§3.2. ҲУҚУҚИ БУҶЕТӢ

Мувофиқи банди 2 моддаи 2 Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми июни соли 2011, № 723, буҷети давлатӣ фонди асосии маблағҳои пулӣ, шакли ташаккул ва хароҷоти маблағҳои пулии мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва фондҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад; дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва бинобар ин, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо иҷро кунанд.

Ҳамин тавр буҷет ба се маънӣ – моддӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Ба маънии моддӣ буҷет ҳамчун фонди марказонидашудаи захираҳои молиявие фаҳмида мешавад, ки барои пӯшонидани хароҷоти давлатӣ ташкил карда мешавад.

Ҳамчун категорияи иқтисодӣ буҷет маҷмуи муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки бо мақсади ҷамъ овардан, тақсим кардан ва минбаъд истифода бурдани фондҳои марказонидашудаи пулӣ барои амалӣ намудани функсия ва салоҳиятҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ таъин шудааст. Ба маънии ҳуқуқӣ буҷет санади ҳуқуқии асосии молиявӣ, нақшаи молиявии асосии ҷамъоварӣ, тақсим ва истифодаи марказонидашудаи маблағҳои пулии давлат буда, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Муносибатҳое, ки дар соҳаи буҷет ва дар байни субъектҳои он ба вуҷуд меоянд, дар асоси ҳуқуқи буҷетӣ ба танзим дароварда мешаванд. Бинобар ин, ҳуқуқи буҷетӣ аз маҷмуи меъёрҳои молиявии ҳуқуқие иборат мебошад, ки батанзимдарории сохти буҷети давлатро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро доир ба ҷамъоварӣ, тақсим ва истифодаи фондҳои маблағҳои пулӣ ба танзим медарорад. Ҳамин тавр, предмети ҳуқуқи буҷетӣ он муносибатҳои ҷамъиятие шуда метавонанд, ки доир ба ҷамъоварӣ, тақсим ва минбаъд истифода кардани маблағҳои пулии марказонидашуда ва ғайримарказонида шудаи давлатӣ ба вуҷуд меоянд.

Ҳуқуқи буҷетӣ яке аз зерсоҳаҳои ҳуқуқи молиявӣ буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. Чунин муносибатҳо дар ҷараёни барпо намудани манбаъҳои даромад дар байни буҷет ва амалӣ намудани салоҳиятҳои хароҷотии буҷети ҳамаи сатҳҳо, доир ба муайян кардани мақоми иштирокчиёни мурофиаи буҷетӣ, ҳангоми амалӣ намудани тақсимбандии ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, ҳангоми вайрон кардани қонунгузории буҷетӣ ба ҷавобгарӣ кашидан ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Агар чунин муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти молиявии давлатӣ ба вуҷуд оянду аз ҷониби меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ ба танзим дароварда шаванд, он гоҳ онҳо ҳамчун муносибатҳои буҷетӣ эътироф карда мешаванд.

Субъекти ҳуқуқи буҷетӣ гуфта, шахсонеро меноманд, ки дар фаъолияти молиявию буҷетӣ иштирок мекунанд. Шахсони мансабдори давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар тақсими даромад ва хароҷот дар байни буҷетҳои сатҳҳои гуногун иштирок менамоянд, иштирокчиёни мурофиаи буҷетӣ, шахсоне, ки аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун захираҳои молиявиро дар шакли муайяннамудаи қонун мегиранд, инчунин, шахсоне, ки барои вайрон кардани қонунгузории буҷет ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, ба маънии васеъ субъектҳои ҳуқуқи буҷетӣ мебошанд. Хусусиятҳои ҳуқуқи буҷетӣ чунинанд:

а) онҳо дар ҷамъоварӣ, тақсим ва истифодаи захираҳои молиявии буҷетҳои сатҳи гуногуни низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд;

б) яке аз тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқи буҷетӣ, чун қоида, давлат, ҳудудҳои марзиву маъмурӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

в) муносибатҳои буҷетӣ дар доираи вақти муайян, одатан дар доираи соли молиявӣ амал мекунанд.

Низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмуи буҷетҳои дар ҳудуди Тоҷикистон амалкунанда иборат аст. Ба онҳо буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, яъне буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дохил мешаванд. Ҳамин тавр, низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду сатҳи буҷетҳо – ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иборат мебошад. Низоми буҷетӣ ба принсипҳои ягонагии буҷети давлатӣ, фарқи даромаду хароҷот байни сатҳи низоми буҷет, инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷетҳо, тавозуни буҷетҳо, ошкоро будани буҷетҳо, мақсаднок будани таъиноти маблағҳои буҷетӣ ва ғайра асос меёбад.

Буҷети давлатӣ аз қисмҳои даромад ва хароҷот иборат аст, ки ба таври қонунӣ ба буҷетҳои сатҳи муайян мустаҳкам карда шудааст. Тибқи моддаи 10 Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатӣ» буҷети давлатӣ аз даромадҳои андозу ғайриандоз, грантҳо, инчунин, аз воридоти маблағҳои беподош иборат мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети давлатӣ, вобаста ба аҳаммияти иқтисодӣ, ба хароҷоти ҷорӣ ва хароҷоти асосӣ ҷудо мешавад. Хароҷоти ҷорӣ он қисми хароҷоти буҷет аст, ки барои фаъолияти ҷории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фондҳои мақсадноки буҷети муқарраршуда, барои дастгирии сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатӣ, соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ тавассути расонидани кумаки молиявӣ ва мусоидати молиявӣ ба кор бурда мешавад.

Хароҷоти асосӣ барои маблағгузории фаъолияти навоварӣ муқаррар шудааст. Ба хароҷоти асосӣ хароҷоте, ки тибқи барномаҳои сармоягузории тасдиқшуда барои маблағгузории шахсони ҳуқуқии амалкунанда ё нав таъсисёфта таъин шудааст, маблағҳое, ки ҳамчун кредити буҷетӣ барои маблағгузорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дода мешаванд, хароҷоте, ки ба таъмири асосӣ ва хариди воситаҳои асосӣ вобастаанд ва ғайра дохил мешаванд (моддаи 14 Қонун).

Дар танзими муносибатҳои буҷетӣ нақши ҷараёни буҷетӣ хеле калон аст. Ҷараёни буҷетӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчиёни ҷараёни буҷетӣ доир ба таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, инчунин, оид ба назорати иҷрои буҷетҳо, ки тавассути санадҳои қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешаванд. Ҷараёни буҷетӣ аз давраи буҷетӣ иборат аст. Давраи буҷетӣ қариб дуюним сол давом карда, аз таҳияи буҷет то тасдиқи ҳисобот доир ба иҷрои онро дар бар мегирад. Давраи буҷетӣ ба марҳалаҳои зерин ҷудо мешавад: а) таҳияи лоиҳаи буҷет;

б) баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаи буҷет;

в) иҷрои буҷет;

г) таҳия, баррасӣ ва тасдиқи ҳисобот доир ба иҷрои буҷет. Ин марҳалаҳо пайдарҳам якдигарро иваз мекунанд. Буҷет дар давоми як сол амал мекунад. Баробари ба охир расидани соли буҷетӣ, ки аз 1 январ то 31 декабри соли ҷорӣ амал менамояд, ба ивази як буҷет, буҷети дигар меояд. Вале пеш аз он ки буҷети нав амал кунад, он бояд таҳия ва тасдиқ карда шавад. Баъди қабул аз оғози соли нав иҷрои буҷет оғоз меёбад. Аз рӯйи иҷрои буҷет ҳисоботи дахлдор тартиб дода шуда, барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад. Ин ҷараён ҳар сол аз сари нав оғоз меёбад.

САВОЛ СУПОРИШ:

  1. Молияи давлат чӣ маънӣ дорад?
  2. Фаъолияти молиявии давлат чист?
  3. Ҳуқуқи молиявӣ чист?
  4. Дар бораи предмет ва методи ҳуқуқи молиявӣ маълумот диҳед.
  5. Принсипҳои ҳуқуқи молиявиро номбар кунед.
  6. Буҷет ба кадом маъниҳо фаҳмида мешавад?
  7. Ҳуқуқи буҷет чиро меомӯзад?
  8. Дар бораи муносибатҳои буҷетӣ ва хусусиятҳои он маълумот диҳед.
  9. Ҷараёни буҷет чист?
  10. Давраи буҷетӣ ва марҳалаҳои онро номбар кунед.

Реклама