Мафҳуми «хизматчии давлатӣ» дар қонунгузории мо нав аст. Дар адабиёти ҳуқуқӣ пештар таҳти ин мафҳум иҷрои фаъолияти меҳнатии хизматчиёни ташкилотҳои давлатӣ мувофиқ бо вазифаҳои ишғолнамуда барои амалӣ кардани вазифаи давлатӣ фаҳмида мешуд. Акнун тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5-уми марти соли 2007 «хизматчии давлатӣ» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимия – ти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол кардааст.
Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ҷой ва нақши мақоми давлатӣ дар низоми мақомоти давлатӣ, амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат, татбиқи салоҳияти мақомоти давлатӣ, хусусияти ваколати мансабҳои мушаххас ва аҳаммияти онҳо дар амалӣ кардани сиёсати давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ тақсим мешаванд.
Мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ, категорияҳои мансабҳои давлатӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
Дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» принсипҳои зерини хизмати давлатӣ муқаррар карда шудаанд: волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ; садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон; инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ; хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ; ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд; шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ғайр аз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад; касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ; ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ; ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ; устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ; болоравии мансаби хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ; баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
Дар қонуни мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳои умумии хизматчиёни давлатӣ муқаррар шудаанд. Онҳо қоидаҳои умумии рафтор ва амали хизматчиёни давлатӣ, шароит ва ҳаҷми дорои хислати ташкилиро зоҳир менамоянд, ки барои амалисозии салоҳият аз рӯйи мансаби ишғолнамуда мувофиқат мекунанд.
Ғайр аз ҳуқуқу уҳдадорӣ қонуни мазкур барои хизматчиёни давлатӣ як қатор маҳдудиятҳо низ пеш мегузорад, ки мақсади онҳо устувории ахлоқи хизматчӣ аст. Масалан, ба хизматчии давлатӣ ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ ба дигар кори муздаш баланд машғул шудан, манъ аст.
Ӯ ҳуқуқ надорад, ки узви мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷоратӣ бошад, захираҳои давлатӣ ва иттилоотии хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода барад, барои иҷрои вазифаи хизматӣ туҳфаҳо қабул кунад ва ғайра.
Кафолатҳои давлатӣ барои иҷрои фаъолияти пурсамари хизматчии давлатӣ хеле муҳим мебошанд. Дар қонун як қатор кафолатҳо номбар шудаанд, ки онҳоро давлат ба уҳда гирифтааст, аз ҷумла: шароити корӣ барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ; музди меҳнат; рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳсил ва баланд бардоштани дараҷаи тахассус бо нигоҳ доштани музди меҳнат, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар, бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи таҳсил; суғуртаи ҳатмии давлатӣ барои беморӣ ё гум кардани қобилияти корӣ, фавт ё расондани зарар ба саломатӣ ва молу мулки ӯ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ; таъмини нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; таъмини нафақаи хизматчии давлатӣ дар ҳолати фавти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ӯ, ки таҳти саробониаш қарор доранд; ҳатман гирифтани ризояти хизматчии давлатӣ ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигар (ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон); ҳимояи хизматчии давлатӣ, аъзои оила ва наздикони ӯ аз зӯроварӣ, таҳдид ва дигар кирдорҳои ғайриқонунии вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ; таъмини имконияти баландравии мансабӣ; ҷуброни зарар ҳангоми пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ.
Реклама