§12.8. МАҚОМОТИ ТАФТИШОТИ ПЕШАКӢ ВА САЛОҲИЯТУ ВАЗИФАҲОИ ОН

Пеш аз он ки дар бораи мақомоти тафтишоти пешакӣ сухан ронем, бояд мазмуни мафҳуми тафтишоти пешакиро донем. Дар илми ҳуқуқ ду ҳолате ҳаст, ки ҳамчун асос барои бурдани тафтишоти пешакӣ таъкид мешавад. Аввалан, тафтишоти пешакӣ асоси гузаронидани мурофиаи судӣ буда, барои моҳиятан омода кардани қарори суд маводди заруриро тайёр мекунад. Баъдан, хулосаи тафтишоти пешакӣ дар мавриди гунаҳкор будани шахси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидашуда пешакӣ буда, қатъӣ шумурда намешавад, зеро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор будан ё набудани шахсро танҳо суд муқаррар мекунад ва қарори суд қатъӣ мебошад. Ин яке аз нишонаҳои асосии ҳуқуқбунёд будани давлати мост.

Ҳоло дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ муфаттишони мақомоти зерин ҳуқуқи анҷом додани тафтишоти пешакиро доранд: 1) муфаттишони мақомоти прокуратура; 2) муфаттишони мақомоти амнияти миллӣ; 3) муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия; 4) муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ; 5) муфаттишони Агентии назорати маводди нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳимтарин вазифаи мақомоти тафтишотӣ саривақт ва пурра ошкор кардани ҷиноят ва шахси ҷиноят содирнамуда мебошад. Вазифаи дигар ба айбдоршаванда фароҳам овардани чунин шароитест, ки ӯ бо роҳу усулҳои муқаррарнамудаи қонун худро аз айбдории ба вай эълоншуда ҳимоя карда тавонад.

Вазифаи муҳимми дигар аз он иборат аст, ки бояд сабабу омилҳо ва шароити сар задани ҷиноят аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ пурра ошкор шуда, таъсири онҳо бартараф карда шавад. Дар ин маврид бисёр муҳим аст, ки кормандони мақомоти тафтишоти пешакӣ набояд нисбат ба айбдоршаванда ё гумонбар таҳдиду зӯроварӣ ва дигар воситаҳои ғайриқонунии бозпурсиро истифода кунанд, зеро дар чандин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст (масалан, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои маданӣ ва сиёсӣ, Эъломияи зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ғайра), истифодаи шиканҷа аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ манъ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳар яке аз мақомоти тафтиши пешакӣ дар доираи салоҳияти худ ҳамон гурӯҳи парвандаҳои ҷиноятиеро баррасӣ мекунанд, ки қонун махсус барои онҳо муқаррар кардааст. Масалан, ба тобеияти мақомоти прокуратура тафтиши пешакии парвандаҳое дода шудааст, ки дар асоси ҷиноятҳои дар як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ зикршуда оғоз карда шудаанд (масалан, моддаҳои 104-109, 121-124, 127-130, 1301, 131 қисмҳои 2 ва 3, 132, 133, 137, 137(1), 138, 141-164, 168170, 172-178, 183, 185-188, 190, 191, 198, 199, 207-211, 217, 220229, 231, 233, 236, 245 қисми 1, қисми 2 бандҳои «а», «б», «в», 246, 251, 257, 258, 261, 263, 274, 276, 286 қисми 2 ва 3, 287-291, 295-297, 298-304, инчунин, моддаҳои 314-317, 322, 323, агар ин кирдор хусусияти коррупсионӣ надошта бошад, моддаҳои

328-332, 334 (1), 338, 343-365, 368-393, 398-405).

Парвандаҳои ҷиноятие, ки ба мақомоти прокуратура тобеияти тафтишотӣ доранд, аз ҷониби дигар мақомоти тафтишотӣ баррасӣ карда намешаванд, аммо прокурор ҳақ дорад, ки бо мақсади пешбурди пурра ва ҳаматарафаи тафтишот ҳар гуна парвандаро, сарфи назар аз тобеияти тафтишотӣ, таҳти санҷиши мақомоти прокуратура қарор диҳад. Инчунин, прокурор ҳақ дорад, ки ҳар як парвандаи ҷиноятиро, ғайр аз парвандаҳои хусусияти коррупсионидошта, аз як мақоми тафтишотӣ ба дигараш диҳад.

Фаромӯш набояд кард, ки дар сохтори мақомоти прокуратураи Тоҷикистон прокуратураи ҳарбӣ низ амал мекунад. Тафтиши парвандаҳо доир ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони уҳдадории ҳарбидошта ва ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда ё худ аз ҷониби ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вобаста ба адои вазифаи хизматӣ, ё дар қисми ҳарбӣ содир карда шудаанд, ба зиммаи муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ вогузор шудааст.

Реклама