиатҳои моддӣ ва маънавии худ бояд истифода баранд. Аҳаммияти бузурги иқтисоди бозорӣ нисбат ба низоми фармонфармоӣ маҳз дар ҳамин ифода меёбад. Асосҳои худидоракуниро давлат амалӣ намуда, мумкин аст, ки мақоми худро дар идораи иқтисодиёт суст кунад, вале давлат набояд худро аз идоракунии иқтисодиёт дар канор гирад. Худро ба канор гирифтани давлат, мумкин аст боиси оқибати номусоиди инкишофи иқтисодиёт шавад.

Бояд қайд кард, ки таъсири давлат ба иқтисодиёт ва иқтисодиёт ба давлат мутақобила мебошад. Ҳаҷми дахолати давлат ба иқтисодиёт ва муносибатҳои бозорӣ ба бисёр омилҳо вобаста мебошад. Вале дар давраи гузаштан ба иқтисоди бозорӣ мақоми давлат дар танзими иқтисод кам нашуда, баръакс, бо дарназардошти зарурати қоидаҳои асосии бозор, тағйирёбии асосҳои ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои бозор, муқаррар намудани назорат ба риояи на танҳо манфиатҳои шахсӣ, балки манфиатҳои ҷамъиятии иштирокчиёни он то дараҷае меафзояд.

Ҳамин тавр, дараҷаи танзими давлатии иқтисодиёт аз ҳолати мушаххаси ҳуқуқӣ дар бозор ва талаботи давлат дар марҳалаи мазкури инкишофи муносибатҳои бозорӣ вобаста мебошад.

Танзими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ амалӣ гардонида мешавад. Илова бар ин, танзими давлатӣ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

а) таъмини эҳтиёҷи давлат ва ҷомеа, бартарии рушди

иқтисодӣ ва иҷтимоии он;

б) ташкили буҷети давлатӣ;

в) ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи захираҳои табиӣ;

г) таъмини шуғли аҳолӣ;

д) таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар;

е) амалӣ намудани озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва

рақобат, инчунин, ҳимоя аз инҳисор;

ж) риояи тартибот дар фаъолияти иқтисодии хориҷии

соҳибкорон ва сармоягузории хориҷӣ.

Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ мустақим ва ғайримустақим шуданаш мумкин аст. Танзими мустақими фаъолияти соҳибкорӣ дар мавриди бақайдгирии давлатӣ, гирифтани иҷозатнома доир ба навъҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтани сертификат дар ҳолати сертификатсияи ҳатмии маҳсулот (мол, хизмат) ва ғайра истифода бурда мешавад. Ҳамзамон бо ин, дар шароити нави хоҷагидорӣ усули ғайримустақими танзимнамоӣ бо истифодаи фишангҳо ва омилҳои иқтисодӣ бартарӣ дорад, ки ба онҳо қарздиҳии имтиёзнок, дотатсия, ёрдампулиҳо ва имтиёзҳо доир ба андозситонӣ дохил мешаванд.

Реклама